Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти писари раиси машҳур бо "ташаббусҳои аҷиб"


Акси Саъдулло Бекназарзода
Акси Саъдулло Бекназарзода

​Оҷонсии мубориза бо коррупсия мегӯяд, ки писари Саъдулло Бекназарзода -- раиси собиқи ноҳияи Қубодиёнро ба иттиҳоми талаби 10 ҳазор доллар “пора” аз як сокини Хатлон боздошт кардаанд.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Хатлон аз боздошти Сироҷ Бекназаров -- сардори бахши мубориза бо маводи мухаддири Шӯъбаи корҳои дохилии Ёвон ва писари раиси собиқи ноҳияи Қубодиён ба иттиҳоми “порагирӣ” хабар дод.

Сайфулло Раҳматуллоев, корманди Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Хатлон, дар сӯҳбат ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, Бекназаров аз як сокини Ёвон, ки аз ӯ танҳо "Б" ном бурда мешавад, барои раҳоии шавҳараш "Х" аз боздошт даҳ ҳазор доллар талаб кардааст. Ба қавли Раҳматуллоев, шаҳрванд “Х” ба гумони қочоқи маводи мухаддир дастгир шуда, дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.

"Вай аз ин 10 ҳазор доллар 12 ҳазор сомонӣ ва 200 доларро гирифта, боз 8 ҳазор доллари дигар талаб намудааст. Сироҷ Бекназаров баъд аз корҳои ҷустуҷӯӣ-фаврӣ боздошт шуда, ҳоло дар боздоштгоҳ ба сар мебарад," -- афзуд мусоҳиби мо.

Дар Шӯъбаи корҳои дохилии Ёвон низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ карданд.

Ҳоло ба муқобили Сироҷ Бекназаров бар асоси моддаи 319, қисми 4, банди "г"-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "гирифтани пора ба миқдори калон аз ҷониби шахси мансабдор ва шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул ё коғазҳои қиматнок" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 7 то 12 солро бо мусодираи амвол, маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати панҷ сол дар назар дорад.

Саъдулло Бекназарзода дар моҳи январи соли 2013 ба ҷои Абдулмӯъмин Улфатов иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён таъин шуда, моҳи январи соли ҷорӣ аз ин мақом барканор гардид ва ҳоло бознишаста аст. Ҷаноби Бекназарзода аз ҷумлаи камшумор раҳбарони ноҳияҳо буд, ки бинобар бархе ибтикороташ, мавриди таваҷҷӯҳи расонаҳои ахбори ом қарор мегирифт.

Аз ҷумла ҳамагӣ ду моҳ баъд аз таъин шуданаш дар мақоми раиси ноҳияи Қубодиён, дар яке аз ҷаласаҳои ҳукуматӣ ба фаъолони ҷомеа хитоб карда гуфт, ки "пайвастан ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ барои ҳар як ҷавони солим шарти ҳатмист ва беҳтар аст онҳо танҳо пас аз адои ҳарбӣ барои издивоҷ тасмим гиранд".

Дар замони раҳбарии ӯ, ҳукумати ноҳияи Қубодиён аз як усули дигари ҷалби довталабонаи ҷавонон ба артиши миллӣ кор мегирифт. Ҳукумат ба сокинони маҳаллӣ, асосан волидон ваъда медод, ки агар писари болиғашонро довталабона ба комиссариатҳои ҳарбӣ барои пайвастанаш ба сафи артиши Тоҷикистон таслим кунанд, онҳо дар навбати аввал ба зиёрати Ҳаҷ фиристода хоҳанд шуд. Аз ташаббусҳои дигари замони раҳбарии Бекназарзода дар Қубодиён, ин буд, ки бо фармони ӯ сарпарастии 60 кӯдаки ятимро ба 60 нафар аз мансабдорон ва афроди доро супурданд, ки то хатми мактаби миёна аз сарпарастони худ кумаки молӣ мегиранд ва ҳатто дар вақти ба донишгоҳ дохил шудан ва арӯсиашон низ аз ҳиммати ҳомиёнашон бархӯрдор хоҳанд буд.

Аммо баъд аз барканории ӯ аз мақоми раиси ноҳияи Қубодиён ва дур шуданаш аз корҳои давлатӣ бародарзодааш Хуршед Бекназаров ба ҷурми ришватситонӣ ва фурӯши замин барои 9 солу 7 моҳ равонаи зиндон гардид. Хуршед Бекназаров аз кормандони пешини идораи замини ноҳияи Ёвон буд. Вале Саъдулло Бекназарзода то ҳоло боздошти писару зиндонӣ шудани бародарзодаашро шарҳ надода, дар робита ба ин қазияҳо изҳори назар накардааст.

XS
SM
MD
LG