Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Ироқ бар Молдив дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё


Мунтахаби ҷавонони футболи Ироқ дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 тими Молдивро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод.

Дар даври дувуми сабқати интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2016 байни ҷавонони синашон зери 19-сола дар гурӯҳи «F», ки рӯзи 3 октябр дар Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор шуд, мунтахаби Ироқ бар тими Молдив бо ҳисоби бузурги 5:0 пирӯзӣ ба даст овард.

Бозӣ комилан бо бартарии ироқиҳо сурат гирифт. Ҳисобро дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 10-ум, Алаа Аббос кушод. Голи дувумро Амир Сабоҳ дар дақиқаи 14-ум ба ҳадаф расонд. Муҳаммад Ҳасан голи севумро дар дақиқаи 27-ум зад. Дар дақиқаи 38-ум голи чаҳорумро боз ҳам Алаа Аббос, беҳтарин нишонзани ироқиҳо, ба дарвозаи мунтахаби Молдив равона кард. Ҳамин тариқ, нимаи аввали дидор бо ҳисоби 4:0 ба фоидаи мунтахаби ҷавонони Ироқ хотима ёфт.

Дар қисми дувуми бозӣ ироқиҳо ба дарвозаи молдивиҳо боз як голи дигар зада, бозиро бо ҳисоби бузурги 5:0 ба нафъи худ анҷом доданд. Голро Муҳаммад Ҳасан дар дақиқаи 51-ум зад.

Ёдовар мешавем, дар бозии аввалин, ки 2 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе байни дастаҳои мунтахаби Баҳрайн ва Молдив сурат гирифт, баҳрайниҳо бо ҳисоби бузурги 4:0 ғолиб омаданд. Ду голро дар нимаи аввали бозӣ Муҳаммад Ҷасим (дақиқаи 25-ум) ва Талал Алӣ (дақиқаи 26-ум) заданд. Ду голи дигарро Муҳаммад Ҷасим дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 81-ум ва Сайид Аҳмад Муҳаммад дар дақиқаи 89-ум ба самар расонданд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 2 октябр дар нахустин бозиаш дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 аз тими Ироқ бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Ҳисобро дар дақиқаи сеюми бозӣ Алаа Аббос боз кард. Голи дувуми ироқиҳоро Ҷасим Муҳаммад дар дақиқаи 81-ум ба ҳадаф расонд.

Бозии даври дувуми мусобиқа миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Баҳрайн рӯзи якшанбеи 4-уми октябр соати 18:00 шурӯъ мешавад.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии се бозии сабқати интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2016 байни ҷавонони синашон зери 19-сола дар гурӯҳи «F» мунтахаби Ироқ бо 6 имтиёз пешсаф аст. Дастаи Баҳрайн, ки як бозӣ кам кардааст, бо 3 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. Вале тимҳои Тоҷикистону Молдив имтиёз ба даст наовардаанд.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки танҳо як бозӣ кардааст, ҳоло шонси ба қисми ниҳоии мусобиқа баромаданро аз даст надодааст. “Бинобар ин дар ду бозии боқимонда бо дастаҳои Баҳрайну Молдив мекӯшем, ки муваффақ шавем”, - иброз дошт Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ баъди шикаст аз тими Ироқ.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мухлисон ҳамаи бозиҳои сабқати интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2016 байни ҷавонони синашон зери 19-соларо дар гурӯҳи «F» дар Душанбе ройгон тамошо мекунанд.

Бозиҳои ин мусобиқаро, ки дар Душанбе то 6 октябр идома меёбад, чаҳор довари ФИФА – Пратап Сингх (Ҳиндустон), Алӣ Шаъбон (Кувайт), Нивон Робеш Гаминӣ ва Ашантха Приядхаршана Диас Понхен Хадига (ҳарду – Шри-Ланка), инчунин панҷ ёвари довари ФИФА – Санҷива Премалал Веллабада, Иран Удаякантха Локу Кастходаҷе, Параккрама Хематхунга Дени Гедара Палитха (ҳама – Шри-Ланка), Алӣ Беҳзод (Кувайт) ва Абдулло Ал-Шаммахӣ (Умон) ҳакамӣ мекунанд.

Нозири доварон Исмоил Иброҳим Сафирӣ аз Эрон, комиссарони бозиҳо Муҳаммад Сайфуддин Бин Абу Бакар (Малайзия) ва Солеҳ Абдулло Муҳаммад Ал-Форсӣ (Умон) мебошанд.

Қисми ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни бозигарони синашон зери 19-сола соли 2016 дар Баҳрайн барпо мегардад. Ба даври ниҳоӣ ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва 5 мунтахаб аз рӯи беҳтарин нишондодҳо байни тимҳои ҷойҳои дувумро ишғолкарда роҳ меёбанд.

Агар мунтахаби ҷавонони Баҳрайн дар гурӯҳи “F” мақоми аввалро касб кунад ва ё дар байни панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дувумро ишғолкарда ҷойгир шавад, он гоҳ дастаи беҳтарини шашум аз ҳисоби тимҳои ҷойҳои дувумро ишғолкарда шонздаҳумин ширкаткунандаи чемпионати Осиё-2016 мешавад.

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «F»:

Даври 1-ум

2 октябр (ҷумъа)

Баҳрайн – Молдив – 4:0

Ироқ – Тоҷикистон – 2:0

Даври 2-юм

4 октябр (якшанбе)

Молдив – Ироқ – 0:5

18:00 – Тоҷикистон – Баҳрайн

Даври 3-юм

6 октябр (сешанбе)

15:00 – Ироқ – Баҳрайн

18:00 – Молдив – Тоҷикистон

XS
SM
MD
LG