Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тақозои замон ҳамин..." - Ҷавоби додрас ба суоли Зайд Саидов


Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми нави худро нисбат ба Зайд Саидов эълон кард, ки бар асоси он муҳлати зиндони ин соҳибкор се соли дигар тамдид шуда, дар маҷмуъ бо ҳукми пешинааш 29 сол расидааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 11 август ҳукми нави худро нисбат ба Зайд Саидов эълон кард, ки бар асоси он муҳлати зиндони ин соҳибкор ва раҳбари ҳизби сабтнашудаи "Тоҷикистони нав" се соли дигар тамдид шуда, дар маҷмуъ бо ҳукми пешинааш ба 29 сол баробар гардид. Додгоҳ моҳи декабри соли 2013 Саидовро ба 26 соли зиндон маҳкум карда буд ва моҳи июли соли ҷорӣ дар пайи баррасии парвандаи наваш айбдоркунандаи давлатӣ барои ӯ 25 соли дигар хост. Аммо дар қонунҳои Тоҷикистон ҳадди аксари ҳукм барои содир кардани ҷиноят ҳабси якумрӣ ва то 30 соли зиндон муқаррар шудааст ва зоҳиран тасмими ахири додгоҳ низ ба он рабт дорад.

Яке аз иштирокдорони мурофиа рӯзи 10 август дар сӯҳбати бидуни микрофон ба хабарнигорон гуфт, баъд аз эълони ҳукм як саволу ҷавоби кӯтоҳ миёни Зайд Саидов ва додраси парванда Савриддин Тошев сурат гирифтааст. Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, оқои Саидов аз додрас пурсидааст, "мо ба қонун бовар доштем, қонун чӣ шуд?"

"Додрас дар ҷавоб гуфт, ки худатон медонед, Зайд Шерович, тақозои замон ҳамин," -- нақл кард мусоҳиби мо.

Ба соҳибкори маҳбус Зайд Саидов боз се соли зиндон илова карданд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00

Дар парвандаи нави Зайд Саидов, ки аз сӯи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ифтитоҳ шудааст, ӯ ба сохтакории ҳуҷҷат, суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, тасарруфи маблағҳои давлатӣ ва саркашӣ аз андоз айбдор мешавад. ​Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи Зайд Саидов, рӯзи сешанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додрас инчунин хостори мусодираи амволи нафари таҳти ҳимояти ӯ шуда, Саидовро ба пардохти 34 миллион сомонӣ муваззаф намудааст.

Пайвандони Зайд Саидов аз ин ҳукми додгоҳ шадидан норизоӣ карда ва гуфтанд, ки барои пирӯзии ҳақиқат ба талошашон идома хоҳанд дод. Онҳо қасд доранд, аз болои ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят баранд.

Дар аввали моҳи июли соли ҷорӣ айбдоркунандаи давлатӣ - намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон дар мурофиаи соҳибкори зиндонии тоҷик аз Додгоҳи олӣ талаб карда буд, ки Зайд Саидовро ба 25 соли зиндон ва 34 миллион сомонӣ ҷарима маҳкум кунад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, дар ин мурофиаи додгоҳӣ гуноҳҳои соҳибкор исбот шудаанд.

Аммо Зайд Саидов 23 июли соли ҷорӣ ҳангоми баёни сухани охиринаш дар додгоҳ тамоми иттиҳомоти алайҳи ӯро "супоришӣ ва сиёсӣ" хонд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, Абдуфаттоҳи Ғоиб, раҳбари собиқи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали боздошташ бо ӯ дидор карда ва бо ишора ба таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав гуфтааст, ки "магар мо кӯҳна шудем?"

Раҳбари зиндонии ин ҳизби сабтнашуда гуфта буд. мақомот ҳатто ӯро барои дарёфти гӯё се миллион доллар аз як шаҳрванди Украина барои номзад шуданаш ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2013 айбдор кардаанд.

Зайд Саидови 55-сола, вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва аз соҳибкорони муваффақи кишвар рӯзи 19 майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дастгир ва 25 декабри ҳамон сол бо иттиҳомоте, чун суистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвагирӣ ва таҷовуз ба номус ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар тӯли соли гузашта мақомот бар асоси ин ҳукм ба камияш 8 корхонаву ширкатҳои марбут ба Зайд Саид ва наздикони ӯ, аз ҷумла фабрикаи дӯзандагии "Гулистон" ва корхонаи "Тоҷикмармар"-ро давлатӣ карданд. Ӯву тарафдоронаш аммо иттиҳомоти қабливу кунуниро рад мекунанд ва онро сиёсӣ меноманд. Ба ақидаи Зайд Саид ва ҷонибдоронаш, ӯ баъди эълони азми худ барои таъсиси ҳизби сиёсии "Тоҷикистони нав" таҳти таъқиби мақомот қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG