Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дафтари ҲНИТ дар Масчо баста шуд


Додситонии ноҳияи Масчо бо амрномаи худ бинои дафтари ҲНИТ дар ин минтақаро ба соҳиби пешини он баргардондааст. Ҳикматулло Сайфуллоҳзода, намояндаи ҲНИТ рӯзи 8 сентябр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи шанбе додситонии ноҳияи Масчо бо қарори худ бинои дафтари ҲНИТ-ро ба соҳиби пешинии он, сокини ҳамин ноҳия Исматуллоҳ Боймуллоев баргардонд. Вай мегӯяд, феълан ҲНИТ дар ноҳияи Масчо аз Дафтари алоҳида маҳрум шуд ва ҳуҷҷату дигар санадаҳо ва маводи коргузорӣ ба як хонаи истиқоматӣ интиқол дода шудааст. Зимнан Илҳом Беков, раиси бахши ҲНИТ дар Масчо мегӯяд. ки як моҳ пеш прокурори ноҳия бо амрномае дар мавриди қатъи фаъолияти дафтар огоҳинома ирсол дошта буд.

XS
SM
MD
LG