Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯҳрати панҷсола зистан мехоҳад


Шӯҳрат Хоҷаев
Шӯҳрат Хоҷаев

​Як кӯдаки панҷсолаи тоҷик барои идомаи табобати бемории саратонаш дар Маркази табобати саратони Маскав ба кумаки оҷил ниёз дорад.

Шӯҳрат Хоҷаев, як кӯдаки панҷсолаи тоҷик барои идомаи табобати бемории саратонаш дар Маркази табобати бемориҳои саратон ба номи Блохин дар минтақаи Каширкаи шаҳри Маскав ба кумаки оҷил ниёз дорад. Чанд сандуқи хайрияи Русия, ки ба гирифторони саратон кумак мекунанд, ҷиҳати ҷамъоварии маблағ барои давраи, инак, нӯҳуми химиотерапияи Шӯҳрат Хоҷаев маъракаи вижаеро ба роҳ андохтаанд.

Олег Токарев, масъули бахши таблиғи сандуқи хайрияи "Голфстрим" рӯзи 17 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз ҳисоби маблағҳои худ пули бемористонро пардохт кардаанд, то табибон ба далели бепулӣ табобати ин кӯдаки тоҷикро қатъ накунанд. Вале барои таъмини молии давраи нӯҳуми химиотерапияи Шӯҳрат 46 540 рубл, муодили тақрибан 900 доллар намерасад.

Олег Токарев мегӯяд, "табобати бемории саратон харҷи хеле бузург металабад. Шӯҳрат аз Тоҷикистон аст ва дар Русия суғуртаи тиббӣ надорад. Ба ин далел, тамоми табобати ӯ дар Маркази Каширка пулакӣ

аст. Барои ҳар давраи химиотерапия 300 000 рубл, муодили ҳудудан 6 000 доллар лозим аст. Шӯҳрат алакай 8 давраи химиотерапияро пушти сар кард ва ин нӯҳумаш низ, мутаассифона, охирин нест. Барои идомаи табобати ӯ боз ҳам пули зиёд лозим аст."

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, Шӯҳрат Хоҷаевро дар бемористон модараш ҳамроҳӣ мекунад ва падари ӯ ҳам ду фарзанди дигарашонро дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо бобову бибии онҳо гузошта, ба Маскав омадааст, ки кор кунад ва ақаллан як гӯшаи табобати фарзандашро ба дӯши худ бигирад. Вале, меафзояд намояндаи Сандуқи хайрияи "Голфстрим", пӯшондани тамоми хароҷоти як бемори саратон аз дасти ин хонавода барнамеояд ва онҳо барои кумак ба созмонҳои мухталифи хайрия, аз ҷумла ба "Голфстрим" муроҷиат кардаанд.

Шӯҳрат гирифтори дараҷаи чоруми саратони рабдомиосаркома (саратони мушакҳо) буда, маризӣ алакай ба шуши ӯ низ таъсир кардааст. Табибон мегӯянд, дар Тоҷикистон ба ин кӯдак саривақт ташхиси дуруст дода натавонистаанд ва ин боиси чунин бад шудани ҳоли ӯ шудааст.

Созмонҳои хайрия мегӯянд, агар пули табобати Шӯҳрат Хоҷаевро сари вақт пайдо накунанд, ӯро метавонанд аз Маркази бемориҳои саратони Каширка ҷавоб диҳанд. Аммо ин, ба гуфтаи Олег Токарев, бахусус агар Шӯҳрат дар ин фасли гармо ноилоҷ ба Тоҷикистон баргардад, тамоми натиҷаҳои мусбати 8 давраи химиотерапияи ӯро ба бод хоҳад дод.

Барои такмили табобати ин кӯдаки тоҷик тақрибан ним соли дигар ва ҳудудан 4 ило 5 сеанси дигари химиотерапия лозим будааст. Яъне тақрибан 25 - 30 000 доллари дигар.

Аммо намояндагони созмони "Голфстрим" мегӯянд, вақте сухан дар бораи ҳифзи ҳаёти як инсон меравад, 25- 30 000 доллар маблағе нест, ки рӯяш фикр кунанд. Онҳо дар ин роҳ ба афроди саховатпеша умед бастаанд.

Олег Токарев мегӯяд, то кунун пули табобати Шӯҳрат Хоҷаев асосан аз ҳисоби хайроти соҳибкорон ва сокинони худи Русия ба даст меомад, вале “хеле хуб мешуд, агар тоҷикҳо, аз ҷумла тоҷиконе, ки дар Русия кор мекунанд, ба ин амри хайр ҳамроҳ шаванд.

Дар сомонаи Сандуқи хайрияи “Голфстрим” роҳҳои кӯмак ба Шӯҳрат Хоҷаеви панҷсола аз Тоҷикистон низ нишон дода шудааст:

- on-line по банковской карте с сайта фонда;

- PayPal - Golfstreamfond@yandex.ru

- Яндекс кошелек - 41001967430981

- КИВИ (QIWI) - 968 793 45 88

- RBK - RU455393563

- WebMoney:

R254643446884 - рубли

Z235187948249 - доллары

- отправьте SMS-сообщение на номер 3443 со словом ГОЛЬФСТРИМ 100 (где 100-любая сумма, какую захотите пожертвовать) для жителей России;

- перечислив помощь на расчетный счет в рублях БФ «Гольфстрим»:

ИНН 5017998033

КПП 501701001

АКБ "Российский капитал" (ОАО)

Расчетный счет в рублях: 40703810300390000011

Корр. счет 30101810100000000266

БИК 044583266

Получатель: БФ "Гольфстрим"

Назначение: Шухрату. Благотворительное пожертвование. НДС не облагается.

Контакты: Благотворительный фонд "Гольфстрим": +7-903-267-94-11, +7-495-995-56-16, Наталья.

XS
SM
MD
LG