Пайвандҳои дастрасӣ

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи силилаи Гран-прии дзюдо дар шаҳри Загреби Хорватия ноком шуданд.

Се паҳлавони тоҷик - Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар мусобиқаи силсилаи Гран-прии дзюдо, ки рӯзҳои 1-3-юми май дар шаҳри Загреби Хорватия баргузор шуд, шикаст хӯрданд.

Комроншоҳи Устопириён дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило рӯзи 3-юми май дар нахустин қувваозмоияш аз Томас Капра (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) мағлуб гашт. Саидҷалол Саидов бошад, дар рақобатҳо дар вазни то 100 кило дар даври аввал аз Дмитро Лучин (Украина) шикаст хӯрд. Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кило аввалин қувваозмоияшро ба Владут Симионеску (Руминия) бохт.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 433 варзишгар (256 мард ва 177 зан) аз 55 кишвари ҷаҳон ширкат карданд. Мусобиқа миёни мардону занон дар 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) сурат гирифт.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахабҳои Маҷористон ва Туркия бо натоиҷи якхела - 2 медали тилло 1 нуқра ва 1 биринҷӣ ғолиб шуданд. Мунтахаби Украина (2-1-0) ҷойи севумро гирифт.

Дар ин мусобиқа варзишгарон, инчунин, барои Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия имтиёзҳои олимпӣ ба даст оварданд. Бояд гуфт, ки аз рӯи ҷамъбасти умумии мусобиқоти интихобӣ 22 гуштигири зӯртарин дар ҳар як вазн ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф хоҳанд шуд.

Ғолибону ҷоизадорони Гран-прии дзюдо дар Хорватия:
Мардон
60 кг

1. ДАВТЯН Ховханес (Арманистон)
2. ИНГЛМАЙЕР Тобиас (Олмон)
3. ГАНБОЛД Херлен (Муғулистон)
3. ГАРРИГОС Франсиско (Испания)
66 кг
1. ЗАНТАРАЯ Георгий (Украина)
2. СЕИДЛ Себастиан (Олмон)
3. ПОЛЛАК Голан (Исроил)
3. САНДАЛ Синан (Туркия)
73 кг
1. ШАВДАТУАШВИЛИ Лаша (Гурҷистон)
2. ХАШБААТАР Сагаанбаатар (Муғулистон)
3. ДЮПРА Пер (Фаронса)
3. МУКИ Саги (Исроил)
81 кг
1. КРИЖАН Жаболш (Маҷористон)
2. ЧОКНАЙ Ласло (Маҷористон)
3. ДЕ ВИТ Франк (Ҳолланд)
3. ХОЛМУРЗАЕВ Ҳасан (Русия)
90 кг
1. ТОТ Кристиан (Маҷористон)
2. ҲАЛДЕБРАНД Арон (Олмон)
3. ДВАРБИ Йоахим (Шветсия)
3. ЭЛМОНТ Гуиллям (Ҳолланд)
100 кг
1. ПЕТЕРС Дмитри (Олмон)
2. КОРРЕЛ Михаил (Ҳолланд)
3. ФОНСЕКА Йорге (Португалия)
3. КРПАЛЕК Лукас (Ҷумҳурии Чех)
+100 кг
1. ХАММО Якив (Украина)
2. СИМИОНЕСКУ Владут (Руминия)
3. КЕРАҶ Матиаз (Словения)
3. МЕЙЕР Рой (Ҳолланд)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG