Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи “Истиқлол”-Душанбе дар Ҷоми АФК-2015 дар гурӯҳи “С” бо тимҳои “Ал-Қодсия”-и Кувайт, “Эрбил”-Ироқ ва ғолиби плей-офф (Умон, Туркманистон ва Қирғизистон) рақобат мекунад.

Дастаи “Истиқлол”-Душанбе, қаҳрамони имсолаи Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми кишвар, бар асоси қуръакашӣ, ки 11-уми декабр, дар қароргоҳи АФК (Кофедератсиюни футболи Осиё), дар пойтахти Малайзия – Куала-Лумпур, баргузор шуд, дар Ҷоми АФК-2015 дар гурӯҳи “С” бо тимҳои “Ал-Қодсия”-и Кувайт, барандаи феълии Ҷоми АФК, “Эрбил”-и Ироқ, финалисти мусобиқаи охирини Ҷоми АФК ва ғолиби плей-офф (Умон, Туркманистон ва Қирғизистон) рақобат хоҳад кард. Ин гурӯҳро коршиносон “гурӯҳи марг” ном бурдаанд.

Дар қуръакашии Ҷоми АФК-2015 намояндагони 41 даста, ки 23 фелератсияи миллиро намояндагӣ карданд, ширкат доштанд. Бозиҳои даври гурӯҳӣ аз 24-уми феврал то 13-уми май баргузор мешаванд.

Дар Ҷоми АФК-2015 Тоҷикистонро ба ҷуз «Истиқлол», дастаи «Хайр»-и Ваҳдат, барандаи меалҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон, намояндагӣ мекунад.

«Истиқлол» ба сабқат аз даври гурӯҳӣ, «Хайр» бошад, аз даври плей-офф шурӯъ хоҳад кард. Ба «Хайр» барои он ки ба даври гурӯҳӣ роҳ ёбад, ду ғалаба ба даст овардан зарур аст. Дар даври интихобӣ рақиби «Хайр» қаҳрамони Бангладеш - бошгоҳи «Шайх Рассел» - мебошад. Ин бозӣ 10-уми феврали соли оянда дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дар ҳолати пирӯзӣ, ”Хайр” дар даври севум ва ҳалкунандаи интихобӣ 17-уми феврал дар сафар бо барандаи Ҷоми Лубнон-2014 - бошгоҳи «Салом Ҷҳарта»- рақобат хоҳад кард.

Натоиҷи қуръакашии Ҷоми АФК-2015:

Минтақаи «Ғарб»

Даври дувуми интихобӣ

10-уми феврали соли 2015 (сешанбе)

1. «Аҳал» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

2. «Олтин Асир» (Туркманистон) – «Ал-Сакр» (Яман)

3. «Хайр» (Тоҷикистон) – «Шайх Рассел» (Бангладеш)

4. «Ҳилол Ал-Қудс» (Фаластин) – «Мананг Маршиангди» (Непал)

Даври севуми интихобӣ

17-уми феврали соли 2015 (сешанбе)

Плей-офф 1 – «Фанҷа» (Умон) – ғолиби «Аҳал» (Туркманистон)/«Дордой» (Қирғизистон)

Плей-офф 2 – бошгоҳи Баҳрайн (ҳанӯз маълум нашудааст) – ғолиби «Олтин Асир» (Туркманистон)/«Ал-Сакр» (Яман)

Плей-офф 3 – «Салом Ҷҳарта» (Лубнон) – ғолиби «Хайр» (Тоҷикистон)/«Шайх Рассел» (Бангладеш)

Плей-офф 4 – «Ал-Ҷайш» (Сурия) – ғолиби «Ҳилол Ал-Қудс» (Фаластин)/«Мананг Маршиангди» (Непал)

Минтақаи «Шарқ»

17-уми феврали соли 2015 (сешанбе)

«Мазия Спортс» (Молдив) – «Серес» (Филиппин)

Марҳилаи гурӯҳии мусобиқа

Минтақаи «Ғарб»

Гурӯҳи «А»: «Ал-Ваҳдат» ё «Зат Рас» (Урдун), «Ал-Наҳда» ё «Сувайк» (Умон), «Ал-Ваҳда» (Сурия), ғолиби плей-офф 3 («Салом Ҷҳарта» Лубнон, «Хайр» Тоҷикистон ё «Шейх Рассел» Бангладеш).
Гурӯҳи «В»: «Ал-Шорта» (Ироқ), «Ал-Ҷазира» (Урдун), «Тараҷӣ Вадӣ Ал-Нес» (Фаластин), ғолиби плей-офф 2 (бошгоҳи Баҳрайн, «Олтин Асир» Туркманистон ё «Ал-Сакр» (Яман).
Гурӯҳи «С»: «Ал-Қодсия» ё «Ал-Арабӣ» (Кувайт), «Эрбил» (Ирак), «Истиқлол» (Тоҷикистон), победитель плей-офф 1 («Фанҷа» Умон, «Аҳал» Туркманистон ё «Дордой» Қирғизистон).
Гурӯҳи «D»: «Риффа» ё «Манама» (Баҳрайн), КВ «Кувайт» (Кувайт), «Неҷмеҳ» (Лубнон), ғолиби плей-офф 2 («Ал-Ҷайш» Сурия, «Ҳилол Ал-Қудс» Фаластин ё «Мананг Маршиангди» Непал).

Минтақаи «Шарқ»

Гурӯҳи «Е»: «Бенгалуру» (Ҳиндустон), «Персипура Ҷаяпура» (Индонезия), «Варриос» ё «Тампинес Роверс» (Сингапур), ғолиби плей-офф («Мазия Спортс» Молдив ё «Серес» Филиппин).

Гурӯҳи «F»: «Китчӣ» ё «Сан Пегасус» (Ҳонконг), «Ист Бенгал» (Ҳиндустон), «Ҷоҳор Дарул Такзим» ё «Селангор» (Малайзия), «Балесте Халса» (Сингапур).

Гурӯҳи «G»: «Яданарбон» ё «Янгон Юнайтед» (Мянмар), «Саут Чайна» (Ҳонконг), «Глобал» (Филиппин), «Паҳанг» (Малайзия).

Гурӯҳи «Н»: «Персиб Бандунг» ё «Арема» (Индонезия), «Айявади Юнайтед» (Мянмар), «Лао» (Лаос), «Ню Радиант» (Молдив).

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG