Пайвандҳои дастрасӣ

Бохти мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз Русия-2


Tajikistan/Kazakhstan, Tajikistan national youth football team at Kazakhstan presidential Cup,24June2015

Tajikistan/Kazakhstan, Tajikistan national youth football team at Kazakhstan presidential Cup,24June2015

Имрӯз, 26 июн, мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар Ҷоми президенти Қазоқистон дар Остона аз дастаи Русия-2 бо ҳисоби 0-1 шикаст хӯрд.

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон имрӯз, 26 июн, дар бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум дар мусобиқаи 8-уми байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Қазоқистон байни футболбозони синнашон зери 17-сола дар Остона аз тими Русия-2 бо ҳисоби 0-1 мағлуб гашт. Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон дар байни 8 даста мақоми шашумро касб кард. Дастаи Русия-2 дар ҷойи панҷум қарор гирифт.

Дар бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум бошад, мунтахаби Беларус бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 3-1 ғолиб омад. Имрӯз, инчунин дастаи мунтахаби Гурҷистон, ки барои ҷойи 3-юм тими Қазоқистонро бо ҳисоби бузурги 8-1 шикаст дод,бо медалҳои биринҷӣ ва 4 ҳазор доллари амрикоӣ мукофотонида хоҳад шуд.

Ғолибони гурӯҳҳо – дастаҳои мунтахаби наврасони Испания ва Озарбойҷон - дар бозии ниҳоӣ бегоҳи ҷумъаи 26 июн рақобат карданд. Замони асосии бозӣ бо ҳисоби 1-1 хотима ёфт. Аз рӯи силсилаи пеналтӣ мунтахаби Испания бо ҳисоби 4-1 ғолиб омад. Испаниҳо бо Ҷоми президенти Қазоқистон, медалҳои тилло ва ҷоизапулӣ ба маблағи 10 ҳазор доллари амрикоӣ сарфароз гаштанд. Ба дастаи Озарбойҷон, ки ҷойи дувумро гирифт, медалҳои нуқра ва 6 ҳазор доллар супурда шуд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар нахустин даври ин мусобиқа аз тими Испания бо ҳисоби 0-3 шикаст хӯрда, дар даври дувум бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 2-1 ғолиб омад, вале дар бозии севуми сабқати гурӯҳӣ аз тими мизбон – Қазоқистон – бо ҳисоби 1-2 мағлуб гашт ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои ҷому медалу ҷоизапулӣ маҳрум шуд.

XS
SM
MD
LG