Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи Толибон як пулиси Иттиҳодияи Аврупо кушта шуд


Дар пайи ҳамлаи як нафари маргталаб ба мошинҳои нерӯҳои амниятии хориҷӣ дар наздикии фурудгоҳи байналмилалии Кобул як корманди намояндагии пулиси Иттиҳодияи Аврупо ҳам кушта шудааст.

Бар асари ҳамлаи як маргталаб ба мошинҳои нерӯҳои амниятии хориҷӣ дар наздикиҳои фурудгоҳи байнулмилалии Кобул рӯзи 17 май як корманди намояндагии пулиси Иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистон (EUPOL) ва ду зани афғон кушта шудаанд. Дар ин бора намояндаи Вазорати умури дохилии Афғонистон Наҷиб Дониш хабар дод.

EUPOL низ тасдиқ кард, ки дар ин ҳамла як кормандаш ба ҳалокат расидааст. Дар ин ҳодиса 18 нафар, аз ҷумла, се пулиси Иттиҳодияи Аврупо ҷароҳат бардоштаанд. Аз ин пештар расонаҳо дар бораи ҳалокати ду духтари навраси афғон ва захмӣ шудани ба камияш 20 нафари дигар хабар дода буданд.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон, рӯзи якшанбе дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, "ҳадафи интиҳоркунанда воситаҳои нерӯҳои хориҷӣ будааст". Ба иттилои расмӣ, маргталаб дар канори як постгоҳи амниятӣ миёни фурудгоҳи Кобул ва пойгоҳи НАТО мошини ҳомили маводи таркандаро мошини ҳомили маводи мунфаҷираро ба ду мошини EUPOL задааст. Ба гуфтаи Наҷиб Дониш дар ин ҳодиса се мошин, аз ҷумла, ду мошини намояндагии полиси Иттиҳодияи Аврупо тахриб шудаанд. Масъулияти ҳамларо ҷунбиши “Толибон” бар ӯҳда гирифт.

Аз ин пештар дар ҳамлаи шабонаи Толибон ба меҳмонсарои Парк Палас дар Кобул 14 нафар ба ҳалокат раисданд. Як мақоми баландпояи Афғонистон гуфт, ки 5 нафари кушташудагон шаҳрвандони Афғонистон ва 9 нафари дигар шаҳрвандони хориҷӣ будаанд. Аз хориҷиён ду нафар зан ва 7 мард будаанд.

Абдураҳмон Раҳимӣ, фармондеҳи пулиси Кобул гуфт, се ҳамлакунанда низ, ки зоҳиран камарбандҳои худкуш доштанд, ба қатл расидаанд. Бинобар гузоришҳо, ҳамлаварон пас аз тарконидани дарвозаи аслӣ ва куштани нигаҳбонон, тавонистанд вориди меҳмонсаро шаванд.

Интизор мерафт дар ин меҳмонхона, ки дар миёни хориҷиёни пойтахти Афғонистон аз маҳбубият бархӯрдор аст, бо ширкати овозхони афғон Алтоф Ҳусайн консерти мусиқии суннатии Афғонистон баргузор шавад. Дар хабарҳо гуфта мешуд, ки аксари меҳмонони ин маросим хориҷиён буданд ва то вақти тирандозӣ ба маҳал нарасида буданд. Мақомоти пулис дар шаҳри Кобул гуфтанд, ки ҳамлаварон се нафар буданд ва пас аз даргирии чандсоата бо нерӯҳои артиш ва пулиси Афғонистон, кушта шуданд.

Забиуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар изҳороте ба бахши Афғонистони озоди Радиои Озодӣ иддао кард, ки ин ҳамларо Толибон анҷом додаанд. Ҷунбиши Толибон борҳо ба чунин ҳамлаҳо даст задаанд. Мушаххасоти ин ҳодиса ёдовари ҳамлаи афроди мусаллаҳи Толибон ба меҳмонхонаи "Серена" дар соли гузашта аст, ки дар он ҳодиса 9 нафар, аз ҷумла се кӯдак кушта шуданд.

Тайи рӯзҳои ахир шаҳри Кобул дигарбора ноамн шудааст.

XS
SM
MD
LG