Пайвандҳои дастрасӣ

Фармони 936: "Занги охир" 45 дақиқа - бе зиёфат, пулситонӣ ва...


Бо мошинҳои гароннарх ба яке аз мактабҳои Душанбе ҳозир шудани хатмкунандагон. Июни соли 2014

Бо мошинҳои гароннарх ба яке аз мактабҳои Душанбе ҳозир шудани хатмкунандагон. Июни соли 2014

Вазири маориф ва илм бо имзои як фармон аз раҳбарони шаҳру навоҳӣ ва мудири мактабҳо хостааст, Занги камолотро 6 июн, аз соати 8 то 8:45, бидуни зиёфатороӣ ва туҳфаситонӣ баргузор кунанд.

Нуриддини Саид -- вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо имзои як фармон гуфтааст, "занги камолот" ё занги охир имсол дар мактабҳои кишвар 6 июн ва ҳамагӣ 45 дақиқа - аз 8:00 то 8:45 - гузаронда шавад. Ӯ аз мудирони маориф ва мактабҳо хостааст, дар маъракаҳои марбут ба занги охир танҳо хонандагони синфҳои 9-11 иштирок кунанд ва дар сурат иҷро нагардидани ин фармон нисбат ба онҳо чораҳои интизомӣ андешида хоҳад шуд.

Дар ин фармон, ки 21 апрели соли ҷорӣ таҳти рақами 936 имзо шудааст, таъкид гардидааст, ба далели он ки "занги камолот" имсол ба рӯзи якшанбе, яъне 7 июн, рост меояд, ин чорабинӣ як рӯз пештар – 6 июн баргузор карда хоҳад шуд.

Вазири маориф ва илм дар фармони худ, ки чанд нуктаи он ба раҳбарону шаҳру навоҳии кишвар низ дахл дорад, гузаронидани ҳамагуна шабнишинӣ, зиёфатороиву тӯҳфаситонӣ, ҷамъоварии маблағ, овехтан ва оро додан бо лентаҳои ороишӣ ва зангӯла, омадан бо мошинҳои шахсӣ, ба сайру гашт ва тарабхона рафтани хонандагонро

Нуриддини Саид

Нуриддини Саид

манъ кардааст. Аммо ӯ хостааст, ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, озмунҳои байналмилалӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шаванд.

Чанд соли пеш дар Тоҷикистон, бахусус дар Душанбе, "занги охир" бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор мешуд. Хатмкунандагон аввал бо иштироки овозхонҳову раққосаҳо дар мактаб базм барпо менамуданд ва баъд аз хатми он ба кӯчаҳои шаҳр мерехтанд. Аз кӯчаҳои шаҳр ҷашн ба тарабхонаҳо ва ҳатто сайр ба берун аз шаҳр мекӯчид. Ҳазинаи ин ҷашн ба ҳазорҳо доллар мерасид, ки аз ҳисоби волидони хонандагон пардохта мешуд.

Дар соли 2007 бо фармони вазири вақти маорифи Тоҷикистон -- Абдуҷаббор Раҳмонзода гузарондани чорабинии “занги охир” қатъиян манъ гардид. Тибқи ҳамин фармони вазири маориф, дар макотиб ташкил намудани зиёфат ва ҳамагуна чорабиние, ки аз ҷониби хонандагон сурат мегирад, мамнӯъ гашт. Фармони Раҳмонзода дар пайи интиқоди раисиҷумҳури Тоҷикистон аз таҷлили бошукӯҳу серхароҷоти ин ҷашну анъанаҳо дар макотиби миёна содир гардида буд.

Гуфта мешавад, як сабаби дигар барои манъи ин чорабиниҳо ҳалокати чаҳор хатмкунанда дар як садамае дар роҳи Қалъаи Ҳисор буд. Дар соли 2009 баргузории шабнишиниҳо ва саёҳатҳои бахшида ба хатми мактаб низ манъ гардид.

Бо вуҷуди чунин таъкидҳои мақомоти Тоҷикистон, соли гузашта расонаҳо видеоро нашр карданд, ки дар яке мактабҳои миёнаи пойтахт наворбардорӣ шуда, бо мошинҳои гароннарх ба мактаб омадани хатмкунандагонро намоиш медод. Дар пайи он масъулони идораи маориф гуфтанд, мудири ин мактабро аз кор гирифтаанд.

Нуриддини Саид низ дар фармони ахири худ таъкид кардааст, “дар сурати берун аз доираи фармони мазкур гузаронидани чорабинии “Занги камолот”нисбат ба сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ) ва омӯзгорон тибқи қонунгузорӣ чораҳои интизомӣ андешанд.”

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG