Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи Бангладеш ба Душанбе омад


Дастаи Бангладеш вориди Душанбе шуд

Дастаи Бангладеш вориди Душанбе шуд

Мунтахаби Бангладеш барои бозӣ бо дастаи миллии футболи Тоҷикистон вориди Душанбе шуд.

Мунтахаби Бангладеш барои бозӣ бо дастаи миллии футболи Тоҷикистон вориди Душанбе шуд.

Дастаи мунтахаби футболи Бангладеш барои бозии сабқати интихобии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2018 муқобили тими миллии Тоҷикистон рӯзи шанбеи 7 ноябр ба Душанбе омад.

Мутахассиси итолиёвӣ Фабио Лопес, сармураббии мунтахаби Бангладеш, ба Душанбе ҳамроҳи худ 23 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар - овардааст. Аксарияти бозигарон – 12 нафар – узви бошгоҳи «Шайх Ҷамол Дҳанмондӣ» мебошанд.

Ҳайати мунтахаби Бангладеш муқобили дастаи Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Муҳаммад Шаҳид-ул-Алам («Шайх Ҷамол Дҳанмондӣ»), Руссел Маҳмуд Литон («Шайх Рассел КрираЧакра»), Ашрафул Ислом Рана (КВ «Муҳаммадан»);

Ҳимоятгарон: Райҳон Ҳасан, Ясин Хан, Муҳаммад Насируддин Човдурӣ, Ямин Аҳмад Човдурӣ Мунна (ҳама — «Шайх Ҷамол Дҳанмондӣ»), Насирул Ислом Носир, Емон Маҳмуд (ҳарду — «Дакка Абаханӣ»), Файзал Маҳмуд («БразерсЮнион»), Валӣ Файзал («Шайх РасселКрира Чакра»), Касто Кумер Бош («Шайх Ҷамол Дҳанмондӣ»);

Нимҳимоятгарон: Мамун-ул-Ислом Мамун, Соҳел Рана, Ҳемонта Винсент Бисвас, Ҷамол Бхуян, Масук Миах Зонӣ (ҳма — «Шайх Ҷамол Дҳанмондӣ»), Шаҳедул Алам Шаҳид («Дакка Абаханӣ»);

Ҳамлагарон: Муҳаммад Токлис Аҳмад, Муҳаммад Шакават Ҳусайн Ронӣ (ҳарду — «Шайх Ҷамол Дҳанмондӣ»), Аминур Раҳмон Саҷиб («Дакка Абаханӣ»), Абдул Батен Моҷумдер Комал, Муҳаммад Набиб Неваҷ Зибон (Team Bangladesh Jute Mills Corporation).

Меҳмонон дар меҳмонхонаи панҷситорадори «Ҳаятт Риҷенсӣ Душанбе» иқомат мекунанд. Имрӯз, 8 ноябр, мунтахаби Бангладеш таҳти раҳбарии Фабио Лопес аввалин тамринашро дар Душанбе, дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, бозии даври ҳафтуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи «В» байни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Бангладеш рӯзи панҷшанбеи 12 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 17:00 шурӯъ мешавад. Нархи билетҳои дараҷаи аввал ба қисми сабз 50 сомонӣ, дараҷаи дувум – 20 сомонӣ ва ба се минбари дигар– шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ –10 сомонӣ муқаррар шудааст.

Мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ муқобили Бангладеш рӯзи шанбеи 7 ноябр шурӯъ кард.МубинЭргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, ба ҳайати даста 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро дохил кардааст. Вале дар бозӣ муқобили мунтахаби Бангладеш легионерҳо – ҳимоятгарон Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон) ва Фарҳод Восиев («Газовик», Русия) ба иллати хориҷшавӣ ширкат намеварзанд.Омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба бозӣ муқобили Бангладеш

Ба мунтахаби Тоҷикистон ду бозигари ҷавон – ҳимоятгарон Табрези Давлатмир ва Алишер Сафаров – даъват шудаанд. Ҳарду дар ҳайати мунтахаби ҷавонони то 19-солаи кишвар ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 роҳхат гирифтаанд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон муқобили Бангладеш:

Дарвозабонҳо: Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»), Алишер Тӯйчиев, Қурбоналӣ Бобоев (ҳарду – «Истиқлол»);

Ҳимоятгарон:Далерҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ»), Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров (ҳарсе – «Истиқлол»), Табрези Давлатмир, Алишер Сафаров (ҳарду – «Вахш»), Ҳасан Рустамов, Соҳиб Ҳакимов (ҳарду – «Хуҷанд»);

Нимҳимоятгарон:Ҷаҳонгир Алиев («Хуҷанд»), Нозим Бобоҷонов, Фаридун Шарифов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Хуршед Маҳмудов, Парвизҷон Умарбоев, Умедҷон Шарифов (ҳама – «Истиқлол»);

Ҳамлагарон:Манучеҳр Ҷалилов, Дилшод Восиев (ҳарду аз "Истиқлол"), Комил Саидов ("Регар-ТадАЗ"), Аҳтам Ҳамроқулов ("Хуҷанд").

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “В”

Баъди натиҷагирии даври шашуми мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи «В» мунтахаби Урдун бо 13 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Австралия, қаҳрамони феълии Осиё, бо 9 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Мунтахаби Қирғизистон бо 8 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон бо 2 имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Мунтахаби Бангладеш бо як имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудааст.

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Урдун

5

4

1

0

12-1

13

2

Австралия

4

3

0

1

10-3

9

3

Қирғизистон

5

2

2

1

8-5

8

4

Тоҷикистон

5

0

2

3

4-12

2

5

Бангладеш

5

0

1

4

2-15

1

ҶҶ-2018. Сабқати интихобӣ. Марҳилаи дувум

Гурӯҳи «В»

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

Тоҷикистон — Бангладеш

Австралия — Қирғизистон

Даври 8-ум

17 ноябр (сешанбе)

Бангладеш — Австралия

Қирғизистон — Урдун

Даври 9-ум

24 март (панҷшанбе)

Австралия - Тоҷикистон

Урдун — Бангладеш

Даври 10-ум

29 март (сешанбе)

Тоҷикистон - Қирғизистон

Австралия — Урдун

XS
SM
MD
LG