Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қурби доллар баъди ҷаҳиши бесобиқа дар баробари сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон, ба якборагӣ поин рафт ва Бонки миллии кишвар мегӯяд, ин вазъ ба афзоиши интиқоли пул аз хориҷ рабт дорад.

Бонки миллии Тоҷикистон коҳиш ёфтани қурби долларро ба мӯътадил шудани қурби рубл ва афзоиш ёфтани интиқоли пул аз хориҷ ба кишвар рабт дод. Аз дафтари матбуотии Бонки миллӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳо баъди 13 марти соли ҷорӣ дар бозори арз мудохилаи асъорӣ ва ё интервенсия анҷом надодаанд.

"Асосан афзоиши интиқолҳои пулӣ аз хориҷи кишвар ва боло рафтани қурби рубли Русия, ки аз шарикони иқтисодии Тоҷикистон аст, боис ба коҳиш ёфтани доллар шудааст," -- афзуд манбаъ. Мусоҳиби мо гуфт, инчунин даромадҳои асъории кишвар аз ҳисоби содирот зиёд шудааст, ки боиси бештар шудани доллар дар бозори арз ва, ҳамин тариқ, коҳиш ёфтани нархи он гаштааст.

Дар ҳамин ҳол, дар Бонки миллӣ мегӯянд, ҳарчанд интервенсия ба бозори раз сурат намегирад, аммо масъулони бонк ҳамкориро бо бонкҳои тиҷоратӣ барои ба эътидол овардани қурби пули миллии сомонӣ тақвият бахшидаанд.

Субҳи 25 май 100 доллар дар саррофиҳои пойтахти Тоҷикистон дар баробари пулӣ миллӣ 14 сомонӣ арзонтар шуда, бо 640 сомонӣ баробар гашт, дар ҳоле ки як рӯз пеш ин миқдор доллар 652-654 сомонӣ буд.

Дар ним соли охир ин бори аввал аст, ки қурби афзояндаи доллар дар Тоҷикистон бо коҳиш рӯбарӯ мегардад. Дар ин муддат тавоноии пули миллии сомонӣ қариб 16 дарсад камтар шуда, Бонки миллии Тоҷикистонро водор карда буд, ба ғайр аз мудохилаи молӣ ба бозори пул ҳамчунин барои саррофиҳо қурбро муайян кунад.

Дертар, манъ шудани кори саррофиҳои хусусӣ бо як дастури Бонки миллӣ боиси ба вуҷуд омадани “бозори сиёҳ” шуд. Дар ин байн арзиши доллар ҳафтаҳои охир рӯ ба афзоиш дошта, 100 доллар дар бозори ғайрирасмӣ ба 680 сомонӣ расида буд.

Поин рафтани қиммати доллар дар соли равон собиқа надошт ва ин ҳам дар ҳоле ба вуҷуд омад, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо фармони хеш раиси Бонки миллӣ − Абдуҷаббор Ширинзода ва се муовинонашро аз мансаб барканор кард.

Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта гуфта буданд, ки қурби доллар дар "бозори сиёҳ"-и кишвар поён рафта, ба қурби расмии саррофиҳо баробар шудааст. Сироҷиддин Икромов , муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар парлумон гуфт, минбаъд бозори асъор таҳти назорати Бонки миллӣ қарор мегирад ва ҳоло барномаи зиддибӯҳронӣ таҳия шудааст, ки барои ба эътидол овардани бозори асъор мусоидат хоҳад кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG