Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷейсон Ризоиён, муҷриме, ки айбашро касе намедонад


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, гуфт, ки хабарҳо дар бораи эълони иттиҳом алайҳи хабарнигори “Washington Post” Ҷейсон Ризоиён аз сӯи додгоҳи Теҳрон афсурдаву дилсардаш карданд.

Додгоҳи Теҳрон рӯзи шанбе, 6 декабр, алайҳи Ҷейсон Ризоиён расман иттиҳом эълон кард. Рӯзномаи “Washington Post” бо такя ба манобеи худ навиштааст, ки ҷаласаи додгоҳ тақрибан даҳ соат идома дошт ва Ризоиён санадро дар бораи мӯҳтавои иттиҳом имзо кард. Аммо Washington Post то ҳанӯз дар бораи он ки хабарнигораш дар чӣ ҷурме айбдор мешавад, иттилоъ надорад. Афроди дар толори додгоҳ ҳузурдошта ҳам дар ин бора изҳори бехабарӣ кардаанд.

Ҷон Керрӣ дар як изҳорот рӯзи 7 декабр эълом дошт, ки аз қонуншиканиҳо дар тафтиши парванда, зери фишори ҷисмониву равонӣ қарор гирифтани рӯзноманигор ва ба хадамоти тиббиву вакили дифоъ дастрасӣ надоштани ӯ сахт нигарон аст. Ӯ ин гуна бархӯрдро - “нақзи қавонини Эрон ва меъёрҳои ҳуқуқии байнулмилалӣ” номид ва хостори фавран раҳо кардани Ҷейсон Ризоиён шуд.

Чанд рӯз пеш мӯҳлати ҳабси хабарнигори амрикоӣ то моҳи январи соли 2015 тамдид шуд – мақомоти додситонӣ гуфтанд, ки тафтиши парванда ҳанӯз поён наёфтааст.

Ҷейсон Ризоиён ва хонумаш Ягона Солеҳӣ
Ҷейсон Ризоиён ва хонумаш Ягона Солеҳӣ

Ҷейсон Ризоиён, амрикоии эронитабор ва шаҳрванди Эрону Амрико, рӯзи 22 июли соли равон ҳамроҳ бо хонумаш Ягона Солеҳӣ боздошт шуда буд. Ягона Солеҳӣ, ки низ хабарнигор аст, бо пардохти гаравпулӣ раҳо карда шуд.

Сардабири “Washington Post” Мартин Барон ахиран аз он изҳори норозигӣ кард, ки Ҷейсон Ризоиён муддати тулонӣ дар маҳбаси Эвини Теҳрон нигаҳ дошта мешавад. Ба гуфтаи ӯ, "ҳукумати Эрон то ҳол тавзеҳ накардааст, ки Ҷейсон бо кадом далел боздошт шудаааст ва чаро чаҳор моҳ боз бидуни дастрасӣ ба вакили дифоъ дар маҳбас нигаҳ дошта мешавад".

Мартин Барон афзуд, ки Ризоиён дар Теҳрон расман чун хабарнигор сабти ном шудааст. Ҷейсон Ризоиён аз соли 2012 ба ин сӯ раҳбарии бюрои “Washington Post” дар Теҳронро бар ӯҳда дорад.

Рӯзи 3 декабр созмони дибони ҳуқуқи башар – Ҳуман Райтс Вотч ҳам хабар дод, ки мӯҳлати боздошти Ҷейсон Ризоиён то миёнаҳои моҳи январи солия оянда тамдид шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки ниҳодҳои эронӣ хабарнигорони маҳалливу хориҷии расонаҳои ғарбиро пайваста таъқиб мекунанд, болояшон фишор меоваранд ва онҳоро аксари вақт бо баҳонаи ночиз зиндонӣ мекунанд.

Солҳои охир дар Эрон даҳҳо хабарнигорону блогнависони дохилӣ ҳам бо сабабҳои гуногун, бештар бо иттиҳоми “талоши рахна задан ба амнияти

Саттор Биҳиштӣ
Саттор Биҳиштӣ

миллӣ” боздошт ва зиндонӣ шуданд. Ин боздоштҳо баъзан бо марг ҳам поён меёбанд, аз ҷумла, Саттор Биҳиштӣ, ки 30-юми октябри соли 2012 аз сӯи пулис барои “аъмоли алайҳи амнияти миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва Facebook” боздошт шуда буд,чанд рӯз баъд дар маҳбас аз олам даргузашт. Бархе аз мухолифини ҳукумат мегӯянд, ки Биҳиштӣ дар маҳбас мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. Ҳадс зада мешавад, ки баъд аз боздошт ӯ чанд муддат дар маҳбаси Эвини Теҳрон буд. Саттор Биҳиштӣ қабл аз боздошт дар блогаш навишта буд, ки кормандони амниятӣ ба ӯ барои андешаҳои зиддиҳукуматияш таҳдид кардаанд.

То ҳанӯз қазияи фоҷиабори Заҳрои Козимӣ, аксбардори эронитабор аз Канада, ҳам дар зеҳнҳо боқист. Хонум Козимӣ барои аксбардорӣ дар канори зиндони Эвини Теҳрон боздошт шуд ва баъди чанде ҷасади ӯро ба хешовандонаш таслим намуданд. Гуфта мешуд, ки Заҳро Козимиро дар маҳбас лату кӯбу шиканҷа ва ба номусаш таҷовуз карда буданд.

XS
SM
MD
LG