Пайвандҳои дастрасӣ

Бозтоби рӯйдодҳои ахир дар дохил ва беруни Тоҷикистон


Амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода дар Ромит идома дорад

Амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода дар Ромит идома дорад

​Намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон изҳори умед мекунанд, ки нооромиҳои ахири кишвар ҳарчӣ зудтар бо талафоти ҳарчӣ камтар пушти сар шаванд.

Рӯйдодҳои ахир ва дигарбора баланд шудани садои тир ва нооромиҳо дар Тоҷикистон аҳзоби сиёсии кишварро нигарон сохтааст.

Аҳзобу созмонҳои сиёсии тарафдори ҳукумат даргириҳои ахир бо гурӯҳи мусаллаҳи генерал-майор Абдуҳалим Назарзодаро маҳкум мекунанд.

Усмон Солеҳ, сухангӯи ҳизби ҳокими халқӣ-демократии президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7 сентябр гуфт, онҳо ҳаводиси ахирро ҳамчун амали террористӣ баҳо медиҳанд ва шадидан маҳкум мекунанд: “Болои ин, нооромиҳои ахир дар арафаи иди истиқлоли Тоҷикистон ва аз тарафи афсарони баландпояе, ки қасами ҳарбиашонро зери пой

Усмон Солеҳ

Усмон Солеҳ

карданд, рух доданд. Мо мебинем, ки мардум низ аз онҳо дастгирӣ накард. Дар шароити Тоҷикистон, ки давлати демократист, тамоми шароит барои изҳори назар ва фаъолияти сиёсӣ фароҳам аст ва даст ба силоҳ бурдан ба хотири кадом ғараз ё ҳадафе сазовори шадидтарин маҳкумият аст.”

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон низ рӯзи 7 сентябр дар ҷаласаи раёсаташ муроҷиатномае ба номи мардум қабул кард, ки дар он ҳамлаҳои охирро ҳамчун “воқеаҳои манфур” ва “амали террористӣ” қотеона маҳкум кард. Исмоил Талбаков, муовини раиси ҳизб ба Озодӣ гуфт, коммунистҳо дар ин изҳорот ҳамчунин аз мардум хостаанд, ки “дар чунин ҳолати ҳассос дар атрофи раҳбарияти кишвар боз ҳам бештар муттаҳид гарданд.”

Дар ҳамин ҳол, Шокирҷони Ҳаким, муовини раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, дар атрофи қазияи исёни генерал Абдуҳалим Назарзода суолҳои зиёде бепосух боқӣ мемонанд: “Агар як асоси хурде барои пайвастани ин гурӯҳ бо “Давлати исломӣ” ё гурӯҳҳои дигари мазҳабӣ пайдо мешуд, мақомот онро кайҳо истифода

Шокирҷони Ҳаким

Шокирҷони Ҳаким

мекарданд. Азбаски маълумот дар инбора якҷониба дода мешавад, ин ҳам то ҳол рӯшан нест, ки ин генерал чаро ҳама дороияшро партофта, даст ба балво задааст?”

Ӯ афзуд, ин ҳодиса метавонад дастаки хубе барои боз ҳам афзудани хароҷоти барномаҳои амниятии ҳукумат шавад, вале Шокирҷони Ҳаким мегӯяд, ӯ фикр намекунам, ки ин бӯҳрон дер давом кунад, зеро “ҷомиаи имрӯзаи Тоҷикистон ба мисли ибтидои солҳои 1990 ба ҷабҳаҳои муқобил ва оштинопазир ҷудо нашудааст.”

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон низ дар изҳороте муовини собиқи вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзодаро “хоини миллат” ва “носипос” номида, амалҳои ӯву тарафдоронашро ҳамчун “рафтори ноҷавонмардона” сахт маҳкум кардааст. Дар ин изҳорот ҳамчунин омадааст, ки “мо пешвои миллатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дӯст медорем ва дар атрофи сиёсати созандаи ҳукумат ҳамчун занҷири пӯлодӣ ба ҳам пайваст боқӣ мемонем.”

Аҳмадшоҳи Комилзода, муовини раиси ҳизби демократи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ изҳори умед кард, ки ин нооромиҳо ҳарчӣ зудтар ва бо талафоти ҳарчӣ камтар пушти сар шаванд: “Ҳар гуна нооромӣ дар кишвар мояи нигаронии мардум ва гурӯҳҳои гуногуни ҷомиа мешавад. Вале заминаҳои сар задани ин нооромиҳо, заминаҳои пайдо шудани чунин вазъи нохуш низ мардумро маҷбур мекунад, ки ба ин ҳама биандешад. Ҳеҷ кас интизор надошт, ки вазъият якбора чунин муташанниҷ мешавад дар Тоҷикистон. Умедвории мо ин аст, ки ҳукумат як роҳи ҳалли дурусттаре пайдо кунад, то одамон дар ин гирудорҳо камтар талаф шаванд ва ин нооромиҳо низ зудтар пушти сар шаванд.”

Аммо назарҳо аз беруни Тоҷикистон ба ҳаводисе, ки инҷо мегузарад, каме фарқ мекунанд. Бархе аз расонаҳо нооромиҳои ахири ин кишвари Осиёи Марказиро талоши исён алайҳи ҳукумати кунунии Эмомалӣ Раҳмон ном мебаранд.

Марат Имонқулов

Марат Имонқулов

Марат Имонқулов, дабири собиқи Шӯрои амнияти Қирғизистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, вақте низомиёни вазорати дифоъ ё корҳои дохила ба даст силоҳ мегиранд, “ман инҷо терроризмро намебинам. Дар пушти исёни раҳбарони мақомоти интизомӣ метавонад далелҳои комилан дигар пинҳон бошад. Чунин амали мансабдорони баландпояро метавон ҳамчун мубориза бо режими кунунӣ маънидод кард. Аммо дар Тоҷикистон онро амали террористӣ мехонанд. Амали террористӣ алайҳи кӣ? Алайҳи мардуми осоишта? Ин ҳама суолҳои зиёдеро халқ мекунад. Магар муовини вазири дифоъ ҳамроҳ бо террористҳо исён бардоштааст?”

Эдвард Лемон, муҳаққиқи масоили Тоҷикистон дар донишгоҳи Эксетери Бритониё дар сӯҳбат бо ББС гуфтааст, “сарфи назар аз нигаронии мақомоти Тоҷикистон аз таҳдиди тундгароии исломӣ, дар асли тақрибан ҳамаи муноқишаҳои ахир дар ин кишвар на ба мазҳаб, балки бештар ба баҳсу мунозираҳои байни сиёсатмадорони маҳаллӣ рабт доранд.”

Рӯзи 4 сентябр мақомоти Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои мусаллаҳона ба шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии вазорати дифоъ дар Душанбе хабар доданд. Ба дунбол эълон шуд, ки раҳбарии ҳамлагаронро генерал-майор Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ-Ҳалим бар дӯш доштааст. Худи ҳамон рӯз Назарзода бо қарори ҳукумат ба сабаби "содир кардани ҷиноят” аз мақоми муовини вазири дифоъ барканор карда шуд. Мақомот то имрӯз дар бораи ҳалокати 17 тан аз афроди Ҳоҷӣ Ҳалим ва боздошти 56 тани онҳо хабар додаанд. Амалиёти муштараки нерӯҳои вазорати корҳои дохила ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон алайҳи ин гурӯҳ дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат 4 рӯз боз идома дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG