Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

​Барои рафъи оқибатҳои сели харобиовар, ки рӯзи якшанбе дар шаҳри Исфара, дар наздикиҳои вилояти Бодканди Қирғизистон омад, мардуми ду тараф даст ба дасти якдигар додаанд.

Сокинони Исфара ва Бодканд дар якҷоягӣ барои рафъи оқибатҳои селе, ки рӯзи якшанбе дар пайи тармафароӣ омада, чанд пул, хатҳои интиқоли барқ ва киштзорҳоро хароб карда буд, дасту панҷа барзадаанд. Хабарнигори “Озодӣ”, ки ба ин ноҳияи наздимарзӣ рафт, мегӯяд, сатҳи оби рӯдхонаи Исфара дар муқоиса ба як рӯзи пеш каме поин омада, вале ҳамчунон лойолуд аст.

Дар мавзеи Тангии канори ҷамоати Ворух гурӯҳи кормандони идораи барқ низ ба ҷои пояҳои шикаста сутунҳои нав гузошта, хатти барқи баландшиддатро васл мекарданд. Собирҷон Сафаров, як масъули ҷамоати Ворух, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо васли ин хатти гусаста интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳои сокинони Ворух аз сар гирифта хоҳад шуд. Онҳоро сели калон субҳи гузашта аз барқ маҳрум кард. Ҳоло ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, тавассути хатти эҳтиётӣ нерӯи барқ танҳо барои муассисаҳои ҳаётан муҳим, мисли табобатхонаву мактаб интиқол дода мешавад.

"Рӯзи гузашта баъди сел мақомоти Исфараву Бодканд, раисони ҷамоатҳо, масъулони кумитаҳои вазъи изтирории ҷамоатҳои ҳамсояи тоҷику қирғиз бо ҳам вохӯрда, якҷоя ҷойҳои селзадаро дидем ва барои бартараф намудани оқибатҳои ин офати табиӣ машварат кардем. Ҳоло дида истодаед, ки касе чаро ба кори якдигар, омадурафти техника халал намерасонад. Якдигарфаҳӣ ҳаст," -- гуфт Сафаров.

Дар канори рӯди Исфара ва даруни канали хурде дар мавзеи Тангии байни деҳаҳои Ворух ва Хоҷаи Аъло гурӯҳе қирғизҳо низ ҳезуму лойу реги обовардаро ҷамъ оварда, роҳи обро боз мекарданд. Марди қирғизе, ки зоҳиран ба ин гурӯҳ роҳбарӣ мекард, гуфт, ин канал ба замини қирғизҳову сокинони Хоҷаи Аъло низ об мебарад ва дар ин рӯзҳои авҷи кори мазореъ мехоҳанд, ба зудӣ пеши онро кушоянд.

Як ҷавон аз деҳаи Хоҷаи Аъло гуфт, аз сели гузашта деҳқононе, ки дар соҳили рӯд замин доранд ва дар он зироаткорӣ мекунанд, зарар диданд. Дар байни деҳаи Чоркӯҳ се “булдозер” даруни рӯд пеши пулеро, ки об як канорашро каме рахна карда буд, аз сангу шағал тоза мекарданд.

Даврон Зоҳидзода, раиси ноҳияи Исфара, ки ҳамроҳи як гурӯҳи корӣ дар он ҷо буд, гуфт, барои рафъи оқибатҳои сел як ситоди корӣ таъсис шудааст ва мақомҳои ҳукуматҳои ноҳияву ҷамоатҳо дар соҳилҳои рӯд назди сокинон қарор доранд.

Айни видео дар Ютуб:

XS
SM
MD
LG