Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

31-уми октябр соати 16:00. Финали Ҷоми AFC-2015 дар Душанбе


Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия 31 октябр соати 16:00 шурӯъ мешавад.

Бозии ниҳоии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2015 байни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия рӯзи шанбеи 31 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 16:00 оғоз меёбад. Дар ин бора бошгоҳи футболи “Истиқлол” дар торнамои худ хабар додааст.

Маблағи ҷавоизи Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) - мусобиқаи аз рӯи моҳият дувуми бошгоҳии Осиё - 600 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб 350 ҳазор доллар ва ба дастаи финалист 250 ҳазор доллар супурда мешавад.

Доварони бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2015 байни “Истиқлол” ва «Ҷоҳор Дарул Такзим» аз Ҷопон мебошанд. Довари ФИФА Тоҷо Миноруи 39-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ҳамватанони ӯ, ёварони довари ФИФА – Наги Тошиюкии 44-сола ва Очи Синдзии 40-сола ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Довари ФИФА Ииду Юмпеи 34-сола вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Хонӣ Толиб Сафар аз Қатар нозири доварон ва Йен Мун Чун аз Ҳонконг комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.

Ёдовар мешавем, Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA) рӯзи 16 октябр Ассотсиатсияи футболи Кувайтро аз ҳамаи мусобиқоти байнулмилалӣ хориҷ кардааст. Сабаби хориҷ шудани ин созмон дахолати ҳукумати Кувайт ба корҳои ташкилоти варзишӣ мебошад.

Ба иллати хориҷ шудани дастаҳои миллии Кувайт, бошгоҳҳои ин кишвар наметавонанд дар мусобиқоте, ки таҳти сарпарастии Федератсияи байнулмилалии футбол ва Конфедератсияи футболи Осиё доир мешаванд, ширкат варзанд.

Бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми AFC-2015, ки дар назар буд дар онҳо рӯзҳои 20-21 октябр дастаҳои «Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия) — «Ал-Қодсия» (Кувайт) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон) — КВ «Кувайт» (Кувайт) рақобат кунанд, лағв шуданд.

Ба ин тартиб, «Истиқлол» ва «Ҷоҳор Дарул Такзим» пешакӣ ба бозии ниҳоии Ҷоми AFC роҳ ёфтанд.

“Истиқлол”, ки барои аввалин бор дар Ҷоми AFC ширкат меварзад, дар таърихи футболи тоҷик боз як саҳифаи тоза кушод. Ягон дастаи дигари Тоҷикистон дар ин мусобиқаи пурнуфуз, ки аз ҷиҳати моҳият ҳамчун мусобиқаи бошгоҳӣ дар Осиё дувум аст, ба чунин дастовард мушарраф нашудааст.

“Истиқлол” нахуст аз сабқати гурӯҳӣ ба даври баъдии Ҷоми AFC роҳ ёфт. Сипас ба ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ ноил шуд. Дар бозии аввали ниманиҳоӣ дар меҳмонӣ аз бошгоҳи “Кувайт” бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд ва ба бозии ҷавобӣ дар майдони худ омодагӣ медид. Вале тасмими FIFA ва AFC ба нафъи “Истиқлол” шуд ва қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон бидуни бозии ҷавобии ниманиҳоӣ ба бозии ниҳоии Ҷоми AFC роҳ ёфт.

XS
SM
MD
LG