Пайвандҳои дастрасӣ

Алина Кабаева раиси “Гурӯҳи расонаҳои миллӣ” шуд


Алина Кабаева, қаҳрамони олимпӣ оид ба варзиши сабук

Алина Кабаева, қаҳрамони олимпӣ оид ба варзиши сабук

Алина Кабаева, варзишгари шинохтаи рус ба мақоми раҳбари “Гурӯҳи расонаҳои миллӣ” интихоб шудааст.

Алина Кабаева, қаҳрамони олимпӣ оид ба варзиши сабук ва вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби “Русияи воҳид” раҳбари Шӯрои мудирони “Гурӯҳи расонаҳои миллӣ” интихоб шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти “Гурӯҳи расонаҳои миллӣ” хабар дода, афзудааст, дар рӯзҳои наздик ҷаласаи Шӯрои мудирони ин ширкат баргузор шуда, дар он қарорҳои зарурӣ қабул хоҳад гардид.

Кабаева давоми 6 соли охир раҳбарии Шӯрои ҷамъиятии ин ширкатро бар уҳда дошт. “Гурӯҳи расонаҳои миллӣ”-и Русия бузургтарин медиа-ҳолдинги хусусӣ дар ин кишвар аст, ки идораи шабакаи телевизионии “5-й канал” ва Рен-ТВ-ро дар ихтиёр дорад. Ин ширкат ҳамзамон соҳиби 25 дарсади саҳмияҳои Шабакаи аввали телевизиони Русия мебошад.

Инчунин, “Гурӯҳи расонаҳои миллӣ” баъзе аз саҳмияҳои “News Media”-ро дар ихтиёр дорад, ки "Известия", шабакаи Life News, нашрияҳои "Жизнь" ва "Твой день", радиои "Русская служба новостей" ва дигарон ба он тааллуқ доранд. Мақоми нави Алина Кабаева дар ҳолест, ки ахиран ӯ аз Думаи давлатии Русия хоста буд, ваколаташро пеш аз муҳлат қатъ намояд.

Номи Алина Кабаева баъд аз ҷудо шудани Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия аз ҳамсараш дар сархатти расонаҳо қарор гирифт. Дар атрофи номи ӯ овозаҳои зиёде ҳаст ва аз ҷумла дар бораи равобити романтикии ӯ бо Путин ҳадс мезананд. Худи Путин чанд бор дар мазҳари ом ин овозаҳоро рад кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG