Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cе варзишгари тоҷик дар Гран-прии дзюдо дар Чин


Се паҳлавони тоҷик дар мусобиқоти силсилаи Гран-прии дзюдо дар шаҳри Тсиндаои Чин ширкат мекунад.

Се паҳлавони тоҷик - Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар мусобиқоти силсилаи Гран-прии дзюдо, ки рӯзҳои 19-21 ноябр дар шаҳри Тсиндаои Чин баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Натоиҷи қуръакашӣ бо ширкати варзишгарони тоҷик:

Вазни то 90 кг (ҳамагӣ 18 гуштигир). Комроншоҳи Устопириён (Тоҷикистон) – Маркус Найман (Шветсия).

Вазни то 100 кг (ҳамагӣ 12 гуштигир). Юн Занг (Чин) - Саидҷалол Саидов (Тоҷикистон).

Вазни беш аз 100 кг (ҳамагӣ 16 гуштигир). Роберт Зиммерманн (Олмон) – Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (Тоҷикистон).

Мусобиқа байни мардон дар 7 вазн - 60, 66, 73, 81, 90, 100, + 100 кг ва миёни занон низ дар 7 вазн - 48, 52, 57, 63, 70, 78, + 78 кг – барпо мегардад.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 100 000 доллар мебошад:
Барои ҷойи аввал: 3000 доллар (дзюдочӣ - 2400 ва мураббӣ - 600 доллар)
Барои ҷойи дувум: 2000 доллар (дзюдочӣ - 1600 ва мураббӣ - 400 доллар)
Барои ҷойҳои севум (2 варзишгар): 1000 долларӣ (дзюдочӣ - 800 ва мураббӣ - 200 доллар).

Барномаи мусобиқа:
19 ноябр
Мардон - 60, 66 кг; занон - 48, 52, 57 кг.
20 ноябр
Мардон - 73, 81 кг; занон - 63, 70 кг.
21 ноябр
Мардон - 90, 100, беш аз 100 кг; занон - 78, беш аз 78 кг.

XS
SM
MD
LG