Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Расо як сол пеш гурӯҳи «Давлати исломӣ» аз таъсиси “Хилофати Исломӣ” ва «халифа» эълон шудани Абӯбакр Бағдодӣ хабар дод. Дар маҳофили сиёсӣ суоле матраҳ аст, ки тайи як сол “Давлати исломӣ” аз худ барои ислому мусалмонҳо чӣ “мерос” гузоштааст?

Либа Томкова, як сокини шаҳри Прага, аз сафар ба Тунис худдорӣ кард. Ӯ мегӯяд, ки баъди бознишаста шуданаш ҳар тобистон дар яке аз кишварҳои Ховари Миёна ё шимоли Африқо сафар мекард ва имсол мехост, ки бо Тунис ошно шавад. Аммо ҳамлаи хунбори ахир дар яке аз меҳмонсароҳои шаҳри Сус хонум Либаро маҷбур кард, ки дархости сафарро лағв кунад. Либа меафзояд, корманди ширкати сайёҳӣ тааҷҷуб накард ва гуфт, ки чанд каси дигар ҳам аз сайёҳат ба ин кишвари арабӣ парҳез намудааст. Хонум Томкова мегӯяд, ки акнун ба ягон фароғатгоҳи аврупоӣ меравад. «Ман ба мусалмонҳо эҳтиром дорам, аммо, рости гап, акнун аз сафар кардан ба давлатҳои арабӣ метарсам», иқрор мекунад ӯ.

Ранги арғувонии қуми соҳил дар канори як меҳмонсарои шаҳри Сус оламиёнро такон дод. Як ҷавони ситезаҷӯ сӯи хориҷиҳое, ки дар соҳили баҳр дам мегирифтанд ваё каноримеҳмонсаро буданд, хунсардона аз автомати Калашников тир андохт ва 38 хонаводаро мотамзада кард. «Давлати исломӣ» эълом дошт, ҳамлагари аз сӯи полис кушташуда, кушторро бо дастури ин гурӯҳ иҷро кардаааст.

НА «ДАВЛАТ», НА «ИСЛОМӢ»

Суоли «Гурӯҳи Давлати исломӣ» бо Ислому мусалмонҳо чиҳо кард»? чанд моҳ боз зеҳни Ҳасани Шариатмадорӣ, ховаршиноси муқими Олмонро машғул нигаҳ медорад. Ин донишманд, ки ба таҳқиқи паёмадҳои амалиёти гурӯҳи ситезаҷӯ машғул аст, бо дареғ мегӯяд, эҷоди тарсу ваҳшат бо қатли ваҳшиёнаи мардуму харобкориҳо аз сӯи гурӯҳи «Давлати исломӣ» дини Ислом ва ҷомеъаи мусалмонҳоро дар бадтарин вазъ дар даҳсолаҳои ахир қарор додааст. Ҳарчанд аз аъмоли ситезаҷӯён мусалмонҳо назар ба масеҳиҳову язидиҳо бештар ранҷ мекашанд – миллионҳо мусалмонҳои Ироқу Сурия дар урдугоҳҳои паноҳандагон зиндагии риққатбору пур аз азиятро таҳаммул мекунанд, ситезаҷӯён ҳазорҳо мусалмонро ноҳақ эъдом карда, манзилҳояшонро оташ задаву хароб карданд ва занону духтаронашонро чун ғулом фурӯхтанд.

Аз ҳамлаҳои мусаллаҳони гурӯҳ кишварҳои мусалмонӣ, ки даромадашон аз ҳисоби фароғату ҷаҳонгардист, миллиардҳо доллар зарар мебинанд. “Давлати исломӣ”, ба гуфтаи Ҳасани Шариатмадорӣ, на фақат ёдгориҳои замони Бобулистону айёми Ошуриҳо ва то -Масеҳӣ, балки ёдгориҳои бостонии аҳди исломиро ҳам тахриб кардааст. Ҳафтаҳои охир фақат дар шаҳри Мовсили Ироқ масҷиди таърихии "Марям хотун", ки соли 1821, замони Хилофати Усмонӣ, бунёд шуда буд, масҷидҳои бостонии "Султон Вайс", "Ал-Ҳадра" ва қадимтарин масҷиди минтақа, ки бино ба маъхазҳои таърихӣ, аз замони халифа Умар боқӣ мондааст, ба хок яксон карда шуданд.

Озода Киён

Озода Киён

Озода Киён, пажуҳишгари Ховари Миёна дар шаҳри Порис, аз он афсус мехӯрад, ки бо «шарофат»-и гурӯҳи «Давлати исломӣ» моҳҳои ахир дар зеҳни аврупоиҳо тасвири зиште аз ислому мусалмонҳо пайдо шуд ва ин тасвир муносибати мардуми бумӣ ба ҳамсояҳои мусалмонашонро сард кардааст.

