Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Э.Раҳмон бо президенти Муғулистон


Пазироӣ аз Сахиагийн Элбэгдорж, президенти Муғулистон дар фурудгоҳи Душанбе
Пазироӣ аз Сахиагийн Элбэгдорж, президенти Муғулистон дар фурудгоҳи Душанбе

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сахиагийн Элбэгдорж, президенти Муғулистон мулоқот кардааст. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки дар ин дидор масоили ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва илмию фарҳангии ду кишвар баррасӣ шуда, ҷониби Муғулистон ба воридоти меваву сабзавот аз Тоҷикистон мароқи зиёд зоҳир кардааст.

Сахиагийн Элбэгдорж қабл аз зӯҳри 11 сентябр барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Душанбе омад. Хабарнигори Озодӣ аз фурудгоҳи Душанбе 11 сентябр иттилоъ дод, ки ҳавопвймои Сахиагийн Элбэгдорж соати 11 дар фурудгоҳи Душанбе нишаст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар нишасти сарони Шанхай, ки рӯзҳои 11-12 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, 10 президент ва 2 вазири хориҷа ширкат мекунанд.

XS
SM
MD
LG