Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусодираи 300 тонна маҳсулоти пастсифат (2 ВИДЕО)


Идораи “Тоҷикстандарт” дар шаш моҳаи аввали соли ҷорӣ беш аз 300 тонна маҳсулоти ғайристандартиро мусодира намуда ва аз муомилот берун кардааст.

Ибодулло Қурбониён, раиси Оҷонсии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумат ё "Тоҷикстандарт" рӯзи ҷумъаи 10 июл зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ин ниҳод дар як нишасти матбуотӣ гуфт, “Тоҷикстандарт” дар шаш моҳаи аввали соли ҷорӣ дар маҷмӯъ беш аз 300 тонна маҳсулоти бесифат, мӯҳлаташон сипаришуда ва ғайристандартиро ошкор карда, аз муомилот баровардааст.

Ҷаноби Қурбониён аз мавриди аз муомилот берун кардани 70 тонна хурмо дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ёддоварӣ кард ва гуфт, ин миқдор хурмо аз сӯи тоҷири иронӣ – Муҳаммадризо Лахчӣ, раиси ширкати “Аббат Тиҷорат” ба Тоҷикистон ворид карда шудааст. Ибодулло Қурбониён гуфт, ки ин соҳибкори эронӣ хурмоҳои мӯҳлаташон сипаришударо дубора шуста ва ба бозори шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе ворид кардааст, ки дар натиҷаи санҷиши кормандони “Тоҷикстандарт” дар моҳи июни соли гузашта, аз муомилот бароварда шудаанд.

Ҳамчунин ҷаноби Қурбониён гуфт, ки дар шаш моҳаи аввали соли ҷорӣ дар бозорҳои Тоҷикистон 70 тонна гӯшти бесифат мусодира шудааст, ки ғайристандартӣ буда, ба талаботи беҳдоштӣ ҷавобгӯ набудаанд. Инчунин ба иттиллои раиси “Тоҷикстандарт” дар шаш моҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони ин ниҳод 84 тонна маҳсулоти қаннодӣ ва 46 тонна маҳсулоти иловагӣ, аз ҷумла намак, ки бесифат ва мӯҳлаташон сипарӣ гардида буд, кашфу мусодира шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG