Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Истиқлол” барои рӯёрӯӣ бо "Паҳанг" ба Малайзия рафт


“Истиқлол”-и Душанбе субҳи имрӯз, 12 сентябр, ба Малайзия сафар кард.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони секарарати Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 12 сентябр, барои бозии ҷавобии чаҳорякниҳоии Ҷоми АФК-2015 бо тими “Паҳанг” ба Малайзия сафар кард.

Чунонки торнамои бошгоҳи футболи “Истиқлол” хабар додааст, даста тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Дубай – Куала-Лумпур – Куантан дар муддати як шабонарӯз ба Малайзия мерасад.

Ба бозӣ муқобили «Паҳанг» сармураббии “Истиқлол” Мубин Эргашев бо худ 16 бозигар – 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 2 ҳамлагарро гирифтааст.

Ёдовар мешавем, бозии аввали чаҳорякниҳоии Ҷоми АФК байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Паҳанг», ки 26 август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби бузурги 4:0 ба анҷом расида буд.

Бозии ҷавобӣ 16 сентябр дар варзишгоҳи Дорулмакмури Куантан соати 20:45 ба вақти маҳаллӣ (соати 17:45 – ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад. Ғолиби ин ҷуфт дар бозии нимфиналӣ бо ғолиби ҷуфти “Кувайт”-и Кувайт – “Китчӣ”-и Ҳонконг рӯзҳои 30 сентябр ва 21 октябр рақобат мекунад.

Ҳайати “Истиқлол”:

Дарвозабонҳо: Никола Стошич, Алишер Тӯйчиев;

Ҳимоятгарон: Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Аҳтам Назаров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Эраҷ Раҷабов;

Нимҳимотягарон: Нуридддин Давронов, Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Парвизҷон Умарбоев, Ромиш Ҷалилов, Дилшод Восиев;

Ҳамлагарон: Бледа Родригес, Манучеҳр Ҷалилов.

Сармураббӣ: Мубин Эргашев.

Ҷоми AFC-2015

Чаҳорякфинал. Бозиҳои аввал

25 август (сешанбе)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Ал-Ҷайш» (Сурия) – 3-0

«Ҷоҳор Дорул Такзим» (Малайзия) – «Саут Чайна» (Ҳонконг) – 1-1

26 август (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Паҳанг» (Малайзия) – 4-0

КВ «Кувайт» (Кувайт) – «Китчӣ» (Ҳонконг) - 6-0

Чаҳорякфинал. Бозиҳои ҷавобӣ

15 сентябр (сешанбе)

«Ал-Ҷайш» (Сурия) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

«Саут Чайна» (Ҳонконг) – «Ҷоҳор Дорул Такзим» (Малайзия)

16 сентябр (чоршанбе)

«Паҳанг» (Малайзия) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Китчӣ» (Ҳонконг) – КВ «Кувайт» (Кувайт)

Нимфинал. Бозиҳои аввал

29 сентябр (сешанбе)

Ғолиби ҷуфти «Ал-Қодсия»/«Ал-Ҷайш» — Ғолиби ҷуфти «Ҷоҳор Дорул Такзим»/«Саут Чайна»

30 сентябр (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти КВ «Кувайт»/«Китчӣ» — Ғолиби ҷуфти «ИСТИҚЛОЛ»/«Паҳанг»

Нимфинал. Бозиҳои ҷавобӣ

20 октябр (сешанбе)

Ғолиби ҷуфти “Ҷоҳор Дорул Такзим»/«Саут Чайна» — Ғолиби ҷуфти «Ал-Қодсия»/«Ал-Ҷайш»

21 октябр (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти «ИСТИҚЛОЛ»/«Паҳанг» — Ғолиби ҷуфти КВ «Кувайт»/«Китчӣ»

Финал

31 октябр (шанбе)

XS
SM
MD
LG