Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

​Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз афзоиши ҷиноят ва ҳолатҳои марбут ба харидуфурӯши замин изҳори ташвиш кард.

Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, бо таъкид ба афзоиши ҳолатҳои харидуфурӯши замин дар кишвар аз мақомот хост, ки аввал манофеи давлатро пеш бигузоранд, баъд манфиатҳои шахсиро. Ӯ, ки 10 июл дар ҷаласаи мушовараи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ сӯҳбат мекард, гуфт, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 238 ҷинояти коррупсионии марбут ба заминро сабт кардаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта сад ҳолат зиёд будааст.

Ба қавли Рустами Эмомалӣ, аз ин ҳисоб 28 ҳолат аз сӯи кормандон ва се ҳолаташ аз тарафи раҳбарони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ содир шудааст. "Дар ин давра 266 ҷинояти харидуфурӯши замин ҳам сабт шудааст. Афзоиши чунин ҳолатҳо натиҷаи мавҷуд набудани назорати зарурӣ аз болои зердастон мебошад," -- шарҳ дод раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.

Ин сӯҳбати Рустами Эмомалӣ аз афзоиши ҳолатҳои харидуфурӯши замин дар ҳолест, ки дар аввалҳои моҳи марти соли ҷорӣ дар пайи интиқоди раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи 17 фервали Шӯрои амният Маҳмадтоир Зокиров аз раисии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ баркнаор ва ҳамон вақт вазири кишоварзии Тоҷикистон таъин шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа додситонҳо ва дигар мансабдоронро ба ин айбдор кард, ки аз мақомоти маҳаллӣ бо фишор қитъаи замин тамаъ мекунанд ва ҳатто 4 раиси ҷамоат, ба гуфтаи ӯ, аз тарси таъқиби ин мансабадорон ба Русия фирор кардаанд. Ҷаноби Раҳмон гуфт, "худи кормандони прокуратура даст ба коррупсия ва заминфурӯшӣ задаанд. Ба наздикӣ дар Душанбе се корманди Оҷонсии мубориза бо коррупсияро ҳамроҳ бо прокурор бо ҳамин ҷурм боздошт карданд... Шумо намебинед, намедонед! Чашмҳоро кӯр ва гӯшҳоятонро кар мекунед!"

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин ҷаласаи Шӯрои амният заминфурӯширо як ҳодисаи маъмулӣ арзёбӣ намуд, ки ба манбаи даромади муфт барои шахсони масъул ва мансабдор табдил ёфтааст.

"Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия тайи панҷ соли охир вобаста ба қонуншиканиҳо дар соҳаи замин 290 парванда оғоз намудааст. Дар ҳамин давра аз ҷониби мақомоти прокуратура дар ин самт 2687 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки 441 адади онро парвандаҳои ҷиноятии хусусияти коррупсионидошта ташкил медиҳанд. Вале бо вуҷуди чораҳои андешидашуда, қонуншиканӣ дар истифодаи замин ҳанӯз ҳам кам нест. Зарур аст, ки мубориза дар ин самт пурзӯр карда шавад," -- таъкид дошт ӯ.

Солҳо боз сокинон аз ҳолатҳои харидуфурӯши замин дар бархе аз минтақаҳои Тоҷикистон шикоят мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки ҳарчанд дар хона ва ҳавлиҳои танг чанд оила ҷойгир шудаанд, аммо ҳанӯз навбати гирифтани замини онҳо нарасидааст. Як сокини вилояти Хатлон ҳам дар сӯҳбат бо мо гуфт, "чанд бор муроҷиат кардем. Баҳси гирифтани замини мо аз ин сол то соли дигар кашол меёбад. Аммо дар ин миён даҳҳо нафар соҳиби замин шуданд. Аз кадом ҳисоб? Навбати мо куҷо шуд?"

Ҷӯрахон Кабиров, сокини ҷамоати деҳоти “Кӯлоб”, низ мегӯяд, дар 6 соли охир аз болои қонуншиканӣ ва фурӯхтани заминҳои “президентӣ” ба мақомоти расмӣ чорсад нома навишта, билохира тираш ба ҳадаф расидааст.

Бо ин ҳол, ин дувумин сӯҳбати Рустами Эмомалӣ дар як ҳафтаи охир аст. Ӯ рӯзи 3 июл дар ҷаласаи ҷамъбасти шашмоҳаи Шӯрои адлияи Тоҷикистон ҳам иштирок карда ва аз мақомдорон хоста буд, ки бо дасту дили пок кор карда, сазовори бовари мардум бошанд.

Рустами Эмомалӣ, писари 27-солаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст, ки моҳи марти соли ҷорӣ раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъкин шуд. Ӯ, ки рутбаи генерал-майорӣ дорад, моҳи ноябри соли 2013 ба курсии раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон нишаста буд. Ин фарзанди раисиҷумҳури Тоҷикистон бахши иқтисодии Донишгоҳи миллиро хатм карда, корро аз Кумитаи сармоягузорӣ оғоз намуд ва соли 2009 дар анҷумани Иттифоқи ҷавонон ба ҳайси муовини раиси ин созмон ва соли 2011 президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид.

Ӯ фарзанди дувуми раисиҷумҳури Тоҷикистон аст, ки мақоми расмӣ дорад. Хоҳари ӯ - Озодаи Раҳмон муовини аввали вазири умури хориҷист. Ҳарчанд мақомоти расмӣ ба ин сатҳ расидани Рустами Эмомалиро ҳосили талошҳои худаш медонанд, аммо бархе аз нозирони умур ҷаҳиши зуди ӯ аз ин мақом ба он мақомро кӯшиши ошно карданаш бо кори давлатӣ меҳисобанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG