Пайвандҳои дастрасӣ

Имом-хатибҳои Қирғизистон аз ин баъд ҳар моҳ маош хоҳанд гирифт, аммо на аз сӯи давлат, балки аз сӯи бунёди «Имон», ки маҳз ба ҳамин хотир таъсис шудааст.

Аз маош ё «идрорпулӣ» фақат имом-хатибҳое бархӯрдор мешаванд, ки аз аттестатсияи махсус гузаштаанд ва дар масҷидҳои «расмӣ» фаъолият мекунанд, мегӯяд Замирбек Турсунбеков, як тан аз масъулини Комиссиюни давлатӣ дар умури дини Қирғизистон.

Дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ӯ пардаи асрор аз рӯи маблағи маош бардошт ва гуфт, ки рӯҳониёни масоҷиди вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва масҷидҳои панҷвақта вобаста ба мақомашон аз 100 то 200 долларӣ дарёфт хоҳанд кард. Барои ҳар имом-хатиб ҳисоби бонкии махсус боз мешавад ва маош ҳар моҳ ба он ҳисоб интиқол меёбад.

Аттестатсияи рӯҳониёни қирғиз 14 ноябри соли гузашта шурӯъ шуд ва се марҳаларо дарбар мегирад. Дар марҳалаи аввал кормандони Идораи мусалмонҳои Қирғизистон, дар марҳалаи дуввум – намояндагони қозиёти вилоятҳо ва дар марҳалаи ниҳоӣ – имом-хатибҳои масҷидҳои расмӣ аз «пули Сирот»-и комиссиюни вижа мегузаранд. Тақрибан ҳазор нафар аз рӯҳониён аллакай аз ин санҷиш гузаштаанд. Мо ба воситаи имом-хатибҳо сиёсати давлатӣ дар умури динро пиёда месозем, яъне, арзишҳои аслӣ ва мӯътадили дини исломро тарғиб мекунем ва ҷилави паҳншавии терроризму ифротгароиро мегирем, гуфт Замирбек Турсунбеков.

Санҷиши дониши рӯҳониён дар чаҳорчӯби ислоҳоти фаъолияти мазҳабӣ дар Қирғизистон пиёда мешавад. Замир Қорӣ Роқиев, муовини раиси Идораи мусалмонҳои Қирғизистон мегӯяд, ки ҳадафи ислоҳот - аз байн бурдани фасод дар муфтиёт ва аз беху бун баркандани ифротгароист. Ба гуфтаи ӯ, қаблан ҷомеъаи мусалмонҳо ҳамеша аз фасод дар масъалаи ҳаҷҷ нигарон буд ва акнун ин мавзӯъ зери назорати ҷиддӣ қарор дорад.

Садҳо шаҳрвандони Қирғизистон аз тарафи "Давлати исломӣ" меҷанганд

Садҳо шаҳрвандони Қирғизистон аз тарафи "Давлати исломӣ" меҷанганд

Идораи мусалмонҳои Қирғизистон ҳамчунин барномаи ислоҳот дар таълиму тадрис дар мадрасаҳо ва мактабҳои миёнаро таҳия кардааст. Ба гуфтаи масъули Комиссиюни давлатӣ дар умури дин, аз ҷумла, аз сӯи вазорати маориф таълими дарси “Таърихи динҳои олам” дар мактабҳо пешбинӣ шудааст. Садҳо ҷавононе, ки барои ҷанг ба Суриву Ироқ рафтаанд, дар бораи ислом ҳатто тасаввуроте надоштанд ва агар дар мактаб дар бораи ин дин маълумот мегирифтанд, шояд қабл аз сафар андеша мекарданд, мутмаин аст Замирбек Турсунбеков.

Қирғизистон дуввуми кишвари Осиёи Марказист, ки имом-хатибҳо аз ин баъд мунтазам маош хоҳанд гирифт. Яку ним сол пеш аз бӯҷаи Тоҷикистон барои имом-хатибон моҳона муқаррар гардид. Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар сӯҳбате бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки маош барои раиси Шӯрои уламо 2 ҳазор сомонӣ, барои сархатибони шаҳру ноҳия 1, 5 ҳазор сомонӣ ва барои имомхатибон 800 сомонӣ дар назар гирифта шудааст. Ҷудо кардани маош дархост ва пешниҳоди Шӯрои уламои дин ва имом-хатибон буд, ки аз ҷониби раисҷумҳур ва ҳукумат дастгирӣ пайдо кард ва имрӯз дар маҷмӯъ беш аз 300 нафар ҳар моҳ маош мегиранд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода

Саидмукаррам Абдулқодирзода

Кумитаи дин ва маркази исломии Тоҷикистон барои рӯҳониён либоси махсусро ҳам таҳия кардаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Абдулқодирзода, ин либос ранги кабуди осмонӣ дорад ва куртааш бе ёқа аст. Атрофи курта бо сари остин нақши миллии классикӣ дорад. Дар баробари ин либос имом-хатибон ва сархатибҳо ҳатман ба сар салла хоҳанд гузошт. Ин муди либос барои имом-хатибон аз миёни 5 тарҳ, ки ҳамааш аз сӯи тарроҳ Мукаррама Қаюмова пешниҳод шуда буд, интихоб гардидааст. Ин тарҳ барои дӯхтан ба якчанд корхонаи дӯзандагӣ, аз ҷумла Ёқут- 2000 пешниҳод шуд, аммо бинобар мураккаб будани нақшу нигори курта таҳияи онро корхонаи дӯзандагии “Саидҷон” бар ӯҳда гирифтааст.

Рӯҳониён аз ифшои қимати либоси ягона худдорӣ мекунанд ва аммо ба гуфтаи Ҷумъахон Ғиёсов, муовини аввали раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, 30 дарсади ин маблағро Кумитаи дин пардохт мекунад ва пули боқимондаро ё Маркази исломӣ ва ё худи имом-хатибон. Айни ҳол дар Тоҷикистон 4063 масҷид фаъолият мекунанд, ки имом-хатиб, сархатиб, муовин ва муаззин дорад ва ҳар кадоме аз онҳо бояд либоси махсус дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG