Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусодираи силоҳҳои шикорӣ дар остонаи ҷашни истиқлол


​Мақомоти Узбакистон аз ҳамаи шикорчиёни он кишвар тақозо кардаанд, ки силоҳҳояшонро супоранд. Онҳо гуфтаанд, ин силоҳҳоро баъди 5 сентябр ба соҳибонашон бармегардонанд.

Дар остонаи таҷлил аз ҷашни истиқлоли Узбакистон асосан аз шикорчиёни шаҳри Оҳангарон (Ангрен)-и вилояти Тошканд тақозо шудааст, ки силоҳҳои шикорияшонро ба Шӯъбаи наздиктарини пулис бурда супоранд. Манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯянд, ки мақомот ба шикорчиён таъкид кардаанд, агар ин кор бо оромиш ва хоҳиши худи шикорчиён сурат нагирад, маҷбуранд аз зӯр истифода кунанд. Ба шикорчиён ваъда шудааст, ки силоҳи онҳоро баъди 5 сентябр, яъне пас аз ҷашни истиқлоли Узбакистон, бармегардонанд.

Узбакистон ҳамасола дар айни таҷлил аз ҷашни истиқлолаш тадобири амниятиро шиддат бахшида, ҳатто марзҳоро ба рӯи ҳамсояҳояш, аз ҷумла Тоҷикистон, мебандад.

Вале Дмитрий Тихонов, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар шаҳри Оҳангарон мегӯяд, дар авҷи шикор аз сайёдон гирифтани силоҳашон онҳоро ба ғам шинондааст. "Дар Узбакистон аз 15 август мавсими шикор оғоз ёфтааст. То замоне ки инҳо силоҳҳоро ҷамъ карда ва дубора бозпас медиҳанд, ки тақрибан бист рӯзи шикорчиён беҳуда мегузарад. Дар ҳоле ки дар Узбакистон мавсими шикор хеле кӯтоҳ аст," -- мегӯяд Тихонов.

Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ дар идораи пулиси шаҳри Оҳангарон ин иттилоъро таъйид карда, гуфтанд, ки яке аз далелҳои ҷамъ кардани силоҳи шикорчиён таъмини амният дар рӯзҳои таҷлил аз иди истиқлоли Узбакистон будааст.

Аммо ин кор дар ҳоле сурат мегирад, ки чанд моҳи пеш дар чанде аз ноҳияҳои вилояти Тошканд, аз ҷумла дар Оҳангарон низ варақаҳои таҳдидомез бо забони арабӣ паҳн шуда буданд. Ин аст, ки мақомоти Узбакистон эҳтимоли аз сӯи ифротиён истифода шудани силоҳи шикорчиёнро истисно намедонанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳомии ҳуқуқ Дмитрий Тихонов чунин ташвиши мақомот беасос донист. Ӯ гуфт, “тасаввури ин ки террористон аз силоҳи шикорӣ истифода мекунанд, бисёр мушкил аст. Ин гуна силоҳҳо аз нигоҳи фаннӣ хеле заифанд ва наметавонанд силоҳҳои низомӣ ё ҳарбиро иваз кунанд.” Тихонов афзуд, агар ҳадафи мақомоти Узбакистон зери назорат гирифтани силоҳҳост, пас, онҳо бояд дунболи гурӯҳҳои ҷиноӣ бигарданд, ки бештарини онҳо аз аслиҳаи ҳарбӣ истифода мекардаанд.

Як манбаи Радио Озодӣ мегӯяд, натанҳо дар Оҳангарон, балки дар тамоми Узбакистон силоҳҳои шикорӣ аз сӯи мақомот муваққатан мусодира ва сабт шуда, дубора ба соҳибонашон дода хоҳанд шуд. Ба гуфтаи онҳо, инчунин, рейд ё санҷиши манзилҳои истиқоматии сокинон, ки оё дар онҳо низ силоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд ё не, ҷараён доштааст.

XS
SM
MD
LG