Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё, ки дар ҷазираи Пҳукети Таиланд ҷараён доранд, мизбонон дар ҳисоби умумидастаӣ ба ҷойи аввал баромаданд.

Дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё, ки дар ҷазираи Пҳукети Тайланд то рӯзи 23-юми ноябр идома хоҳанд кард, варзишгарони 36 кишвари қора ширкат доранд. Ба барномаи Бозиҳо 28 намуди варзиш дохил аст.

Тоҷикистонро дар ин бозиҳо 14 варзишгар (11 мард ва 3 зан) дар 4 намуд – самбо (2 мард), ҷиу-ҷитсу (3 мард ва 1 зан), гуштии кураш (4 мард) ва волейбол (2 мард ва 2 зан) намояндагӣ мекунанд.

Нахуст дар сабқати самбо байни мардон ду варзишгари тоҷик -Мустафо Ҳасанов дар вазни то 68 кило ва Зайналобуддини Аъзамхон дар вазни то 82 кило вориди рақобат шуданд. Вале ҳарду дар даври аввал аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.

Варзишгарони тоҷик дар намуди ҷиу-ҷитсу низ ноком шуданд. Дар сабқати мардон Сулаймон Ғиёсов (70 кг), Алиҷон Давлатов (70 кг) ва Фарҳод Сафолов (60 кг) ва дар сабқати занон Наргис Нозирова (60 кг) бе медал монданд.

Рӯзи 15-уми ноябр паҳлавони тоҷик Баҳодур Ҳалимов дар сабқати гуштии кураш дар вазни то 66 кг бар варзишгари Ҷопон дастболо шуд, вале дар чорякфинал аз гуштигири Эрон мағлуб гашт.

Дар сабқати кураш гуштигири тоҷик Сафарбек Муродов дар вазни то 81 кг рӯзи 16-уми ноябр аз сабқат бо рақибаш аз Сурия даст кашид. Боз ду паҳлавони тоҷик - Саидҷалол Саидов дар вазни то 90 кг ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 90 кг рӯзи 17-уми ноябр рақобат хоҳанд кард.

Рӯзи 16-уми ноябр дастаи мардонаи волейболи соҳилӣ (Ҳамроз Фазлоншоев ва Шодӣ Назарамонов) нахустин бозиашро ба тими Тайланд бо ҳисоби 0-2 бохт. Дастаи занонаи волейболи соҳилӣ (Махфирати Неъматулло ва Назокати Неъматулло) низ рӯзи якшанбе аз тими Тайланд бо ҳисоби 0-2 шикаст хӯрд. Дастаи мардона бозии навбатиашро 17-уми ноябр бо тими Тайван анҷом медиҳад. Дастаи занонаи волейболисоҳилии Тоҷикистон 18-уми ноябр бо тими Ҷопон бозӣ мекунад.

Ҳоло дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Тайланд бо касби 32 медал, аз он ҷумла 9 нишони тилло, 11 медали нуқра ва 12 нишони биринҷӣ дар ҷойи аввал аст. Варзишгарони Муғулистон, ки 8 медал (6 тилло ва 2 биринҷӣ) ба даст овардаанд, дар мақоми дувум мебошанд. Мунтахаби Қазоқистон бо касби 12 медал (4 тилло, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар ҷойи севум қарор дорад.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 29 кишвар медалҳои бозиҳоро соҳиб шудаанд ва намояндагони 17 кишвар ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф гаштаанд. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон 12 медал (4+3+5), Узбакистон 8 медал (2+0+6), Туркманистон 9 медал (1+3+5) ва Қирғизистон 1 медали нуқра ба даст овардаанд. Вале Тоҷикистон то ҳоло медал нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG