Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев аз ваколатҳояш даст кашидан мехоҳад


Алмосбек Отамбоев хостори кам кардани ваколатҳояш шуд ва инро гоми аввал дар роҳи гузаштан ба низоми парлумонӣ дар Қирғизистон номид

Сарвари Қирғизистон рӯзи 9 ноябр баъд аз маросими савгандёдкунии аъзои нави ҳукумат дар парлумон изҳор намуд, ки то интихоботи нави президентӣ дар соли 2017 бояд Қирғизистон ба низомии воқеии парлумонӣ гузарад. Жогорку Кенеш, парлумони Қирғизистон бояд ин масъаларо ҳаматарафа омӯзад ва дар робита ба он дар кишвар раъйдиҳӣ гузаронад, таъкид намуд Алмосбек Отамбоев.

Дар суханронӣ дар парлумон раисиҷумҳур изҳор намуд, Қирғизистон аз феҳристи кишварҳои фақир берун шуда ҳоло аз кишварҳои муҳими минтақа аст, ки он ҷо озодиҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум комилан таъминанд.

Аз ин пеш сиёсатмадорони мухолифини давлат мегуфтанд, ки Алмосбек Отамбоев дар садаи густариши ваколатҳои худ ва таҳкими низоми президентӣ дар Қирғизистон аст. Яке аз ин сиёсатмадорон - Омурбек Абдураҳмонов аз мавқеи раисиҷумҳур истиқбол кард. Ба гуфтаи ӯ, то замоне, ки Қирғизистон ба низоми парлумонӣ нагузарад, вазъ беҳтар нахоҳад шуд. Мо барои ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосӣ ҳама талошро ба харҷ медиҳем, ваъда дод ӯ. Омурбек Абдураҳмонов мегӯяд, ҳоло кишварҳое, ки зимом дар дасти раисиҷумҳур аст, рушд намекунанд ва фақат кишварҳои дорои низоми парлумонӣ пеш мераанд.

Мақсад Собиров, вакили парлумони Қирғизистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Алмосбек Отамбоев воқеъан ҳам мехоҳад, ки кишвар ҳарчӣ зудтар ба низоми парлумонӣ гузарад. Баъди ду сол, аниқтараш баъди якуним сол интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор мешавад, ва кӣ президент хоҳад шуд, фақат ба Худованд маълум аст. Аз ин рӯ раисиҷумҳур возеҳ гуфт, ки бояд дар кишвар низоми парлумонӣ ҷорӣ шавад, зеро низоми президентӣ ду бор кишварро ба чӣ ошӯбу балоҳое накашид, изҳор намуд вакили парлумон. Мақсад Собиров афзуд, "фикр мекунам, ки дар сурати тағйирот ба Қонуни асосӣ дар бораи коҳиши ваколатҳои президент шояд баҳори соли 2017 аз нав интихоботи парлумонӣ баргузор шавад".

Аз вакили Жогорку Кенеш пурсидем, ҳоло маълум аст, ки кадом ваколатҳои раисиҷумҳур ба ихтиёри нахуствазир ва парлумон вогузошта мешаванд?

-Аз нигоҳи ман, додситонӣ, вазоратҳои дифоъ ва умури дохила ва кумитаи амнияти миллӣ зери итоати нахуствазир хоҳанд рафт. Ҳоло ин ҳама ниҳодҳои қудратӣ дар ихтиёри раисиҷумҳуранд. Дар робита ба Додгоҳи Олӣ... Раисиҷумҳур ба таври возеҳ гуфт, ки дар ин ниҳод бояд ислоҳот сурат бигирад ва Додгоҳи Олӣ як ниҳоди комилан мустақил шавад.

Ба гуфтаи Мақсад Собиров баъди комилан ба низоми парлумонӣ гузаштан мақоми раисиҷумҳур бештар рамзӣ хоҳад шуд. Шояд парлумон масъулияти сиёсати хориҷиро ҳам бар дӯши раисиҷумҳур гузорад, ҳадс зад ӯ.

Дар ҳамин ҳол бархе аз сиёсатмадорон зери коса нимкоса меҷӯянд ва мегӯянд, ки шояд Отамбоев мехоҳад аз курсии президентӣ ба курсии нахуствазирӣ нишинад ва барои ӯ беҳтар аст, ки баъзе ваколатҳои феълии раисиҷумҳур ба ихтиёри раҳбари ояндаи ҳукумат гузаранд.

Дар Қонуни асосии Қирғизистон омадааст, ки дар кишвар низоми парлумонӣ ҷорист ва аммо дар асл дар кишвар як системи омехтаи президентиву парлумонӣ амал мекунад. Барои тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ бояд назарпурсӣ ё референдум баргузор шавад ва аммо бар пояи Қонуни асосии феълӣ вуруди ҳама гуна тағйирот ба ин санад то соли 2020 манъ шудааст. Дар сурати пурра ба низоми парлумонӣ гузаштани Қирғизистон, раисиҷумҳурро на мардум, балки парлумон интихоб хоҳад кард.

Дар ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ низоми президентӣ ҷорӣ шудааст ва қарор аст Қирғизистон нахустин шуда бо низоми парлумонӣ гузарад. Дар ин низом ҳизби ғолиб дар интихоботи парлумонӣ ҳаққи таъсиси ҳукумат ва таъини нахуствазирро хоҳад дошт. Мақомоти раисиҷумҳур бештар ташрифотӣ аст ва ҳалли масоили мубрами кишвар бар ӯҳдаи нахуствазир вогузошта мешавад.

XS
SM
MD
LG