Пайвандҳои дастрасӣ

Мижгона Худойдодова: Аз истирдоди Шабнам ба Тоҷикистон нигаронем


Шабнам Худойдодова. Акс аз шабакаи Твиттер

Шабнам Худойдодова. Акс аз шабакаи Твиттер

Мижгона Худойдодова, хоҳари Шабнам Худойдодова - аз тарафдорони боздоштшудаи "Гурӯҳи 24" гуфт, бо гузашти як ҳафта аз замони дастгир шудани ӯ дар Белорус аз чигунагии вазъаш хабар надоранд.

Мижгона Худойдодова, хоҳари бузурги Шабнам Худойдодова - аз ҷонибдорони созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24" мегӯяд, як ҳафта боз аз аҳволи хоҳари боздоштшудааш дар шаҳри Брести Белорус хабар надорад ва то кунун натавонистааст бо ӯ сӯҳбат кунад. Шабнам Худойдодова 12 июни соли ҷорӣ бо дархости ҷониби Тоҷикистон аз сӯи мақомҳои Белорус ба иттиҳоми ифротгароӣ боздошт шудааст. Ҳарчанд хоҳари бузургаш мегӯяд, дар бораи вазъу ҳоли ӯ чизе намедонад, аммо мақомоти умури дохилии шаҳри Брести Белорус аз эҳтимоли истирдод (экстрадитсия)-и ӯ ба Тоҷикистон сӯҳбат мекунанд.

Мижгона Худойдодова 19 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, хоҳараш солҳои охир дар шаҳри Санкт-Петербург ба нигоҳубини афроди калонсону бекас машғул буд ва аз ин ҳисоб барои рӯзгузаронӣ пул кор мекард. "Аммо дар вақтҳои холигияш ба сиёсат шавқ дошт ва бо намояндагони созмонҳои мухолифи "Гурӯҳи 24" ва Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон дар Русия иртибот мегирифт," -- афзуд Мижгона.

Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, Шабнам Худойдодова бештар дар олами маҷозӣ, яъне Интернет, бо мухолифон сӯҳбат доштааст ва ҳоло барои ӯ маълум нест, оё хоҳараш рӯбарӯ бо раҳбарони мухолифин дар хориҷ аз кишвар низ дидору гуфтугӯ дошта ва ё дар ҳамоишҳои онҳо иштирок кардааст, ё не. Дар Тоҷикистон ҳам номи Шабнам Худойдодова ба ҳайси фаъоли Гурӯҳи мамнӯи 24 матраҳ нест ва Надежда Атаева -- ҳомии ҳуқуқи башар дар Фаронса ҳам мегӯяд, Худойдодова бештар зери номҳои мустаор дар интернет назарашро пахш мекардааст.

Мижгона Худойдодова сабаби сафари хоҳараш аз Санкт-Петербург ба Белорусро дарёфти паноҳандагӣ аз дафтари Созмони Милал дар ин кишвар донист. Ӯ гуфт, Шабнам баъд аз фишорҳои мақомоти Тоҷикистон болои оилаашон, маҷбур шудааст, аз Созмони Милал паноҳандагӣ бихоҳад. "Қаблан мақомоти интизомии Тоҷикистон ба манзили модарамон дар шаҳри Кӯлоб "меҳмон" шуда буданд. Ӯ бо эҳсоси фишор дар тараддуди дарёфти паноҳандагӣ буд," -- гуфт Мижгона.

Вай мегӯяд, хоҳараш вақте аз Санкт-Петербург берун мерафт, дар дасташ 300 евро, 30 ҳазор рубли русӣ ва сад доллар доштааст. Ба қавли Мижгона, хабари боздошти хоҳарашро ба ӯ як зани ношиноси русзабон бо хоҳиши худи Шабнам расондааст.

Дар ҳамин ҳол, дар Раёсати умури дохилии Брести Белорус ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Шабнам Худойдодова дар боздоштгоҳи муваққати шумораи 7-и ин шаҳр нигоҳдорӣ мешавад. Ба қавли сухангӯи Раёсати умури дохилии Брест, Сергей Дученко, "вазъи боздоштшуда хуб аст ва дар сурати зарурат ниҳодҳои тафтишотӣ омода ҳастанд, барои дидорбинии намояндагони Салиби Сурх бо ӯ иҷоза бидиҳанд."

Дар бахши иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати корҳои дохилии Белорус гуфтанд, бар асоси қонунҳои ин кишвар ҳар шаҳрванд баъди боздошташ бо вакили дифоъ таъмин мешавад ва Шабнам Худойдодова низ вакили худро дорад. Аммо гуфтанд, то замони эълони айбнома ҷузъиёти тафтишотро ифшо карда наметавонанд.

Бар асоси иттилои расмии Раёсати умури дохилии Брест, Шабнам Худойдодова, шаҳрванди Тоҷикистон ба далели вуҷуди номаш дар рӯйхати одамоне, ки дар ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор доранд, боздошт шудааст. "Ӯ ба Тоҷикистон истирдод хоҳад шуд," -- гуфтанд дар Раёсати умури дохилии Брест ба Озодӣ.

Рӯзи 19 июн намояндаи расмии Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон дар шаҳри Минск ба Радиои Озодӣ гуфт, субҳи имрӯз номаи ин созмон ба унвонии ВКД-и Белорус бо дархости мулоқот бо боздоштшуда фиристода шуд. "Мо умедворем, алакай ҳафтаи оянда метавонем бо Худойдодова мулоқот кунем ва агар ӯ бихоҳад, аризаи дарёфти ҳаққи паноҳандагиро дар хоки Белорус бидиҳад, онро қабул мекунем. Сохторҳои интизомии ин кишвар корро сареъ ва хуб ба кор мондаанд ва мо умедворем, ки бидуни таъхир иҷозати дидорбинии мо бо хонум Худойдодова ҳам дода хоҳад шуд," -- гуфт ин масъули СММ.

Боздошти Шабнам Худойдодова дар ҳолест, ки дар оғози моҳи июн Эҳсон Одинав, маъруф бо имзои мустаори "Сарафрози Оламафрӯз", ки аз фаъолони интернетии "Гурӯҳи 24" гуфта мешуд, нопадид гардид ва то ҳол маҳалли будубош ва ё нигоҳдории ӯ эълон нашудааст. Вай бо иттиҳоми рахна задан дар почтаи электронии яке аз сафоратҳои Тоҷикистон ва шикастани қуфли почтаи нашрияи "Вечерка" аз тарафи Интерпол ҷустуҷӯ мешуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG