Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

576 ҳазор доллар кӯмаки ИМА ба Оҷонсии зидди мухаддирот


Барномаи сафорати Иёлоти Муттаҳида оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир нашъаовари бо маблағи 576 ҳазор доллар ба Оҷонсии мубориза бар гардиши ғайриқоунини маводи мухадири назди президенти Тоҷикистон васоили низомӣ барои назорати марз дар шароити кӯҳистон кумаки ройгон намуд. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии мубориза бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди президенти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кӯмакҳои низомии Иёлоти Мутаҳидаи Амрикоро Брент Пешта, роҳбари Барномаи мубориза бар зидди маводи мухадири сафорати ИМА дар Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе ироа кард. Хушнуд Раҳматуллоев афзуд, ки ин кӯмакҳо аз кулоҳҳои низомӣ, ҷавшан, дурбинҳои назорат ҳангоми шаб ва васоили аз васоили мухобирот махсус дар шароити куҳистон иборат аст.

Ба гуфтаи оқои Раҳматуллоев, ҳамаи ин васоили фании низомӣ барои кормандони онҳо, ки сохти худи Амрико ҳастанд на сохти чиноӣ ва ё кадом кишвари дигар, мисли обу ҳаво лозим ҳастанд. Оҷонсии мубориза бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки тайи чанд соли ахир ҳукумати Иёлоти Муттаҳида дар доираи Барнома оид ба мубориза бар зидди маводи мухадири сафорати худ дар Тоҷикистон ба Оҷонсӣ барои тавонмандӣ дар амри мубориза бо қочоқи маводи мухадир кӯмакҳои муҳими фаннии бебозгашт мерасонад.

XS
SM
MD
LG