Фаронса ягона кишвари аврупоист, ки ваҳшати «Давлати исломӣ»-ро дар ҷисму ҷони худ эҳсос кард – ибтидои сол мусаллаҳони ин гурӯҳ ба идораи маҷаллаи «Шарлӣ Эбдо» ҳамла карда, 12 нафар, аз ҷумла, 7 корманди нашрияро куштанд. Ин ҳодиса ва хабари ба «Давлати исломӣ» пайвастани дасти 1200 мусалмони Фаронса исломситезии бесобиқаро дар ин кишвар доман зад ва аз он, ба гуфтаи Озода Киён, мусалмонҳое осеб мебинанд, ки ҳама гуна террору ситезаҷӯиро маҳкум мекунанд ва ба арзишҳои ҷомеъаи фаронсавиҳо арҷ мегузоранд.

Ҷамшед Усмонов, таҳиягари тоҷики муқими Порис мушоҳида кардааст, ки ҳоло мардуми маҳаллӣ аз ҳамсояи мусалмони худ истиҳола мекунанд ва агар, бигирем, хонуми фаронсавие дар кӯча бо марди мусалмони ришдор рӯ ба рӯ шавад, зуд ба он сӯи кӯча мегузарад…

«ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ»: “ПИРӮЗӢ ДАР СОЯИ ТАРС”?

Муҳаққиқон мегӯянд, ки «Давлати исломӣ» ва «Ал-Қоида» идеологияи воҳид доранд, ки решаи он «салафияи ҷиҳодист». Аммо, ба гуфтаи оғои Шариатмадорӣ,«Давлати исломӣ» дар фарқ бо «Ал-Қоида» аз такфир истифода мебарад, яъне ҳар нафарро дар сурати зарурӣ «кофир» эълон мекунад. Ҳамзамон эҷоди тарсу ваҳшат дар меҳвари фаъолияти гурӯҳ аст. Донишманди олмонӣ ҳадс мезанад, ки раҳбарони «Давлати исломӣ» дар эҷоди тарсу ваҳшат ба «хавориҷиҳо»,нахустин дар таърихи ислом гурӯҳи мазҳабиву сиёсӣ, ки соли 657 баъд аз муҳорибаи Сиффин миёни халифа Алӣ ва ҳокими Сурия Муовия, пайдо шудааст, пайравӣ мекунанд. 12 ҳазор аз ҷангиёни Ҳазрати Алӣ ба нишони эътироз аз сулҳ бо Муовия ибни Абӯ Сӯфён даст ба ошӯб заданд ва дар Басра пойгоҳи низомӣ таъсис карданд. «Хавориҷиҳо» барои расидан ба ҳадафҳои худ ва дар дили мардум ҷой кардани тарсу ҳарос аз куштору ошӯб кор мегирифтанд ва яке аз аввалин дар таърихи ислом «сӯиқасди сиёсӣ» дар соли 661 – куштори Ҳазрати Алӣ ва захмӣ шудани Муавия - кори дасти онҳост.

Ҳоҷӣ Мирзо

Ҳоҷӣ Мирзо

Рӯҳонии маъруфи тоҷик Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов ҳам “Давлати исломӣ”-ро аз пайравони “хавориҷиҳо” мехонад. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ӯ бо ишора ба парчами “Давлати исломӣ” аз як ҳушдори ҳазрати Алӣ ёдовар шуд, ки гуфта буд, "вақте парчамдорони сиёҳро мебинед, хонашиниро интихоб кунед. Дили инҳо монанди оҳан аст ва ҳарчанд мардумро ба ҳақ даъват хоҳанд кард, худашон дар роҳи ҳақ нестанд". Ба гуфтаи рӯҳонии тоҷик, Ҳазрати Алӣ дастур дода буд, фақат замоне аз хонаҳои худ берун шавед, ки миёни сиёҳпарчамҳо ихтилоф уфтад ва “иншоаллоҳ, байни инҳо зуд ягон ихтилофе пайдо мешаваду ҳамин бадбахтиҳое, ки дар инҳо ҳаст ва тамоми ҷаҳонро дар тарсу ҳарос боқӣ мондаанд, аз байн мераванд”.

Эъдоми хунсардонаи садҳо низомии суриягӣ, куштори дастаҷамъонаи садҳо язидӣ, қатли гаравгони бритониёвӣ Дэвид Ҳейнс, хабарнигорони амрикоӣ Ҷеймс Фоулӣ ва Стивен Сотлофф, оташ задани халабони урдунӣ Муоз Ал-Касосбеҳ, қатли хабарнигори ҷопонӣ Кендзӣ Гото ва гаравгон Ҳаруна Юкава аз сӯи “Давлати исломӣ” маҳз ба хотири дар дилҳо ҷой кардани тарсу ҳарос анҷом шудааст.

Ҳасани Шариатмадорӣ мегӯяд, таърих гувоҳ аст, ки гурӯҳҳои диктаторӣ - чӣ мазҳабӣ ва чӣ ғайримазҳабӣ, бо сарбуриҳо дар дили мардум тарсу ваҳшатро ҷой мекунанд, то аз итоаташон берун нараванд. Халифаҳои араб замони ҷаҳонкушоӣ, темуриҳову муғулҳо ва гурӯҳҳое, ки аз Осиёи Марказӣ ба кишварҳои дигар ҳамла мекарданд, равиши “пирӯзӣ дар сояи тарс”-ро пеша карда буданд, мегӯяд ӯ. Ягона роҳ дар муқобили тарсу ваҳшатафкании гурӯҳи “Давлати исломӣ”, аз нигоҳи Озода Киён, роҳ наёфтани бим дар дили онҳоест, ки бо ин ситезаҷӯён даргир мешаванд.

БАҲОИ ДУХТАР ...ЯК ҚУТТӢ СИГОР

Озода Киён мегӯяд, доғи дигар дар домони ислом - ташкили бозори духтарони ғулом дар Сурия аз сӯи ситезаҷӯён аст Зайнаб Бангура, фиристодаи СММ дар умури мубориза бо хушунати ҷинсӣ, баъд аз сафараш ба Ироқу Сурия гуфт, духтароне, ки ситезаҷӯёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар Ироқу Сурия мерабоянд, дар бозорҳои ғуломон бо баҳои аз 200 то ҳазор доллар, аммо баъзан бо баҳои пойинтар аз як қуттӣ сигор фурӯхта мешаванд.

Духтарони язидӣ, ки аз банди ситезаҷӯён раҳо шудаанд

Духтарони язидӣ, ки аз банди ситезаҷӯён раҳо шудаанд

Ба гуфтаи ӯ, тақрибан аз 3 то 5 ҳазор духтарони қадрас мавриди хушунати ҷинсӣ қарор гирифтаанд. Мусаллаҳони “Давлати исломӣ” ҳангоми ишғоли ин ё мавзеъ занону духтаронро бо худ мебаранд ва аз ин рӯ ҳамеша духтарони навро дар ихтиёр доранд». Дипломати воломақоми СММ мегӯяд, ситезаҷӯён баъди ишғоли шаҳрак ё русто занҳоро ҷудо мекунанд ва мардҳову наврасҳои аз 14-сола болоро ба қатл мерасонанд. Духтарони наврасро урён карда, бокира будан ё набуданашон ва андозаи синаи онҳоро месанҷанд. Духтарони зебову бокира, ки онҳоро метавон бо қимати боло фурӯхт, ба шаҳри Раққаҳ фиристода мешаванд.

Бино ба иттилои Зайнаб Бангура, ба ин духтарон қабл аз ҳама шайхҳо, баъдан амирҳо ва дар ниҳоят ҷангиён дастрасӣ доранд. Онҳо ҳар кадом се-чаҳорӣ духтарро тақрибан як моҳ пеши худ нигаҳ медоранд ва сипас онҳоро ба бозор мебароранд. “Мо дар бораи духтаре шунидем, ки 22 бор фурӯхта шуда буд ва як духтари дигар, ки ба фирор муваффақ шудааст, ба мо гуфт, як шайх номашро дар дасти ӯ холкӯбӣ кард, то нишон диҳад, ки ин духтар моликияти ӯст”, мегӯяд Зайнаб Бангура. Бархӯрд бо баъзе занону духтарони язидӣ баъзан ваҳшиёна аст, шоҳидон ба фиристодаи СММ гуфтанд ситезаҷӯён як духтари 20-соларо барои он ки аз робитаи ҷинсӣ саркашӣ кардааст, зинда оташ заданд...

Пажуҳишгарон теъдоди мусаллаҳони гурӯҳи «Давлати исломӣ» аз 10 то 80 ҳазор нафар рақам мезананд. Устоди сиёсатшиносӣ дар Донишгоҳи Колумбияи ИМА ва мушовири пешини нерӯҳои байнулмилалӣ дар Ироқ Остин Лонг гуфтааст, ки миёни онҳо шумораи мусалмонҳои воқеъан эътиқодманд аз чанд ҳазор беш нест. Гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ба гуфтаи ӯ, ҳамарӯза то 4 миллион доллар фойида мебинад. Дар фарқ бо шабакаи “Ал-Қоида”, ки аз сӯи баъзе кишварҳои Халиҷи Форс сармоягузорӣ мешавад, “Давлати исломӣ” хазинаи худро аз фурӯши ғайриқонунии нафт, яғмои бонкҳо, одамрабоӣ ва дигар аъмоли ношоиста пур мекунад. Айни ҳол беш аз 90 ҳазор километри мураббаъ хоки Сурияву Ироқ, ки баробар ба қаламрави Урдун аст, таҳти назорати ин гурӯҳ қарор дорад.

Муҳаққиқон мегӯянд, ки баҳои ин ҳама - обрӯи дини ислом ва мусалмонҳост, ки барои эҳёи он баъд аз сари "Давлати исломӣ" солҳои тулонӣ зарур хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG