Пайвандҳои дастрасӣ

Видеои шоҳидии гумонбар дар қатли кормандони комиссариат


Акси Умедҷони Амрохон аз навори Вазорати корҳои дохилӣ гирифта шудааст

Акси Умедҷони Амрохон аз навори Вазорати корҳои дохилӣ гирифта шудааст

Нафари гумонбар дар қатлу захмӣ кардани чор корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино мегӯяд, ки ҳодиса ҳангоми ба кор рафтанаш баъд “саломуалейки” ба қавли ӯ одамони ношинос рух додааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 16 ноябр видеои шоҳидии Умедҷони Амрохон, нафари гумонбар дар қатл ва захмӣ кардани чор корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахтро нашр кард. Дар ин навор фарди гумонбар мегӯяд, ин воқеа субҳи 7 ноябр, ҳангоми ба кор рафтанаш иттифоқ уфтоадаст. "Шахсони номаълум омада бо ман салом карданд, онҳо чор нафар буданд. Ҳар чорашро бо корд задам. Ин кордро як моҳ пеш аз бозор харида будам," – шоҳидӣ додааст ӯ дар навор.

Дар ин навори вазорат аз ин бештар суханҳои Умедҷон Амрохон ҷо дода нашудааст ва маълум нест, ки муноқиса дар асоси чӣ рух дода ва оё ӯ дар ин кор танҳо будааст ё ҳамроҳони дигар низ дошт?

Субҳи 7 ноябр дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе (ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ) афроди ношинос бо кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино - лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев, майор Пӯлод Мирзоев, прапоршик Ҳамза Насибов ва ронандаи ҳамин комиссариат Рустам Саъдуллоев вориди муноқиша шуда, онҳоро бо корд маҷрӯҳ

​карданд. Пӯлод Мирзоев ва Ҳамза Насибов бар асари захмҳои бардоштаашон дар ҷои ҳодиса ҷон дода, Темурхон Эгамбердиев ва Рустам Саъдуллоев бо захмҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 13 ноябр аз боздошти гумонбар дар қатл ва захмӣ кардани ин чор корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино хабар дод ва гуфт, ки ин нафар Умедҷони Амрохон, зода ва сокини шаҳри Кӯлоб мебошад. Вазорат мегӯяд, як шарики ӯ дар кофтукоб қарор дорад.

Навори Вазорати корҳои дохилӣ:

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки Умедҷони Амрохон дар натиҷаи бурдани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии кормандони ин ниҳод, рӯзи 13 ноябр боздошт шудааст. Дар иттилоияи вазорат гуфта мешавад, "Умедҷони Амрохон, соли таваллудаш 1994, зода ва сокини шаҳри Кӯлоб буда, ҷинояти мазкурро дар якҷоягӣ бо шарики худ, ки айни ҳол дар кофтуков қарор дорад, содир намудааст. Умедҷони Амрохон дар шаҳри Душанбе муваққатан истиқомат дошта, расман бекор мебошад."

Аммо дар ин хабар исми шарики дуюми гумонбари дастгиршуда далели даст ба қатли кормандони комиссариати низомӣ задани онҳо гуфта намешавад. Танҳо гуфта шудааст, ки "сабаб ва ҳолати содир гардидани ҷинояти мазкур муайян карда мешавад. Нисбат ба далели мазкур паравндаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад."

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қаблан барои пайдо кардани ҳамлагарон аз мардум ёрӣ хоста ва барои маълумоте, ки қотил ё қотилонро фош мекунад, 10 ҳазор доллар ҷоиза эълон карда буд. Ҳамзамон дар торнамои расмии вазорати корҳои дохилӣ як навор аз дурбинҳои назоратии "Шаҳри бехатар" низ нашр шуд, ки гуфта мешуд, ба эҳтимоли зиёд яке аз ҳамлагарон дар он тасвир ёфтааст. Тафтиши ин ҳодисаро додситонии низомии Тоҷикистон ва додситонии ноҳияи Сино пеш мебаранд.

Навори дурбинҳои "Шаҳри бехатар" аз маҳалли ҳамла ба кормандони комиссариати низомии ноҳияи Сино:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG