Пайвандҳои дастрасӣ

Фёдор Емеляненко ба Тоҷикистон меояд


​Фёдор Емеляненко, варзишгари маъруфи русиягӣ дар риштаи муҳорибаҳои размии омехта, ба Хуҷанд меояд.

Фёдор Емеляненко, варзишгари маъруфи русиягӣ дар риштаи муҳорибаҳои размии омехта, раиси Иттиҳодияи якҳарбаҳои размии омехта - ММА-и Русия ба Хуҷанд меояд ва ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба муҳориботи омехта ширкат меварзад.

Ин мусобиқаи қитъавӣ рӯзҳои 23-24 май дар Варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолият”-и Хуҷанд барпо мегардад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз Федератсияи муҳориботи размии омехта - ММА-и Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои ин манбаъ, дар ин мусобиқа ширкати варзишгарон аз Кореяи ҷанубӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Эрон ва кишварҳои дигар дар назар аст.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Артур Одилбеков, Маҳмадулло Искандаров, Муборакшо Муборакшоев, Азим Гулобов ва дигарон шомиланд.

Фёдор Емеляненкои 38-сола, қаҳрамони чаҳоркаратаи ҷаҳон оид ба муҳориботи размии омехта - ММА дар вазни сангин аз рӯи ривояти «Pride FC», қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон аз рӯи ривояти «RINGS», қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон аз рӯи ривояти «WAMMA», қаҳрамони чаҳоркаратаи ҷаҳон ва қаҳрамони ҳафткаратаи Русия оид ба самбои размӣ мебошад.

Ин сафари Фёдор ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки рӯзи гузашта бародари ӯ Александр Емеляненко, ки варзишгари риштаи муҳорибаҳои размии омехта аст, ба ҷурми таҷовуҷ ба номус чоруним сол зиндонӣ шуд. Кумитаи тафтишотии Русия рӯҳи 19 май гуфт, ки Фёдор инчунин барои дуздии шиносномаи ҷабрдида айбдор мешуд, ба пардохти 50 ҳазор рубл ҷарима муваззаф гардидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG