Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Насли ҷавоне, ки дар авҷи даргриҳои дохилӣ аз кишвар берун рафта, худро ба Русия задааст, мегӯяд, ин ҷанг ба онҳо муҳоҷират ва дарди дурӣ аз наздиконро ба "ҳадя" дод.

Ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми қарни гузаштаи Тоҷикистон наврасони он солҳоро ба маҳрумиятҳо дучор кард ва як умр лаззати ҳаёти ҷавониро аз онҳо рабуд. Азиз яке аз наврасони ҳамон солҳост, ки аз ноҳияи Ваҳдат ба Русия рафта, ба ҷойи рӯзҳои шоди ҷавонӣ корҳои вазнин мекард ва то ҳанӯз ҳам дар он ҷост.

"Дар хонаи одамон барои таҳкурсии хона чуқурӣ мекандем, бетон мерехтем. Ҳоло гуфтан мумкин аст, ки "миён" надорам. Ҳамон солҳо зарар дидааст. То ҳоло оиладор ҳам нашудаам," -- нақл кард Азиз.

Ӯ мегӯяд, тадриҷан бо шароити кор дар Маскав ошно шуда ва барои кор ба Екатеринбург омадааст. Ҳоло дар он ҷо дар як муассисаи нақлиётӣ "диспетчер" аст. Вале ҷои хоби доимӣ надорад: "То ҳол дар вагон хобам. Кор мекунаму ҳар рубли пасандозшударо мехоҳам ба хона, ба модарам фиристам."

Азиз дар ноҳияи Ваҳдат дар мактаби русӣ таҳсил кардааст ва забони русиро дар муқоиса бо ҳамсолони дигараш хеле хубтар медонад. Ба ин далел, ҷавонону наврасоне мисли худаш то ҳол барои кумак ба вай муроҷиат мекунанд. Азиз мехоҳад, оиладор шавад, вале шак дорад, барои арӯсӣ маблағи кофӣ ҷамъ карда наметавонад. Аз вай мепурсем, бо духтаре аз Ватан мехоҳад арӯсӣ кунад, ё аз Русия? Ӯ эҳсосоташро пинҳон намедорад ва мегӯяд: "Аз Ватан, аз Ватан... Агар ҳоло ба ман як кас гӯяд, ки ҷои корат дар Ватан тайёр аст, ин қадр маош мегирӣ, ман аз баҳри ҳама чиз дар ин ҷо мегузарам, ба Ватан меравам. Ҳатто ягон либоси ҳамин ҷоро бо худ намегирам. Бӯи Ватан дигар аст. Модарам дар он ҷост."

Аз минтақаҳое, ки оташи ҷанг дар он ҷойҳо дар аввали солҳои 1990 аланга гирифта буд, ҳазорон нафар барои ҳифзи ҷони худ хонаву дари худро раҳо карданд ва рӯ ба муҳоҷират оварданд. Сарнавишти баъдии ҳамаи онҳо яксон нест. Баъзеи онҳо ҳоло соҳиби кори хуб ва зиндагии хуб шудаанд. Баъзеҳои дигар ба ватан баргаштаанд.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи раёсати муҳоҷират дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, он солҳо ҳисоби муҳоҷирон гирифта намешуд ва то соли 1997, яъне то имзои Созишномаи сулҳ тахминан 600 ҳазор нафар Тоҷикистонро тарк карда ва ба кишварҳои дигар рафтаанд.

Дар солҳое, ки мавҷи аввали муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Русия оғоз ёфт, худи Русия низ пас аз фурӯпошии Шӯравӣ марҳилаи бӯҳрониро аз сар мегузаронд. Қонунҳои танзими муҳоҷират вуҷуд надошт. Аҳолии таҳҷоии рус ба қабули муҳоҷирон омода набуданд. Ба гурезагони ҷанг бо ангушт ишора карда, онҳоро манбаи бемориҳои гуногун мепиндоштанд. Барои мавҷи аввали муҳоҷирон таҳаммули чунин ҳолат кори содда набуд. Барои зинда мондан онҳо заҳри ҳар гуна таҳқирро фурӯ мебурданд ва дар ҷисми хастаи худ сабурона ҳал мекарданд.

Раҳматулло Мазориев, коршиноси умури муҳоҷират дар кишвари Перми Русия мегӯяд, он солҳо дар Русия унсурҳои ҷиноятпеша ё "рекет"-ҳо дасти боло доштанд ва ҳатто пулисро нодида мегирифтанд. Корхонаҳои фаъол ва мағозаву бозорҳо дар дасти чунин унсурҳо буд. Онҳо барои кор на ба наврасон, балки ба муҳоҷирони калонсол низ дастмузди "хӯру намур" медоданд.

"Ман худам дидаам, ки дар назди бозори марказии шаҳри Перм як қубури оби гарм буд. Зимистон панҷ-шаш нафар сокинони ноҳияи Шаҳритус болои сарпӯши онро тоза карданд ва атрофашро маҳкам карданд. Дар гармии қубур шабҳоро дар он ҷо рӯз мекарданд ва ҳамин тавр зимистонро гузаронданд, то замоне, ки пулис онҳоро аз он ҷо пеш кард," -- ба ёд овард Мазориев.

Хусрав Аюбов, коршиноси дигар дар Маскав, бо наврасони солҳои ҷанги шаҳрвандӣ иртибот ва ҳамкорӣ дорад. Ӯ мегӯяд, аксари онҳо ҳамеша ёди Ватан мекунанд ва мехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд: "Бо гузашти 10-15 сол муҳоҷироне, ки ҳамон вақт ба Русия омада буданд, то ҳол дар фикри Ватан ва ёди Ватан ҳастанд. Ман бо бисёре аз онҳо ҳамсӯҳбат шудаам. Онҳо мегӯянд, ки аз зиндагӣ дар Русия хаста шудаанд ва мехоҳанд ба зодгоҳ баргарданд."

Азиз аз шаҳри Екатеринбург низ ҳамин ҳарфҳоро чанд бо ба забон овард ва мегӯяд, агар касе ба вай кор пешниҳод кунад, дақиқае дар Русия нахоҳад монд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG