Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарони СПАД: Размоиш "нигоҳ"-е ба Афғонистон буд (ВИДЕО)


Вазири дифои Тоҷикистон гуфтааст, ки кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ тавони муқобила бо ҳаргуна таҳдидҳо ва хатароти ношӣ аз хориҷ, ба хусус аз Афғонистонро доранд.

Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон рӯзи 19 май дар поёни машқҳои низомии нерӯҳои вокуниши сареи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар размоишгоҳи "Ҳарбмайдон", воқеъ дар ҷануби Тоҷиистон гуфт, баргузории размоиши нерӯҳои вокуниши сареи СПАД собит кард, ки нерӯҳои ин паймон омодаи посухгӯӣ ба ҳар гуна таҳдиду хатароти ҷаҳони муосир ҳастанд.

“Санҷиши ногаҳонии неруҳои вокуниши сареи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ бори нахуст ва ин ҳам ҳангоми бар дӯши Тоҷикистон будани роҳбарии ин созмон бо теъдоди зиёди техникаву низомиён дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ҳоле ки Тоҷикисон бо Афғонистон ҳаммарз аст ва эҳтимоли хатар вуҷуд дорад, гузаронидани чунин санҷишҳо хеле муҳим аст,” -- гуфт Шералӣ Мирзо.

Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД дар хусуси вазъи имрӯзаи Афғонистон ва хатарҳои эҳтимолии он ба марзи Тоҷикистон гуфт: “Албатта, вазъи имрӯзаи Афғонистон нигароникунандааст. Хусусан гурӯҳҳои экстермистие, ки байни худ ҳамкорӣ доранд, албатта, моро ҳам ба ташвиш овардаанд. Ин нигаронӣ баъд аз хуруҷи неруҳои низомии эътилофи байналмиллаӣ, ки мутаассифона, муддати беш аз 10 сол масъала ҳалношуда монд, зиёд мегардад.”

Размоиши нерӯҳои вокуниши сареи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ рӯзи 19 май дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон”-и ноҳияи Қубодиён, воқеъ дар ҷанубу ғарбии Тоҷикистон анҷом ёфт. Дар он нерӯҳои вокуниши сареи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ бо ширкати беш аз 2500 низомӣ аз кишварҳои узви ин паймон ширкат карданд.

Размоиши нерӯҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Ҳарбмайдон.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Дар "Ҳарбмайдон" хатти дифоӣ ва мавқеи ҷангие, ки дар навоҳии марзӣ барои муқобила бо душмани эҳтимолӣ ва вокуниши сареъ дар сурати ҳамла мушаххас карда шуд, мавриди муҳокима қарор гирифт. Сараввал бонги хатар садо дод ва неруҳои ҳарбии кишварҳои узвои СПАД пайи ҳам бо истифода аз техникаи ҳарбии ҳавоӣ ва зиреҳпӯшҳои ҷангӣ ва ҳам қушунҳои пиёдагард ба душмани эҳтимолӣ муқобала нишон доданд.

Ба гуфтаи Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон дар ин размоиши ҳарбӣ беш аз 250 адад техникаи ҳарбӣ истифода шуд. Аз ҷумла 20 ҳавопаймои ҷангӣ, 30 чархболи ҳарбӣ ва нақлиётӣ, 200 адад василаи нақлиётии зиреҳдор ҳангоми садо додани бонги хатар пайи ҳам вориди минтақаи ҳузури душмани эҳтимолӣ шуданд.

Фаридун Маҳмадалиев гуфт, рӯзи 12-уми май аз ҷониби Тоҷикистон барои омодагии ҷангӣ ишора шуд ва то 15-уми май аллакай неруҳои ҳарбии кишварҳои узви ин созмон аз ҷумла Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон Русия тавассути марзҳои ҳавоиву заминӣ вориди Тоҷикистон шуданд. Аммо нозирони вазъ дар хотир доранд, ки низомии баландпояи Русия гуфта буд, вуруди нерӯҳо ба Тоҷикистон дар ҳолати зарурӣ ҳамагӣ се соат хоҳад гирифт.

Размоиши нерӯҳои кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастиҷамъӣ тайи се рӯзи ахир дар манотиқи марзии навоҳии Шаҳритус, Панҷ, Фархор, Ҳамадонӣ, Кӯлоб, Шӯробод ва то ноҳияи Дарвозро дар бар гирифт ва ҳадафи аслии он, муқобилияти муштарак дар баробари ҳамлаи ногаҳонии гурӯҳҳои террористӣ аз ҷониби Афғонистон буд.

XS
SM
MD
LG