Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои ҷавони самбои Тоҷикистон


Масъуд Қӯқаншоев дар вазни 48 кг ғолиби мусобиқаи қаҳрамонии самбои Тоҷикистон дониста шуд.
Масъуд Қӯқаншоев дар вазни 48 кг ғолиби мусобиқаи қаҳрамонии самбои Тоҷикистон дониста шуд.

​Рӯзҳои 18-19-уми апрел дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи қаҳрамонии самбои Тоҷикистон байни навҷавонон баргузор шуд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои Тоҷикистон байни варзишгарони солҳои таваллудашон 1997 – 1999, ки рӯзҳои 18-19-уми апрел дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор шуд, 250 гуштигири ҷавон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру навоҳии тобеи марказ (ШНТМ) ширкат дошт.

Маҳмуди Абдуллоҳ, довари дараҷаи байналмилалӣ ва дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки гуштигирони ҷавон дар даҳ вазн қувваозмоӣ карданд. Вай афзуд, “дар шаш вазн гуштигирони душанбегӣ – Масъуд Кӯканшоев (48 кг), Зафарҷон Алиев (56 кг), Алӣ Шарифов (70 кг), Саймуъмин Алиев (75 кг), Осмонбек Кӯканиев (81 кг) ва Сомон Неъматов (беш аз 87 кг) ҷойҳои аввалро касб карданд. Дар ду вазн аъзои дастаи Хатлон-2- Фирдавс Мирзоев (52 кг) ва Шариф Назриев (87 кг) - ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Дар як вазн паҳлавони вилояти Суғд Саиднабӣ Камолов (65 кг) ва дар як вазни дигар узви мунтахаби ШНТМ Сайриддин Шоев (60 кг) ғолиб шуданд”.

Ба гуфтаи Маҳмуди Абдуллоҳ, ғолибони мусобиқа ҳуқуқ пайдо карданд, ки дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон моҳи сентябр дар шаҳри Ишқободи Туркманистон дар чемпионати Осиё байни навҷавонон ва моҳи октябр дар шаҳри Ригаи Латвия дар чемпионати ҷаҳон миёни навҷавонон ширкат варзанд.

XS
SM
MD
LG