Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон шуд


​Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе қаҳрамони чаҳоркаратаи футболи Тоҷикистон гардид.

Дастаи футболи "Истиқлол"-и Душанбе барои бори чаҳорум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт. Баъди он ки рӯзи 1 ноябр дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар даври 16-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ дар меҳмонӣ аз бошгоҳи ССКА "Помир"-и Душанбе бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд, “Истиқлол” барои рақибонаш дастнорас шуд ва пешакӣ мақоми аввалро соҳиб гашт.

“Истиқлол”, ки бо 43 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми аввал қарор дорад, сарфи назар аз натоиҷи се бозии боқимонда муқобили «Барқи тоҷик», «Равшан» ва «Хуҷанд»,медалҳои тиллои мусобиқотро азони худ кард.

“Хуҷанд” барои дарёфти ҷойи дувум ва медалҳои нуқра мудааии аслӣ маҳсуб мешавад. Барои ҷойи севум ва медалҳои биринҷӣ се даста – “Равшан”, “Хайр” ва “Регар-ТадАЗ” - талош доранд.

Дар даври 16-ум “Равшан” дар майдони худ бар “Вахш” бо ҳисоби 3:0 ва “Хайр” бар дастаи меҳмон – “Далерон-Ӯротеппа” – бо ҳисоби 2:0 пирӯзӣ ба даст оварданд.

Бозии охирини даври 16-ум рӯзи 2 ноябр байни дастаҳои «Барқи тоҷик» — «Регар-ТадАЗ» дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 15:00 шурӯъ мешавад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 16-ум

«Хайр» — «Далерон-Ӯротеппа» — 2:0

«Равшан» — «Вахш» — 3:0

ССКА «Помир» — «Хуҷанд» — 3:2

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

15

14

1

0

58-2

43

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

16

11

3

2

32-14

36

3

«Равшан» (Кӯлоб)

15

9

2

4

34-24

29

4

«Хайр» (Ваҳдат)

16

8

4

4

20-23

28

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

15

7

6

2

21-11

27

6

ССКА «Помир» (Душанбе)

16

7

2

6

13-16

23

7

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

16

3

3

10

15-27

12

8

«Барқи тоҷик» (Душанбе)

15

3

2

10

12-25

11

9

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

16

2

4

10

6-30

10

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

16

0

1

15

4-42

1

Нишонзанҳо: Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 18 тӯб, Ҳусейни СУҲРОБӢ («Равшан») – 15 тӯб, Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ («Истиқлол»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ») – 8-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG