Пайвандҳои дастрасӣ

Дурахши боз як бадахшӣ дар "Ситораи афғон" (ВИДЕО)


Панҷшанбе Мафтун.

Панҷшанбе Мафтун.

Дар озмуни имсолаи “Ситораи афғон”, Бадахшонро овозхоне бо номи Панҷшанбе Мафтун намояндагӣ мекунад ва аллакай ба даврҳои баъдӣ роҳхат гирифтааст.

Дар озмуни овозадори “Ситораи афғон”, ки аз сӯи телевизиони “Тулӯъ” роҳандозӣ шудааст, боз як намояндаи вилояти Бадахшони Афғонистон, ки сурудҳои маҳаллии тоҷикони он кишварро замзама мекунад, роҳ ёфтааст.

Панҷшанбе Мафтун дар марҳилаҳои ибтидоии ин озмун аз Бадахшону Балх ҳоло ба Кобул расидааст ва дар чанд давр аз сӯи доварон баҳои арзанда дарёфт кардааст.

Соли гузашта низ намояндаи ҳамин вилоят Довуди Пажмон, ки бо сабки ба мардуми Бадахшон хос таронаҳо, аз ҷумла аз ашъори устод Рӯдакӣ ва Мавлонои Балхӣ тақдим карда буд, дар “Ситораи афғон” шӯру валвала ба по кард. Довуди Пажмон дар озмуни гузашта, ба мақоми чаҳорум расида буд.

Озмуни «Ситораи афғон» бо ибтикори телевизион «Тулӯъ» сар аз соли 2005 баргузор мешавад ва ҳадафи он, кашф ва бозёфти ҷавонони боистеъдод дар Афғонистон мебошад. Барандаи озмуни "Ситораи афғон" дар остонаи Ҷашни Наврӯз эълон мешавад. Ғолибон аз тариқи орои мардум, ки тариқи паёмак ва ё СМС аз дохил ва хориҷи Афғонистон ирсол мешаванд, муайян карда мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG