Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талошҳои “Гурӯҳи 24” ё эътилофи “Тоҷикистони нав” барои ба хиёбонҳои Душанбе кашидани “ҷонибдоронаш” ё мардум ва баргузории ҳамоиши эътирозӣ дар 10 октябр ноком шуд.

Инро аз қабл қишрҳои мухталифи ҷомеа медонистанд. Худи “Гурӯҳи 24” ҳам онро эҳсос мекард. Ҳукумат медонист, ки “Гурӯҳи 24” ё эътилофи “Тоҷикистони нав” дар дохили Тоҷикистон ҷонибдори зиёд надорад ва ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, наметавонад ҳади ақал дар Душанбе ва ё ягон шаҳри дигари бузурги кишвар 500 нафарро барои эътироз ба майдонҳо бикашад.

Бо вуҷуди ин баъзе сохторҳои ҳукуматӣ дар вокуниш ба сару садоҳои интернетӣ дар бораи баргузории ҳамоиши эътирозии 10 октябр бо заминачиниҳои худ, яъне аз бастани сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ то ба ташкили гурӯҳҳои ихтиёрии ҷавонон ё гузоштани зиреҳпӯшҳо дар роҳҳои вурудии пойтахт мехостанд нишон бидиҳад, ки “майдон аз кист?” ва вазъро кӣ контрол мекунад.

Саймиддин Дустов, таҳлилгари тоҷик

Саймиддин Дустов, таҳлилгари тоҷик

Аммо Саймуддин Дӯстов-раҳбари маркази таҳлилии “Индем” дар Душанбе мегӯяд, “паёми аслӣ дар ин қазия на аз ҷониби “Гурӯҳи 24” ё эътилофи “Тоҷикистони нав” буд, балки эълонҳо дар бораи баргузории ҳамоиши эътирозии 10 октябр сабаб ва баҳона шуд, то сохторҳои интизомӣ паёми худро ба раҳбари давлат бифиристанд. Паём ин буд: "Баъзе шахсон ё нухбагони ҳукмрон хостанд аз як сӯ садоқати худро ба раиси ҷумҳур нишон диҳанд, вале аз сӯи дигар хостанд ба вай ҳушдор диҳанд, ки модели ҷорикардаи ҳукмронии вай норавост ва эътироз дар миёни мардум сол то сол афзоиш меёбад ва ба сатҳе расидааст”.

Ақидаи дигар низ вуҷуд дорад ва ҷонибдорони ин ақида мегӯянд, ки бастани садҳо сомонаи интернетӣ, дубора ба ёди фармондеҳони Фронти Халқӣ ва фармондеҳони нируҳои мухолифони пешин афтодани ҳукумат ва тадобири дигари амниятӣ барои пешгирӣ аз ҳамоиши эътирозии мавҷуднабуда то андозае зиёдаравист ва чунин ҳол нишон медиҳад, ки сохторҳои марбута дар бораи воқеияти ҳол маълумоти зарурӣ надоштаанд. Ба ин далел, эълони ҳамоиши эътирозӣ нигаронии мақомоти интизомиро ба бор овард ва онҳо тадбирҳои эҳтиётиро рӯи даст гирифтанд. Эҳтиёти онҳо аз он сарчашма мегирад, ки солҳои охир дар кишварҳое мисли Украина ё кишварҳои арабӣ пешомадҳои ғайриинтизор нируҳои мухолифонро сари кор овардааст. Ба ин далел ниҳодҳои қудратӣ нишон доданд, ки онҳо барои пахши ҷиддии ҳар гуна норизоятии мухолифон омодаанд.

Раҷаби Мирзо, коршиноси масоили сиёсӣ

Раҷаби Мирзо, коршиноси масоили сиёсӣ

Раҷаби Мирзо-таҳлилгари умури сиёсӣ дар Душанбе назари худро дар бораи сабабҳои вокуниши ҷиддии ҳукумат ба эълони ҳамоиши эътирозӣ ин гуна заминачинӣ мекунад: “Ҳукумат аввалан дар ин замина иттилое надошт, дуввум ба ҳеҷ кас, аз ҷумла ба шарикони стратегӣ ва кишварҳои дӯсту бародар ва мардуми худ итмонон надорад. Дар бораи зарфиятҳои дохилӣ низ маълумоти зарурӣ дар ихтиёри ҳукумат нест, то бидонад, ки имконияти нируҳо то чӣ ҳад аст”.

Ба назари оқои Мирзо,Тоҷикистон бояд маркази қаввии таҳлилӣ дошта бошад, то сохторҳоро бо таҳлилҳои ҳамаҷониба таъмин кунад ва сохторҳои қудратӣ барои рафъи ҳар мушкили пешомада ҳали низомии масъаларо дар мадди аввал нагузоранд.

Роҳи ислоҳи вазъ кадом аст?

Таҳлилгарон такя ба нируҳои қудратиро дар чунин шароит ислоҳи муваққатии вазъ медонанд ва дар баландмуддат онро кори беҳуда арзёбӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, бояд фазо ва вазъи сисёсиву иҷтимоии Тоҷикистон беҳбуд ёбад. Гузашта аз ин, мардум аз тақсими нодурусти сарватҳои Тоҷикистон розӣ нестанд. Ҳоло мардум аз шеваи оилавии раҳбарӣ дар кишвар огаҳ шудаанд ва дар ҳар ҷо сару садоҳо ба гӯш мерасад. Дар миёни чунин ашхос нухбагони ҳукмрон низ ҳастанд. Ба ин далел ҳукумат на роҳи истифода аз зӯр, балки бояд роҳи ислоҳотро дар мадди аввал бигзорад. Такя ба нируҳои қудратӣ дар чунин шароит иштибоҳ аст.

Раҷаби Мирзо мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон аз охири солҳои 1990 ба ин сӯ ҳамеша барои ҳали мушкил дар ҳар минтақаи кишвар аз ниру истифода кардааст. Вай мегӯяд, дар кишваре, ки оромӣ ҳукмфармост, нигоҳ доштани нируҳо дар ҳолати омодагӣ онҳоро хаста мекунад ва дар миёни онҳо шояд

Маҳдӣ Собир

Маҳдӣ Собир

шахсоне низ пайдо шаванд, ки бетафовутӣ нишон диҳанд. Ба гуфтаи оқои Мирзо, ҳукуматҳое ки ба худ бовар доранд, ба мухолифони сисёсии худ минбар медиҳанд. Мухолифон раҳпаймоиҳо анҷом медиҳанд ва шиорҳои худро матраҳ мекунанд. Вале ҳукумат ҳеҷ гоҳ назоратро бар онҳо қатъ намекунад.

Аммо Маҳдии Собир-сухангӯи Пажуҳишгоҳи стратегии вобаста ба дафтари расёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, “Гурӯҳи 24” созмони сисёсӣ нест, балки аз чанд нафар соҳибкорони норозӣ иборат аст, ки баъд аз пардохт накардани андоз ва берун пой ниҳодан аз чаҳорчӯбаи қонун Тоҷикистонро тарк кардааст. Ба гуфтаи вай, ин гурӯҳ дар солҳои аввали заиф будани пояҳои ҳукумат соҳиби дороӣ ва тиҷорат шудааст.

Таҳдидҳои эҳтимолӣ, вале на чандон ҷиддӣ

Гурӯҳҳое ҳастанд, ки ҳаводори вокуниши ҷиддии ҳукумат ба хабарҳои ночиз ҳастанд ва мехоҳанд бо таҳрики ҳукумат ва ниҳодҳои интизомӣ вазъро ноором кунанд ва вориди майдон шаванд. Мехоҳанд ҳадди ақал хун бирезад ва қонунмандии ҳукумат ва бо адолат будани он дар чашми мардум зери суол равад.

Вале дар шароити кунунӣ чунин нируҳо дар Тоҷикистон нестанд. Оқои Дӯстов мегӯяд, “ҳоло нируҳои экстремистие, ки дорои имкониятҳои молӣ ва ташкиливу ақлонӣ бошанд,то бар зидди ҳукумати Тоҷикистон мубориза кунанд ва ё онро сарнагун созанд, вуҷуд надоранд. Ҳатто ягона нируи муташаккили зидди Тоҷикистон гурӯҳе ба раҳбарии Маҳмуд Худойбердиев-сарҳанги шӯришист, ки дар сурати ҳамла ба Тоҷикистон метавонад танҳо чанд соат ё чанд рӯз як минтақаи маҳдудро зери контрол бигирад, вале баъд аз он вай ҳатман кушта хоҳад шуд”.

Аммо таҳдидҳое аз Афғонистон вуҷуд доранд. Нируҳои тундрави минтақа дар он ҷо фаъолият мекунанд. Як манбаи наздик ба доираҳои ҳукуматӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “мисли солҳои пештара эҳтимол дорад, ки қувваҳои эътирозагар дар қадами аввал ҳамчун восита истифода шаванду баъд худашон дар канор монанд. Ба ин баҳона нируҳои дигар вазъро ноором мекунанд. Агар вазорати дохила ва нируҳои амниятӣ ин чораҳоро дида бошанд, онҳо бидуни доштани маълумот дар ҷои холӣ чора намеандешанд. Онҳо аз ягон гурӯҳҳи оппозитсионии мо тарс надоранд, шояд қувваҳое бошанд, ки мехоҳанд вазъро ноором кунанд, қувваҳое, ки ба мову шумо маълум нестанд”.

Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сармоягузории мунтазам аз сӯи ягон созмони тундрав ё кишвари алоҳидае барои фаъолиятҳои харобкорона ё тундгароёна дар дохили Тоҷикистон аз соли 2010 ба ин сӯ мушоҳида нашудааст. Таҳдидҳои геополитикӣ вуҷуд доранд. Чунин таҳдидҳо ҷиддитаранд ва онҳоро наметавон бо чунин тарзи намоиши қудрат муҳор кард.

“Бозиҳои интернетӣ”-и мухолифон то кай давом мекунад?

Бо эълон дар бораи митинги эътирозии 10 октябр, ба “мухолифони виртуалӣ” муяссар шуд, ки аз имконоти фаннии муосир истифода кунанд, яъне бидуни митинг дар майдон тавассути интернет паёми худро ба қишри фаъоли ҷомеа ва ба ҳукумат бирасонанд. Шояд онҳо аз қабл ҳисоб карда буданд, ки аз ин роҳ метавонанд ҳукуматро “ба по хезонанд”. Аз имкон дур нест, ки дар оянда низ онҳо бар зидди ҳукумат аз чунин шеваҳо кор бигиранд.

Оқои Дӯстов мегӯяд, то замоне, ки ниёзҳои иҷтимоии мардум ва ҳуқуқҳои сисёсии мардум бароварда намешавад, гурӯҳҳо ва нируҳое пайдо хоҳанд шуд, ки аз шеваҳои инқилобии рафтор бо ҳукумат кор хоҳанд гирифт. Чунин нируҳо метавонанд ҳатто ҳар моҳ ба чунин шеваҳо такя кунанд.

Умаралӣ Қувватов, раҳбари "Гурӯҳи 24"

Умаралӣ Қувватов, раҳбари "Гурӯҳи 24"

Бо вуҷуди он таҳлилгарон эътироф мекунанд, ки амнияту оромӣ дар кишвар дорои аҳамияти дараҷаи аввал аст. Агар дар чунин ҳамоишҳои эътирозӣ кишварҳои дигар низ “даст” дошта бошанд, дар он сурат масъала ранги дигар мегирад ва вокуниши ҷидии ҳукумат то ҷое реша дорад. То ҳол дар ин бора “гурӯҳи 24” ё эътилофи “Тоҷикистони нав” ба кишвари ҳомии худ ё нируҳои ҳомии худ ишора накардааства мақомоти амниятии Тоҷикистон низ сухане дар ин бора ба забон наовардаанд. Агар дар ин бора ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон маълумоте дар ихтиёр доранд, шояд барои итминони хотири мардум онро дар ин рӯзҳо дар ихтиёри ҷомеа қарор диҳанд ва он ба нафъи худи ҳукумат хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG