Пайвандҳои дастрасӣ

«Истиқлол»-и Душанбе дар бозии ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон бар “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.

Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон тими “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Ин бозӣ рӯзи ҷумъаи 25 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо ҳузури 7 ҳазор тамошобин баргузор шуд.

Ду голро дар нимаи аввали бозӣ Зиёвуддин Фузайлов (дақиқаи 20-ум) ва Хосе Баллестер (дақиқаи 41-ум) ба самар расонданд. Голи севуми “Истиқлол”-ро Аҳтам Назаров дар замони изофӣ (90+2) ба дарвозаи мизбонон ворид кард.

Ба ин тартиб, “Истиқлол”, ки аз рӯи натоиҷи ду бозӣ бар “Равшан” бо ҳисоби умумии 10:0 пирӯзӣ ба даст овард, барои шашумин бор ба финали Ҷоми Тоҷикистон баромад. Рақиби “Истиқлол” дар бозии ҷавобии ниманиҳоӣ байни дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва ССКА «Помир»-и Душанбе, ки 1 октябр дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода барпо мегардад, маълум хоҳад шуд. Бозии аввали ниманиҳоӣ миёни ин дастаҳо дар Душанбе бо ҳисоби 0:0 хотима ёфта буд.

Ҷоми Тоҷикистон. 1/2 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

«РАВШАН» — «ИСТИҚЛОЛ» — 0:3

Голҳо: Зиёвуддин Фузайлов, 20 (0:1). Хосе Баллестер, 41 (0:2). Аҳтам Назаров, 90+2 (0:3).

«Равшан» (Кӯлоб): Амирҷон Ҳоҷимуродов, Саидхони Амрохон, Мӯсо Содиқ, Сайидамири Сайидаҳмад, Акуффо Гершон, Суннатулло Холов, Бахтиёр Қаландаров, Наврӯз Рустамов, Абдурасул Раҳмонов, Музаффар Назаров (Абдураҳмон Нозимов, 46), Зокир Абдулхайров.

«Истиқлол» (Душанбе): Қурбоналӣ Бобоев, Хосе Баллестер, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Петро Ковалчук, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Нуриддин Давронов (Сиёвуш Асроров, 46), Умедҷон Шарифов, Аҳтам Назаров, Зиёвуддин Фузайлов (Амирҷон Сафаров, 46), Бледа Родригес (Манучеҳр Ҷалилов, 77), Ромиш Ҷалилов (Парвизҷон Умарбоев, 75).

Огоҳонида шуданд: Наврӯз Рустамов, Абдурасул Раҳмонов, Бахтиёр Қаландаров («Равшан»), Зиёвуддин Фузайлов, Умедҷон Шарифов («Истиқлол»).

Бозигари беҳтарини ин бозӣ: Хосе Баллестер («Истиқлол»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

25 сентябр. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 7000 тамошобин.

Бозии аввал – 0:7.

Ҷоми Тоҷикистон. Бозии ҷавобии ниманиҳоӣ

1 октябр (панҷшанбе)

Оғози бозӣсоати 15:30

«РЕГАР-ТАДАЗ» — ССКА «ПОМИР»

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Шаҳри Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG