Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шуруи тирандозӣ дар наздикии Донетск


Бо шуруи тирандозӣ дар наздикии шаҳри Донетск дар шарқи Украина ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки созиши оташбас миёни ҷудоихоҳони тарафдори Русия ва нерӯҳои Украина дер намепояд. Рӯзи 5-уми сентябр ду тараф сари қатъи даргириҳо ба мувофиқа расиданд, вале бино ба гузоришҳо рӯзи 7-уми сентябр аз наздикии шаҳри Донетск садои тирандозии пайваста аз тӯпхона ба гӯш мерасид ва фавҷи дуд ба ҳаво мепечид. Тирандозӣ дар наздикии фурудгоҳи Донетск, ки дар дасти нерӯҳои давлатӣ аст, сурат гирифтааст. Ҷудоихоҳони тарафдори Русия аз моҳи май инҷониб чандин дафъа ба ин минтақа ҳамла кардаанд. Шаби гузашта низ дар шаҳри бандарии Мариупол дар соҳили Баҳри Азов, ба нерӯҳои давлатии Украина бо тӯпхона ва мушакҳои Град ҳамла кардаанд. Пештар аз ин Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфтанд, ки созиши оташбас риоят мешавад, аммо шикананда боқӣ мемонад. Ба гуфтаи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Украина, Порошенко ва Путин рӯзи 6-уми сентябр дар сӯҳбати телефоние шеваҳои “пойдор” нигаҳ доштани созиши оташбасро баррасӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG