Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Брюссел нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо шурӯъ шуд


Дар Брюссел шоми шанбе нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо шурӯъ шуд. Дар нишаст раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко ҳузур дорад.

Бар пояи хабарҳо, шояд дар ин нишаст тарҳи ташдиди таҳримҳо алайҳи Русия дар посух ба дахолати Маскав ба умури Украина пазируфта нашавад. Бар асари он ки сарони бархе аз кишварҳо аз “ҷанги сард”-и нав ва паёмадҳои номатлуб барои иқтисоди қора ҳарос доранд, аҳли нишаст аз Комиссиюни Аврупо хостори таҳияи бастаи нави таҳримҳо алайҳи Русия хоҳанд шуд.

Аммо қабл аз нишаст раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд изҳор намуд, ки "набояд вақтро талаф дод ва ба хотири ҷилавгирӣ аз ҷанги густурда таҳримҳо алайҳи Русия ҷорӣ карда шаванд". Раисиҷумҳури Литва Даля Грибаускайте даъват намуд, ки ба таври фаврӣ ба Украина кӯмаки низомӣ расонда шавад, зеро Маскав бо таҷовуз ба хоки Украина дар ҳоли ҷанг бо Аврупо қарор дорад.

Қарор аст, ки дар нишасти Брюссел номзадии раиси нави Комиссиюни Аврупо ва намояндаи нави Иттиҳодияи Аврупо дар умури сиёсати беруна тасдиқ карда шавад. Мӯҳлати ваколати Эозе Мануэл Баррозу ва Кэтрин Эштон ба поён мерасад.

XS
SM
MD
LG