Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

74 шаллоқ ё $3500 ҷарима барои сайругашт бо саг


Iran -- A dog rides with a couple on a motorcycle in Tehran, 12May2011
Iran -- A dog rides with a couple on a motorcycle in Tehran, 12May2011

Мақомоти Эрон мехоҳанд, шарҳвандони ин кишварро, ки бо сагҳои худ пиёдагардӣ мекунанд, по зарби 74 шаллоқ ва ё $3500 ҷарима кунанд ва сагҳои онҳоро ё ба боғи ҳайвонот супоранд ва ё дар дашт партоянд.

Тарҳи қонуне, ки 32 намояндаи мардумӣ ба парлумон ироа кардаанд, гаштугузор бо саг ва ҳайвонҳои дигарро на танҳо аз ҷиҳати беҳдошти зараровар, балки тақлиди кӯр-кӯрона ба фарҳанги ғарбӣ унвон мекунад. Ин тарҳ иқдоми навбатии муҳофизакорон дар порлумони Эрон аст, ки солҳо боз сагдориро маҳкум мекунанд ва мегӯянд, ки Ислом сагҳоро “ҳайвони касиф” хондааст.

Қонунгузорҳои муҳофизакор баҳона пеш овардаанд, ки ин қонун барои пешгирӣ аз афзоиши тамоюли сагдорӣ ва гаштугузор бо сагҳо дар кӯчаҳои шаҳрҳои бузург, махсусан Теҳрон зарур аст.

Ин пешниҳод авоили ҳафтаи равон ба порлумон ворид шуд ва ва тавре аз матни он бармеояд аз мубориза бо ҳайвонҳои касиф бузина ё маймунҳо низ эмин намемонанд. Муҳофизакорон дар порлумони Эрон гуфтаанд, ки ба зудӣ феҳристи ҳайвонҳои дигарро низ омода мекунанд, ки ба гуфтаи онҳо “касиф, хатарнок, ва зарароваранд".

Бино бар пешнависи қонун, “онҳое, ки бо ҳайвонҳои худ, мисли сагу маймун дар кӯчаҳо гаштугузор мекунанд ва ба оромишу беҳдошти дигарҳо, махсусан занону кӯдакон, халал мерасонанд, онҳое, ки сарфи назар аз ҳушдорҳо боз ҳам ин ҳайвонҳоро мефурӯшанд, ба маблағи 10 миллион риёл, баробари 3370 доллар ҷарима мешаванд ва ё 74 шаллоқ мехӯранд. Мусодираи ҳайвонҳо, интиқоли онҳо ба боғи ҳайвонот ё ҷангалу даштҳо бахши дигари ин пешниҳод аст.

Иҷозаи махсус танҳо ба онҳое дода мешавад, ки ҳайвонҳоро барои кор истифода мекунанд, мисли нерӯҳои пулис, фермерҳо ва шикорчиҳои бомуҷаввиз.

Ҳамагуна таблиғи пиёдагардӣ бо ҳайвонҳо аз ҷониби матбуотро қонунгузорҳои муҳофизакор ҷурм арзёбӣ мекунанд.

Ин қонун наметавонад соҳибони сагҳоро, ки бе ин ҳам зери фишор буданд, нигарон накунад. Солҳои гузашта мавридҳое буданд, ки мақомот сагҳоро аз соҳибонашон ҷудо карданд ва дар “зиндони сагҳо” ҷой доданд.

XS
SM
MD
LG