Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабабҳои суқути ҳавопаймои МН17-ро эълон карданд


Мутахассисони ҳолландӣ гуфтанд, ҳавопаймои мусофирбари Малайзия, ки моҳи июл дар шарқи Украина суқут кард, зоҳиран бар асари зарбаи “ҷисмҳои баландсуръат” сурох ва сарнагун шудааст. Идораи амнияти парвозҳои Ҳолланд рӯзи 9-уми сентябр натиҷаҳои аввалияи таҳқиқи сабабҳои ин фалокатро нашр кард ва гуфт, “ин ҷисмҳои баландсуръат” ҳавопайморо ҳангоми парвоз пора пора кардаанд. Ба қавли мутахассисони идора, ҳеҷ аломате нест, ки мушкили фаннӣ ва ё хатои халабонҳо, боиси суқути ҳавопаймои Боинги ширкати ҳавопаймоии Малайзия шудааст. Дар ин фалокати рӯзи 17-уми июл дар наздикии шаҳри Топези Украина 298 нафар ва аксаран шаҳрвандони Ҳолланд ҷон доданд. Коршиносон маҳалли ҳодиса дар манотиқи муноқишаи нерӯҳои давлатии Украина ва ҷудоихоҳонро таҳқиқ карда ва тамоми ҷасадҳоро бурданд. Баъди ин ҷанг миёни ду тараф монеи идомаи таҳқиқи маҳҳали суқут шуд.

XS
SM
MD
LG