Пайвандҳои дастрасӣ

Аввал қурби рублу юан поин рафт, баъд танга. Акнун навбати кӣ?


Мутахассисони пойгоҳи Bloomberg гуфтанд, ки баъд аз уфти танга қурби боз даҳ пули миллӣ, аз ҷумла, аз кишварҳои Шӯравии собиқ поин меравад. Дар ин қатор сомонии тоҷикӣ низ истисно набудааст.

Иқтисоддонҳои хабаргузорӣ инро бо коҳиш ёфтани қурби юан, пулии милли Чин ва рубли русӣ марбут мекунанд. Поин рафтани қурби рубл ба кишварҳои Шӯравии собиқ, ки бо Русия робитаи наздики тиҷоратӣ доранд, таъсири амиқ хоҳанд расонд. Драм, пули миллии Арманистон дар як соли ахир 15 дарсад арзон шуд, дар ҳоле ки коҳиши қурби рубл 46 дарсад буд.

"Коҳиши танга, пули миллии Қазоқистон, ба арзҳои Туркманистону Тоҷикистон ҳам бетаъсир нахоҳад монд," -- гуфтаанд мутахассисони Bloomberg. Бино ба пешгӯии онҳо, тайи ним соли оянда қурби манати туркманӣ 20 дарсад ва қурби сомонии тоҷикӣ 10-20 дарсад коҳиш меёбад. Иқтисоддонҳо коҳиши арзиши сом, пули милли Қирғизистонро ҳам баъид намедонанд.

Таъсири коҳиши қурби танга ба бозори Тоҷикистон аз ҳоло мушоҳида мешавад. Хабаргузории “Азия-Плюс” рӯзи 21 август хабар дод, ки аксар саррофиҳои Душанбе муомиларо бо доллар қатъ карданд ва танҳо чанд саррофии алоҳида долларро бо қурби баландтар аз қурби расмӣ, яъне 6,85 сомонӣ пешниҳод мекарданд. Дар ҳоле ки арзиши доллар аз рӯи муқаррароти Бонки миллӣ ҳамоно 6,52-6,54 сомонӣ мемонад.

Карим Масимов

Карим Масимов

Қурби танга дар баробари доллар рӯзи 20 август тақрибан 30 дарсад коҳиш ёфт ва мардумро сахт ошуфтаву нигарон кард. Карим Масимов, нахуствазири Қазоқистон, рӯзи панҷшанбе гуфт, ки татбиқи сиёсати нави иқтисодии Қазоқистон оғоз ёфт ва дар чаҳорчӯби он "долони арз" аз байн бардошта шуд, яъне аз ин баъд қурби танга аз вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ вобаста хоҳад буд.

Дар ҷомеаи Қазоқистон хабари тағйири сиёсати ҳукумат дар баробари қурби пули миллӣ ҳангомаи ғайриинтизореро барангехт – афроде, ки як рӯз пеш аз нуқтаҳои ивази асъор доллар харидорӣ мекарданд, ба таври оҷил аз пайи фурӯхтани арзи амрикоӣ шуданд, то ки аз ҳисоби фарқи қурби доллару танга манфиате бардоранд. Соати 10-и субҳ як долларро бо 198 танга харидан мумкин буд, аммо як соат баъдаш қимати як доллар ба 259 танга расид. Гурӯҳи дигар аз шаҳрвандон ба таври оҷил ба харидани ашёи гаронбаҳо пардохтанд.

Магбат Спанов, иқтисоддони маъруф ва профессори Донишгоҳи тиҷорати байналмилалии Қазоқистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки сиёсати нави молиявии ҳукумат боиси поинрафти иқтисоди кишвар ва вобастагии бештараш аз кишварҳои ҳамсоя – Русия ва Чин хоҳад шуд. Интизор мерафт, ки қурби танга баъд аз чаҳор-панҷ сол озод шавад - дар бораи ин нақшаи ҳукумат ва Бонки Миллӣ ба ҳамин қарибиҳо хабар дода буданд, мегӯяд ӯ. Аммо ҳоло вазъ ба таври сареъ ва ғайричашмдошт тағйир ёфт ва дар кишвар, ки ягон заминаи иқтисодӣ мавҷуд нест, пули миллӣ ба уқёнуси иқтисоди ҷаҳонӣ ба “шинои озод”-у хело хатарнок баромад. “Кишвари мо чизе тавлид намекунад, мо фақат ашёи хом мефурӯшем ва аз ин рӯ дар ин вазъ пойбанди кишварҳои ҳамсоя Русия ва Чин мешавем”.

Магбат Спанов

Магбат Спанов

Иқтисоддони қазоқ мегӯяд, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2014 ва шаш моҳи соли 2015 ҳама корхонаҳои содиркунанда, ки фойидаи онҳо бахши асосии буҷаи Қазоқистонро ташкил медод, рӯ ба суқут оварданд ва дар баъзе ҳолатҳо даромади онҳо 70- 80 дар сад камтар шуд ва дар ин вазъ бояд ҳукумат аз ягон тасмими ҷиддӣ кор мегирифт. Аммо ба андешаи ман, барои ин тасмим аллакай дер шуда буд - аз ин иқдом ҳукумат бояд ҳангоми девалватсияи моҳи феврали соли 2014 кор мегирифт, меафзояд ӯ.

Магбат Спанов уфти қурби тангаро иштибоҳи ҳукумат мехонад ва аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, “раҳбарони блоки иқтисодии ҳукумат ва раиси Бонки миллӣ барои ноӯҳдабароӣ ва то ин ҳоли душвор расонидани вазъият бояд ба истеъфо раванд”.

Тасмим дар бораи шинои озоди танга дар ҳоле гирифта шуд, ки ба пояи пешгӯиҳо, пойинрафти қимати нафти хом – ашёи асосии содиротии Қазоқистон идома хоҳад кард. Шояд ба ҳамин хотир Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, рӯзи 19 август гуфт, ки буҷаи кишвар бояд бо назардошти аз 30 то 40 доллар қимат доштани як бушка нафт таҳия шавад. Айни ҳол қимати нафти тамғаи Brent камтар аз 50 доллар барои як бушка аст. Раёсати иттилооти энерҷии ИМА ҳафтаи гузашта пешгӯӣ карда буд, ки соли оянда қимати як бушка нафт пойинтар аз 60 доллар хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG