Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон аз роҳхат ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё бенасиб монд


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 маҳрум шуд.

Дастаи мунтахаби футболбозони синашон то 16-солаи Тоҷикистон дар бозии охирини сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 дар гурӯҳи “С” рӯзи якшанбеи 20 сентябр дар шаҳри Доҳаи Қатар бар тими мизбон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Голи ягонаро ба дарвозаи қатариҳо Зиёвуддин Фузайлов дар дақиқаи 82-юми бозӣ ба самар расонд.

Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар бозӣ муқобили мунтахаби Қатар чунин буд: Далер Азизов, Султонҷон Мирзоев, Ҳусейн Нурматов, Далер Ёдгоров (капитан, Аваз Қамчинов, 46 ), Шаҳром Абдуллоев, Зиёвуддин Фузайлов, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Искандар Солиев (Мубинҷон Муъминов, 46), Шервонӣ Мабатшоев, Фаридун Неъматов, Амир Иброҳимов (Саидмухтор Азимов, 70).

Мунтахаби Тоҷикистон, ки дар бозии нахустинаш аз тими Ироқ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда буд, дар бозии дувумаш бар тими Туркманистон бо ҳисоби бузурги 5:1 ғолиб омад. Дар бозии дигари даври охирини гурӯҳи “С” шаби якшанбеи 20 сентябр мунтахаби наврасони Ироқ бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби бузурги 5:0 ғалаба кард.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи “С” Ироқ бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Тоҷикистон бо 6 имтиёз дувум шуд. Дастаи Қатар бо 3 имтиёз дар мақоми севум ва мунтахаби Туркманистон, ки ҳарсе бозиашро бохт, бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифтанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи “С”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Ироқ

3

3

0

0

9-1

9

2

Тоҷикистон

3

2

0

1

7-4

6

3

Қатар

3

1

0

2

5-2

3

4

Туркманистон

3

0

0

3

1-15

0

Аз ин гурӯҳ танҳо мунтахаби Ироқ ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки соли 2016 дар Ҳиндустон баргузор мешавад, роҳ ёфт.

Ҳамин тариқ, ба қисми ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё 11 дастаи ғолиби гурӯҳҳои интихобӣ – Узбакистон (“А”), Умон (“В”), Ироқ (С”), Арабистони Саудӣ (“D”), Эрон (“Е”), Кувайт (“F”), Малайзия (“G”), Кореяи Шимолӣ (“H”), Кореяи Ҷанубӣ (“I”), Австралия (“J”), Ҷопон (“K”) ва 4 дастае, ки аз рӯи нишондодҳояшон байни тимҳои дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дувумро ишғолкарда беҳтаринанд – Ветнам (“J”), Тайланд (“H”), Имороти Муттаҳидаи Араб (“D”) ва Непал (“B”), инчунин мунтахаби Ҳиндустон (“E”) ҳамчун мизбони мусобиқаи ниҳоӣ, роҳхат гирифтанд.

XS
SM
MD
LG