Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолномаи Фарзонаи Хуҷандӣ


Фарзона, шоираи тоҷик 3-юми ноябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд чашм ба олам кушодааст. Хатмкардаи Донишкадаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мебошад. Нахустин маҷмӯаи ашъорашро бо номи “Тулӯи хандарез” соли 1987 бо пешниҳоди устод Лоиқ ба нашр расонидааст. То кунун беш аз 20 китоби ашъори Фарзона, аз ҷумла “Қатрае аз Мӯлиён”, иборат аз 3 ҷилд, “Муҳри гули мино” ва “Себарга” ва китобҳои гулчини ашъори ӯ ба забонҳои анлисиву русӣ дар Маскаву Лондон ба чоп расидааст. Дорандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ ва унвони “Шоираи халқии Тоҷикистон” мебошад.

XS
SM
MD
LG