Пайвандҳои дастрасӣ

Фармондеҳону сиёсатмадорони зодаи шимоли Афғонистон мехоҳанд, ки ин минтақаро аз ситезаҷӯён пок кунанд

Амалиёти густурда алайҳи ситезаҷӯёни мансуб ба ҷунбиши “Толибон” ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳи зидди ҳукуматӣ дар шимоли Афғонистон бояд рӯзҳои наздик шурӯъ шавад.

Генерал Абдулрашид Дустум, муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон, охири ҳафтаи гузашта ба ин гурӯҳҳои мустақар дар вилоятҳои шимолӣ як ҳафта вақт дод, то ки таслим шаванд ва ба раванди сулҳ дар Афғонистон пайванданд. Хабаргузории Хома Пресс аз қавли Султон Файзӣ, сухангӯи генерал Дустум навиштааст, ки изҳороти Дустум бо раисиҷумҳур ҳамоҳанг шудааст. Генерали ӯзбак ҳамчунин гуфтааст, ки омода аст ба ҷабҳа равад ва амалиёт алайҳи ситезаҷӯёнро раҳбарӣ кунад. Аммо то ҳол рӯшан нест, ки ин амалиёт дар кадом минтақаи шурӯъ мешавад.

Бар пояи хабарҳо, генерал Дустум, волии вилояти Балх Ато Муҳаммади Нур ва муовини раиси иҷроияи Афғонистон Ҳоҷӣ Муҳаммад Муҳаққиқ ба хотири поксозии шимоли кишвар эътилоф таъсис кардаанд.

Айни ҳол дасти кам ситезаҷӯён дар ҳадди аққал панҷ вилояти шимолии Афғонистон – Бадахшон, Тахор, Қундуз, Форёб ва Ҷузҷон мустақар шудаанд. Вазъ ба вижа, дар вилояти Форёби ҳаммарз бо Туркманистон нигаронии шадиди Кобулро ба бор овардааст. Раиси шӯрои вилоят Сайид Абдул Боқӣ Ҳошимӣ ин ҳафта дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ намуд, ки нерӯҳои ҳукуматӣ тақрибан дар ҳама волусволиҳои ақибнишинӣ кардаанд ва хатари аз сӯи ситезаҷӯён ишғол шудани маркази вилоят Маймана мавҷуд аст. Бино ба хабарҳо, фақат тайи ҳафтаи гузашта, ситезаҷӯён 30 рустои волусволии Қайсар, 40 рустои волусволии Алмар ва 35 рустои Ширин Тагобро ишғол кардаанд.

Султон Файзӣ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки айни ҳол як муовини вазири дифоъ ва фармондеҳи нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ба Форёб омадаанд. Қарор аст, ки ба ин вилоят нерӯҳои иловагӣ ва чархболҳои низомӣ фиристода шаванд.

Фатҳуллоҳ Қайсарӣ, вакили парлумони Афғонистон, ки айни ҳол дар Форёб қарор дорад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мардуми минтақа интизоранд, ки генерал Дустум воқеъан ҳам барои амалиёт дар шимоли кишвар, аз ҷумла, дар Форёб иқдом мекунад ва ситезаҷӯён аз ин минтақа берун карда мешаванд. "Дар Форёб ҷанг аст, аксари волусволиҳо дар ҳалқаи муҳосираанд. Агар муовини аввал (генерал Дустум) дар ваъдааш содиқ набошад ва раисиҷумҳур ӯро аз ин роҳ баргардонад, Форёб суқут мекунад ва бо ҷамъи волусволияҳош луқмаи толиб мешавад".

Ба гуфтаи вакили парлумон, генерал Дустум дар Форёб аз обрӯи зиёд бархӯрдор аст ва агар ӯ ба минтақа биёяд ҳама мардум пушти ӯ алайҳи ситезаҷӯён мехезанд. Оғои Қайсарӣ меафзояд, дар сурати ваъдахилофии Дустум масъулияти суқути ин минтақа бар дӯши Дустум ва раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ хоҳад буд ва он гоҳ "мардум аз Дустум ҳам безор хоҳанд буду аз раисиҷумҳур ҳам"

Дар ҳамин ҳол бештари мансабдорони маҳаллӣ ва сиёсатмадорон мегӯянд, ки ин гурӯҳҳои толибон асосан аз шаҳрвандони хориҷӣ иборатанд. Ба гуфтаи Зикриё Савдо, узви комиссиюни амниятии парлумони Афғонистон, фақат дар дараи Хастаки волусволии Ҷурми Бадахшон аз 200 то 400 тан аз мусаллаҳон аз Узбакистон, Тоҷикистон, Чин ва Чеченистони Русия ҳузур доранд. Дар чанд ҳамлаи ғофилгиронаи онҳо ба нерӯҳои ҳукуматӣ даҳҳо афсару сарбоз кушта шуданд.

Тақрибан 70-80 нафари мусаллаҳ дар минтақаи Калвоти Қундуз, воқеъ дар 10-километрии марз бо Тоҷикистон ҳам ҳузур доранд. Мӯъмин-Командир, як фармондеҳи маҳаллӣ дао сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мусаллаҳон аз Узбакистону Тоҷикистон ва Чеченистонанд ва аммо онҳо мансуб ҳам ба Ҳаракати исломии Узбакистонанд ва ҳам ба гурӯҳи “Давлати исломи”. Мусоҳиби мо тайид кард, ки тақрибан 80 дар сади Имом-Соҳиб аз сӯи мухолифини давлат тасарруф шудааст.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, дар вилоятҳои Ҷузҷону Форёб ахиран мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳам пайдо шудаанд. Муҳаммад Ҳаниф Атмар, мушовири амнияти миллии Афғонистон чанд рӯз пеш дар нишасте дар Сенати кишвар гуфт, ки ҳадаф аз ҳузури “эмиссарҳо” ва ҷангиёни “Давлати исломӣ” дар шимоли Афғонистон – густариши фаъолияти ин гурӯҳ дар кишварҳои Осиёи Марказист.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG