Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гулсимо мегӯяд, хушдоманаш гулӯи ӯро буридааст (ВИДЕО)


​Гулсимо дар тӯли панҷ моҳи зиндагии муштарак бо хонаводаи шавҳараш пайваста мавриди хушунат қарор гирифта, ахиран бо гулӯи бурида ба бемористони Ибни Сино интиқол ёфтааст.

Гулсимо, зани ҷавони афғон, мегӯяд, дар тӯли панҷ моҳи зиндагии муштарак бо хонаводаи шавҳараш пайваста мавриди хушунат буд ва ин қазия ахиран бо буридани гулӯи ӯ анҷом ёфтааст. Ҳоло Гулсимо дар бемористони Ибни Синои шаҳри Кобул бистарист.

Доктор Ҳасанзай, мутахассиси гӯшу гулӯ дар бемористони Ибни Сино, ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, Гулсимо дар ҳоли беҳушӣ аз вилояти Ғазнӣ ба Кобул оварда шуда, агарчӣ ба худ омадааст, аммо дуруст ҳарф зада наметавонад. Ба қавли ӯ, табибон барои пурра сиҳҳат ёфтани Гулсимо тамоми талоши худро ба харҷ медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои пулис, шавҳари Гулсимо дар робита ба ин қазия боздошт шудааст. Хонаводаи Гулсимо мегӯянд, ки ин зани ҷавон борҳо аз сӯи наздикони шавҳараш мавриди латту кӯб ҳам қарор гирифта, ҳатто ба хӯрдани мех маҷбур гардидааст.

Кумисюни ҳуқуқи башар дар Афғонистон ин амалро танқид карда, аз мақомот хостааст, бо омилони чунин рӯйдод бархӯрди ҷиддӣ кунанд. Ин ниҳод мегӯяд, ки хушунат дар баробари занон дар Афғонистон дар соли ҷорӣ афзоиш ёфтааст ва бештарини омилонаш мардонанд.

Ин бори аввал нест, ки занони афғон аз сӯи ҳамсар ва ё хусуру хушдомани худ мавриди хушунат қарор гирифта, дар вазъи баде ба

Ситора

Ситора

бемористон интиқол меёбанд. Дар охирҳои соли 2013 шавҳари Ситора - зани ҷавони афғон бинӣ ва лабони ӯро ба он хотир бурида буд, ки аз тақозоҳои номашрӯъяш сар печидааст. Аз ин пештар як духтари 17-сола дар вилояти Сарипул мавриди таҷовуз қарор гирифта, се тан ба иттиҳоми таҷовуз ба ин духтар дастгир шуданд ва пулис гуфт, афроди боздоштшуда духтарро ба таври дастаҷамъӣ таҷовуз кардаанд.

Дар ҳодисаи дигар, дар вилояти Бодғиси ин кишвар, дар натиҷаи хушунатҳои хонаводагӣ як мард хонумашро бо тир ба қатл расондааст. Сухангӯи волии Бодғис ба Радиои Озодӣ гуфта буд, як зани 30-сола дар ноҳияи Камароби ин вилоят аз сӯи шавҳараш ба қатл расида ва худи ӯ аз маҳалли ҳодиса фирор кардааст.

Гулсика ҳам дар соли 2012 ҳадафи тири шавҳараш қарор гирифта, аммо баъд аз табобат ба худ омад. Ӯро замоне ба шавҳар додаанд, ки сенздаҳ сол дошт. Даҳ рӯзи аввал, ба гуфтаи Гулсика, беҳтарин рӯзҳои зиндагияш буданд, аммо баъдан таънаву надомат ва хушунату латту кӯб оғоз ёфт.

Гулсика дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз машаққату азияти дар хонаи шавҳар кашидааш қисса карда буд. Сабаби сӯяш тир андохтани ҳамсарашро Гулсика бо он марбут донист, ки баъд аз ҳафт соли хонадорӣ ӯ тифле ба дунё наовард. Лаҳзаҳои аввали баъд аз тирандозии шавҳарашро Гулсика ин гуна тасвир мекунад: "Рӯдаҳоям аз шикамам ба замин афтоданд. Хушдоманам онҳоро ҷамъ карда дар шикамам андохт ва шикамамро баст. Ӯ ба ман мегуфт, ки "фарёд назан". Ман нафас кашида наметавонистам, нафас дар гулӯям печида буд."

XS
SM
MD
LG