Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомот хуруҷи фалаҷи Ландриро дар Тоҷикистон рад мекунанд


Бинои панҷуми бемористони Қарияи Боло

Бинои панҷуми бемористони Қарияи Боло

Мақомоти Вазорати тандурустӣ эпидемия будани фалаҷи Ландриро дар Тоҷикистон рад карданд. Вале сокинон аз бистарӣ шудани ба камияш 10 нафар хабар дода, аз фавти баъзеи онҳо низ сӯҳбат мекунанд.

Дар ҳоле ки хабари хуруҷи бемории "фалаҷи афзояндаи Ландрӣ" ё "Восходящий паралич Ландри" дар Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, акнун аз даҳон ба даҳон мегардад, масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфтанд, ки рӯзи душанбе (17 август) аз пайи ин масъала хоҳанд шуд. Мақомоти бемористони Қарияи Боло низ аз сӯҳбати муфассал дар ин бора бо хабарнигорони Радиои Озодӣ худдорӣ карда, хостанд, ки дар ин замина ба онҳо тариқи номаи расмӣ муроҷиат шавад.

Бархе аз корбарони шабакаи иҷтимоии Фейбсук шоми 15 август аз паҳн шудани як навъ бемории, ба гуфтаи онҳо, "хатарнок" дар Тоҷикистон хабар доданд. Аз ин беморӣ "фалаҷи афзояндаи Ландрӣ" ном бурда мешавад. Карахтшавии дасту пой, камқувватӣ, дилбеҳузурӣ, бемадорӣ ва таби баланд аз нишонаҳои ин беморӣ будааст. Табибон мегӯянд, ки фалаҷи Ландрӣ бемории вобаста ба асаб буда, аксаран кушанда аст ва онҳое ки ҳам аз банди ин беморӣ халос мехӯранд, як умр фалаҷ хоҳанд монд.

Ҳоло бо ин навъи беморӣ дар Қарияи Боло ду нафар бистарӣ буда, дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор доранд. Аммо наздикони афроди бемор ба нақл аз пизишкони ҳамин бемористон гуфтанд, ки тайи 3 моҳи гузашта ба камияш даҳ нафар бо ин беморӣ бистарӣ шуда, дар бораи фавти баъзеи онҳо низ сӯҳбат меравад. Маҳалли асосии хуруҷи ин беморӣ маълум нест ва бино ба иттилои ҳамсӯҳбатони мо афроди мубтлао ба ин беморӣ аз минтақаҳои гуногуни кишвар будаанд.

Баҳодур Умаров -- сокини ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, онҳо 17 рӯз боз шабро дар бемористон рӯз мекунанд. Зеро бародари 32-солааш, ки худ пизишки ҷарроҳ будааст, бо ҳамин маризӣ дар шӯъбаи эҳёгарии Қарияи Боло хоб аст. “Дасту пойи бародарам аз ҳаракат монда, худаш дар зери дастгоҳи нафаскашии сунъӣ қарор дорад,” – гуфт Умаров.

Мусоҳиби мо, инчунин, гуфт, маризии бародараш аз беҳолӣ ва як навъ заҳролудшавӣ оғоз ёфта, дар муддати як ҳафта ӯро комилан аз пой афтондааст. “Худи ман якум бор дар мавриди ин беморӣ мешунавам. Духтурҳо мегӯянд, ки ин маризии вирусӣ аст. Бародарам вақте дар худ бемадориро ҳис намуд ва қай карданро сар кард, як ҳафта дар хона худро табобат намуд. Аммо вақте ба кор баромад ва баъд аз он ки як амалиёти ҷарроҳиро анҷом дод, якбора ҳолаташ бад шуд. Ҳарораташ баланд шуд ва дигар маҷоли аз ҷой хестанро надошт. Дарҳол ӯро ба бемористон овардем ва ҳоло танҳо умед ба Худо дорем,” -- афзуд ӯ.

Ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, чи тавре ки онҳо аз пизишкони Қарияи Боло шунидаанд, пеш аз онҳо бо ҳамин беморӣ ҳатто як низомии баландпоя низ бистарӣ буда ва баъдан фавтидааст. Аммо ин иттилоъро мақомоти расмӣ тасдиқ ё такзиб накарданд.

Бо ин ҳол, Баҳодур Умаров мегӯяд, дар пеши чашми онҳо низ як ҷавони дигар аз ҳамин маризӣ фавтида ва ин ҳолат онҳоро сахт нигарон

Лола Аминова

Лола Аминова

кардааст. Лола Аминова, модари Бобоҷон Обидови 20-сола рӯзи якшанбеи 16 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писари ӯ ҳам нахуст беҳоливу дилбеҳузурӣ ва дарди сар дошт, ки баъдан он ба табларзаву аз ҳаракат мондани мушакҳои дасту пояш печид. Хонум Лола гуфт, пизишкон бемории писари ӯро “фалаҷи Ландрӣ” гуфтанд ва ҳоло рӯзи 8-ум аст, ки дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дорад.

Аммо ба гуфтаи Лола Аминова то имрӯз барои муайян кардани асоси ин беморӣ фарзандашро аз ташхис нагузарондаанд. “Вақте фарзандамро ба бемористон овардам, духтурон байни ҳам сӯҳбат мекарданд ва ба ман гуфтанд, ки Худо накунад, ки ҳамин беморӣ бошад. Пас аз аз рӯи аломатҳое, ки писарам дошт, хулоса карданд, ки “фалаҷи Ландрӣ” аст. Баъдан ман фаҳмидам, ки пеш аз омадани мо 3 нафар аз ин маризӣ даргузаштааст. Намефаҳмам, ки чаро то имрӯз Вазорат дар ин маврид хомӯш аст ва фаҳмонда намешавад, ки манбаи ин сироят аз куҷост? То ҷое огоҳ шудам, ин маризӣ ё фалаҷ мекунад ва ё дар ниҳоят мекушад. Аммо дар ин муддате, ки писарам бистарист, ягон ташхиси муайянкунанди сироятро анҷом надодаанд,” – шикоят кард Лола Аминова.

Ӯ дар идома гуфт, барои табобати фарзандааш дар як ҳафта ҳудуди 3 ҳазор доллар харҷ кардааст ва ҳанӯз маълум нест то замони ба по хестан ва ё ҳадди ақалл ба худ омадани писараш чӣ қадари дигар харҷ хоҳад кард. Аммо масуълони бемористони Қарияи Боло дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфтанд, ки ин маризӣ кирои воҳима надорад ва ҳамасола дар тобистон мушоҳида мешавад. Бахусус дар ин фасл, ки ба қавли онҳо сокинон аз меваҳои ношуста ва оби ноҷӯшида зиёд истифода мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, аз вуҷуди бемории “фалаҷи Ландрӣ” огоҳанд, вале дар бораи бистарӣ шудани афроди зиёд ба ин навъи беморӣ дар Қарияи Боло хабар надоранд.

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ, 16 август дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, онҳо рӯзи душанбе аз пайи таҳқиқи ин мавзӯъ шуда, беморонро таҳти назорати ҷиддӣ хоҳанд гирифт. “Афродеро, ки ба ин навъи беморӣ бистарӣ шудаанд, ташхис карда, барои муайян намудани сатҳи беморияшон онро ба Маскав мефиристем. Фалаҷи Ландрӣ асосан ба мушакҳои дасту пой ва роҳҳои нафасгирӣ мепечад. Агар ба роҳи нафасгирӣ печида бошад, он вақт хатарнок аст,” -- илова кард ӯ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG