Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон маълум шуданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 4-уми декабр дар қароргоҳи Конфедератсиюни футболи Осиё, дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия, қуръакашии даври интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони синнашон то 23-сола баргузор шуд.

Дар қароргоҳи Конфедератсиюни футболи Осиё дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия имрӯз, 4-уми декабр, қуръакашии даври интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони синнашон то 23-сола доир шуд.

Бар асоси қуръакашӣ мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “D” бо тимҳои мунтахаби ҷавонони Имороти Муттаҳидаи Араб, Яман ва Шри-Ланка рақобит мекунад. Бозиҳои сабқати интихобӣ аз 23-юм то 31-уми марти соли оянда баргузор мешавад. Вале макони баргузории сабқати гурӯҳи «D” то ҳоло маълум нашудааст.

Дар марҳилаи интихобӣ 43 даста ширкат меварзад. Дастаҳо ба ду минтақа тақсим шудаанд. Ба минтақаи ғарбӣ 23 даста дохил аст: Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ҳиндустон, Эрон, Ироқ, Урдун, Кувайт, Қирғизистон, Лубнон, Молдив, Непал, Умон, Покистон, Фаластин, Арабистони Саудӣ, Шри-Ланка, Сурия, Тоҷикистон, Туркманистон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Узбакистон ва Яман.

Ба минтақаи шарқӣ 20 даста шомил аст: Австралия, Бруней, Камбоҷа, Чин, Тайван, Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Индонезия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Лаос, Макао, Малайзия, Муғулистон, Мянмар, Филиппин, Сингапур, Тайланд, Тимори Шарқӣ ва Ветнам.

Ба иттилои AFC барои баргузории марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 чаҳор кишвар - Эрон, Қатар, Арабистони Саудӣ ва Узбакистон муддаӣ буданд. Мизбони сабқати қитъавӣ 30-юми ноябр дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи AFC маълум шуд. Ин Қатар мебошад, ки мунтахаби ҷавонони ин кишвар аз мусобиқаи интихобӣ озод аст.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 байни ҷавонон мусобиқаи интихобӣ барои роҳ ёфтан ба Бозиҳои олимпии соли 2016, ки дар Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор мешавад, маҳсуб меёбад. Ҷоизадорони қаҳрамонии ҷавонони Осиё ба Олимпиадаи соли 2016 роҳхат мегиранд.

Натоиҷи қуръакашии мусобиқаи қаҳрамонии ҷавонони Осиё-2016 (U-23):

Гурӯҳи «А»: Ироқ, Умон, Баҳрайн, Лубнон, Молдив.

Гурӯҳи «В»: Урдун, Кувайт, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон.

Гурӯҳи «С»: Арабистони Саудӣ, Эрон, Непал, Фаластин, Афғонистон.

Гурӯҳи "D": ИМА, Яман, Тоҷикистон, Бангладеш.

Гурӯҳи «E»: Сурия, Узбакистон, Ҳиндустон, Бангладеш.

Гурӯҳи «F»: Австралия, Мянмар, Ҳонконг, Тайван.

Гурӯҳи «G»: Кореяи Шимолӣ, Тайланд, Камбоҷа, Филиппин.

Гурӯҳи «Н»: Кореяи Ҷанубӣ, Индонезия, Тимори Шарқӣ, Бруней.

Гурӯҳи «I»: Ҷопон, Малайзия, Ветнам, Макао.

Гурӯҳи «J»: Чин, Лаос, Сингапур, Муғулистон.

XS
SM
MD
LG