Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тими Абдулло аз бозшумории оро хориҷ шуд


Абдулло Абдулло, номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Афғонистон, аз ҷараёни бозшумории орои интихобот, ки зери назари Созмони Милал сурат мегирад, хориҷ шудааст. Муҳаммадуло Ҳайдарӣ муовини раиси ситоди интихоботии доктор Абдулло, рӯзи 27-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, агар мақомоти интихоботӣ талабҳои онҳоро иҷро кунанд, онҳо ба ҷараёни бозшумории оро бармегарданд, вале ҳаргуна қарореро, ки бе ҳузури онҳо қабул шудааст, намепазиранд. Бозшумории орои интихобот барои поён додан ба баҳси ду номзад ба мақоми раиси ҷумҳур доктор Абдулло ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай сурат мегирад, ки мегӯянд дар интихоботи рӯзи 14-уми июн пирӯз шудаанд. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон шоми 26-уми август бо ҳарду номзад мулоқот доштааст, вале ҷузъиёти гуфтугӯи онҳоро нашр накардаанд.

XS
SM
MD
LG